Абдураҳмон Қодирӣ: Хони пурфайз ва рўзгори хуррами мардум аз меҳнати кишоварз аст!...

Санаи 3 феврали соли 2017 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти раёсати Раиси вилоят, мўҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисон ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилоят, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти вилоят, роҳбарони сохторҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ҷаласа доир гардид, ки дар он натиҷаҳои соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2016 мавриди баррасӣ қарор гирифта, вазифаву нақшаҳо барои соли 2017 муайян гардиданд.

Сараввал Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз комёбиву дастовардҳои кормандони соҳаи кишоварзии вилоят дар соли 2016 зикр дошта, аз натиҷаҳои фаъолияти кормандони соҳа, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ислоҳоти соҳа, фаровонӣ ва танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар ҷаласа муовини Раиси вилоят Хоҷазода Ориф Ашўрӣ маърўза намуда, самтҳои мухталифи соҳаи кишоварзии вилоятро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Мавсуф аз ҷумла таъкид намуд, ки фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар соли 2016 баҳри татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, дар ин муддат корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

 - Яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб ёфта, ҷиҳати рушди он Барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор доранд. Дар амалӣ намудани ҳадафи мазкур саҳми кормандони соҳаи кишоварзии вилоят низ назаррас аст, - таъкид намуд муовини Раиси вилоят.

Давоми соли 2016 дар вилоят бобати беҳдошти соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи замин тадбирҳои муайян ба анҷом расонида шуданд. Дар натиҷаи меҳнати софдилонаю суботкорона кишоварзони вилоят тавонистанд, ки дар ин давра ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 6,2 млрд. сомонӣ расонанд, ки ин нишондод дар муқоиса нисбати ҳамин давраи соли 2015-ум 109,1 фоиз мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбат ба соли гузашта дар соҳаи растанипарварӣ 109,5 фоиз ва чорводорӣ 107,9 фоизро ташкил дод.

Муовини Раиси вилоят баробари дастовардҳо аз камбудиҳои соҳа низ ҳарф зада, аз ҷумла зикр дошт, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли 2016 ба масъалаи баланд бардоштани боздеҳи замин таваҷҷўҳи зарурӣ зоҳир накардаанд. Чунончӣ, ҳосилнокии ғалладонагиҳо бе назардошти ҷуворимакка барои дон соли 2016-ум 22,1 сентнериро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда хеле паст мебошад. Дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич ин нишондиҳанда 12,7 сентнерӣ, Шаҳристон 14,8 сентнерӣ, Истаравшан 17,7 сентнерӣ ва Зафаробод 19,6 сентнериро ташкил додааст.

Гарчанде ки дар истеҳсоли картошка кишоварзони вилоят солҳои охир ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида бошанд ҳам, соли 2016 дар миқёси вилоят ҳосилнокии он нисбат ба соли 2015-ум 10,4 сентнерӣ коҳиш ёфтааст. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳрҳои Панҷакент 20,9 сентнерӣ, Истаравшан 17,5 сентнерӣ ва дар ноҳияҳои Кўҳистони Мастчоҳ 19,5 сентнерӣ, Бобоҷон Ғафуров 16,2 сентнерӣ ва Деваштич 4,3 сентнерӣ кам гардидааст.

Дар бахши сабзавоткорӣ низ муаммоҳо ба назар мерасанд. Дар соли 2016 баланд шудани нархи сабзӣ ва помидор далели он аст, ки мутахассисони соҳа дар риоя намудани иҷрои дурнамои сохтори кишти сабзавот ба саҳлангорӣ роҳ додаанд. Ҳосилнокии сабзавот дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Зафаробод ва Конибодом қаноатбахш нест.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб ёфта, дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар нақши муҳим мебозад. Соли 2016 дар сохтори кишти зироатҳо вазни қиёсии пахта 19,5 фоиз буда, дар содироти маҳсулоти кишоварзӣ 70,1 фоизи маблағҳои содиротӣ аз фурўши нахи пахта ба даст оварда шудааст.

Тибқи нақша, кишоварзони вилоят бояд дар соли 2017 дар майдони 54,0 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2016 кишоварзони вилоят ҳосилнокии пахтаро ба 19,8 сентнерӣ расониданд, ки яке аз нишондиҳандаҳои назаррас дар солҳои охир ба шумор меравад. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов 23,2 сентнерӣ, Зафаробод 22 сентнерӣ, Спитамен 20,6 сентнерӣ ва Ашт 20,2 сентнерӣ ҳосил рўёниданд.

Дар давоми 3 соли охир тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, №1775 “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба азнавташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ” дар заминаи хоҷагиҳои калонҳаҷм 43 ҳазор адад хоҷагиҳои инфиродиву оилавӣ таъсис дода, дар маҷмўъ дар вилоят шумораи хоҷагиҳо ба 65 ҳазор адад расонида шуд.

Ба санаи 1 январи соли 2017 дар ҷамоатҳои деҳот 535 марказҳои хизматрасонии техникӣ, 117 адад нуқтаҳои маслиҳатдиҳӣ, 237 адад мағозаҳои маводи кишоварзӣ, 239 адад Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, 82 адад комплексҳои хизматрасонии байторӣ ва хушзоткунии чорво фаъолият мебаранд.

Санҷишҳо собит намуданд, ки то ҳол аксарияти онҳо Оиннома надоранд ва нархҳои хизматрасонӣ ба танзим дароварда нашудааст.

Дар соҳаи чорводорӣ суръати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи 107,9 фоиз таъмин гардид. Ба ҳолати 1 январи соли 2017 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 53346 тонна гўшт, 249779 тонна шир, 151,1 млн. дона тухм, 1470 тонна пашм, 1299 тонна асал ва 255 тонна гўшти моҳӣ истеҳсол карда шудааст.

Баробари ин, корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва Шаҳристон истеҳсоли тухмро нисбати нишондоди ҳамин давраи соли пешин кам намудаанд.

Тибқи маълумотҳои Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, ба ҳолати 28 январи соли ҷорӣ қарзи умумии хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳо дар назди Идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ ва шабакаҳои барқ мутаносибан 28 млн. 528 ҳазор сомонӣ ва 57 млн. 835 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, соли 2016 арзиши оби додашуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ 29 млн. 473 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 20 млн. 883 ҳазор сомонӣ пардохт карда шудааст, ки 70,9 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, арзиши барқи додашуда ба ҳолати мазкур ба 21 млн. 913 ҳазор сомонӣ баробар гардида, пардохти он бошад, танҳо 2 млн. 167 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 9,9 фоиз баробар мебошад.

Имрўзҳо дар самти омода намудани дастгоҳу пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза намудани шабакаҳои обрасонӣ дар шаҳру ноҳияҳо корҳои таъмиру барқарорсозӣ идома доранд.

 Дар соли 2016 дар миқёси вилоят 330 гектар заминҳои ғайрикишоварзӣ, 159 гектар заминҳои боир ва 250 гектар замин аз ҳисоби заминҳои соҳили дарёи Зарафшон азхуд карда шуда, дар ин заминҳо бунёди боғҳо ва кишти зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ монда шуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ солҳои охир масоҳати заминҳои хавфи холимонда аз гардиши кишоварзӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, дар ҷойҳо аз сабаби фаъолияти ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Ашт 212,4 гектар, Бобоҷон Ғафуров 147 гектар, Деваштич 371 гектар, Зафаробод 705,2 гектар, Ҷаббор Расулов 7 гектар ва Панҷакент 31 гектар заминҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд.

Давоми соли 2016 аз тарафи нозирони Кумитаи идораи замини вилояти Суғд 3334 адад ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 9733,12 гектар муайян карда, ба ҳамаи онҳо оиди бартарафкунии қонуншиканиҳо дастурҳо дода шудааст.

Бо мақсади таъмини аҳолии эҳтиёҷманди вилоят бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ то ин давра мувофиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 12,5 ҳазор гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Дар фарҷоми машварат Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз роҳбарони идораҳои кишоварзии вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, Кумитаи идораи заминсозии вилоят, Бозрасии давлатии тухмӣ дар вилоят, бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растаниҳо дар вилоят, Раёсати назорати давлатии байтории вилоят ва Идораи пиллаи вилоят пурсиш ба амал оварда, бобати беҳтар ба роҳ мондани фаъолият ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамзамон, Раиси вилоят роҳбарони соҳаи кишоварзии вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои ободониву тозагии муҳити атроф, дар сатҳи баланд доир намудани маъракаи ниҳолшинонӣ, кишти саривақтии пунбадона ва омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврўз тадбирҳои мушаххас андешанд.

Хабарнигори
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh