Ворух: аз чашм дур, ба дил наздик!

“Соли 2016 – Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” эълон шудаасту дар ин росто, агар маҳаллаи Чакак беоб бошад, пас ободонӣ аз куҷо мешавад? Бовар дорем, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва хоҷагии обрасонии шаҳр барои армуғони чунин сол ва аз паи иҷроиши супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои ҳалли мусбати муаммои ҷойдошта камари ҳиммат мебанданд!

Сароғози оғоз

Соли 1986, деҳаи Чоркўҳ. Он лаҳза дар синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи 8-солаи деҳа муаллим намерасид. Ба ин хотир аз шаҳри Исфара ва дигар деҳоти дуру наздик муаллимон ба кор ҷалб мешуданд. Аз ҷумла, аз деҳаи Ворух муаллимони ҷавон ба мактаби мо ба кор даъват шуда буданд. Дар ин қатор муаллими нуктадону сухансанҷ ва марди хеле зебову самимиву заминӣ Абдурасул Шодиев аз деҳаи Ворух ба мактаби қадимасохти мо ба кор омад. Ўро директори мактаб, Сайфиддин Мамадҷонов ва ҷонишини директор Толибҷон Сиддиқов ба синфи мо оварда, ҳамчун роҳбари синф муаррифӣ намуданд.

Мўйҳои қиргуни сиёҳ, мўйлабчаи ба худаш зебанда, шиму костюми қаҳваранги суфтаву хуб утухўрдаву покиза ва чеҳраи монои фариштагонаш дарҳол таваҷҷўҳи моро ба худ кашид. Ростӣ, то ба ин дам мани кўдак аз ин зеботар чеҳрае надида будам. Дилаш низ мисли чеҳрааш зебову беолоиш буду ба синфи мо мисли падар гармии меҳрашро бахшид. Оре, мо ҳама ҳамсинфон ўро қабул кардем мисли падари маънавӣ.

Ў ҳар рўз аз Ворух, аз масофаи 21 километр дур аз мо пештар, субҳи барвақт ба мактаб ҳозир мешуду мо-ҳамсоягони девордармиёни мактаб боз ба дарсҳо дер мемондем. Он лаҳза синфи дуюм мехондем ва то синфи чор аз ў сабақи зиндагӣ омўхтем...

Аз байн 27 сол гузашт…

Бо тақозои тақдир, кору зиндагӣ моро ба Хуҷандшаҳри бостонӣ пайваст. Ростӣ, ҳикояву афсонаҳои ибратбахши ў ҳанўз аз хотирам зудуда нашудаанд. То ба ҳол афсонаҳои аз устод Абдурасул Шодиев шунидаамро ба фарзандонам мегўям, аз нуктадонияш ба шогирдонам қисса мекунам. Ба ҳар нафаре, ки ҳамсўҳбатам мешавад, ҳатман аз як хислати фариштахўяш мегўям. Ҳанўз дар тасаввурам ў ҷавони 23-25-солаи зебову мўйҳои қиргуни сиёҳаш симояшро зеб медиҳанд.

Зеро ибтидои соли навадуми асри гузашта ў аз мактаби мо бадар рафт ва минбаъд бароям норўшан буд, ки ў қисматашро ба куҷо пайваст. Зеро аксарияти муаллимон тарки касбу кор намуда, рўй ба муҳоҷират ба самти Русия бурда буданд. Ба гумони ғолиби мани он лаҳза кўчаку кўдак низ ў шояд рўй ба муҳоҷират оварда бошад. Ҳамин буд, тасаввурам ва ҳатто то дирўзакак. Ростӣ, борҳо суроғашро гирифтам, аз мардум, аз ёру дўстони ворухиам ўро пурсон шудам. Мутаассифона ўро наёфтам. Маломат бар мани шогирди беаҳду танбалу қадрношинос, ки ўро дурусттар наҷуста будаам. Зеро тақрибан ду ҳафта қабл аз навиштани ин матлаб як дўстам зангам заду гуфт, ки суроғи муаллиматонро ёфтем: Абдурасул Шодиев дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №23-и деҳаи Ворух кор мекардааст. Ин дўст ва бисёр ҳамнишинон медонистанд, ки ман устод Абдурасулро солҳо инҷониб суроғ дорам.

Аз миён 27 сол гузашта буду ман ўро фаромўш карда натавонистам. Беҳтар агар гўям, ёди падарона, симои зебо, нуктадониву бедареғ бахшидани саводи ў маро намегузошт, ки устодро фаромўш созам. Рўзи истироҳат ба деҳа рафтам ва осемасар раҳ сўи Ворух гирифтам…

Абдурасул Шодиев: Қаҳрамоне дар мактаби №23

Раҳораҳ самти Ворух мерафтаму дилам моломоли шодӣ буд. Намедонам аз чӣ бошад, гўё кўдаке аз замин ганҷинае ёфта бошад, ман низ чунин дар дилам масаррат доштам. Тасаввури кўдаконаам ҳанўз ба хотирам буд: қомати болову чашмони барқвор, мўю абрўву мўйлаби сиёҳи устод Шодиев гўё маро истиқбол мегирифт.

Дар остонаи дари мактаби №23-и деҳаи Ворух муаллими чорпаҳлўи хушсухане маро бо илтифоти том пешвоз гирифт. Ба ў мақсади омаданамро рўшан кардам ва аз муаллим Шодиев пурсон шудам. Директори мактаб маро бо хушнудӣ ба синфхонае раҳнамоӣ кард, ки он ҷо комиссияи раъйпурсӣ будааст.

-Ана устодатон, ку бинем, мешиносед?-гўён директор бароям як чеҳраи ошнои гармеро муаррифӣ намуд.

Худоё! Ба чашмонам бовар намекунам, оби дидаам дар соғари чашмонам гирд мегардаду худамро бозмедорам, гиря гулўгирам кард. Қомати андаке хамзада, дар сар тоқӣ, мўйҳои барф барин сапед, чеҳраи каме коҳидаеро мебинам, ки дар муқобилам бо муҳаббат ба рўям наззора мекунад. Ба Худо, чӣ қадар ғафлатзада будаам, ки ҳанўз устодамро мисли синну соли ҷавонияш тасаввур мекардаам. Аммо бар хилофи тахминам, куҷо шуд мўйҳои шабгуни зебоят? Куҷо аст қомати расои даврони ҷавоният? Мўйҳоятро кадом ғами зиндагӣ шабеҳи кўҳҳои осмонбўси Ворух, ки дар шонаҳояшон барфи сафед ғарам задааст, гардондааст? Сари таъзим пеши бузургворият меорам. Маломат ба шогирде чу ман, ки аз ту дар ғафлат мондаам, устод! Пас аз 27 сол мани кўчак дар ин синни солорӣ туро ёфтам, бори дигар танбалиамро иқрор шудам, ки ин қадар масофаи дури дур ҳам неву аз аёдати ту ғофилгир будаам. Маро бубахш, устод!

Ростӣ, сараввал устод Шодиев маро нашинохт, аммо замоне, ки худро муаррифӣ кардам…

…Мо ҳамдигарро сахт ба оғўш кашидем, оғўши падаронаи ўро намехостам, раҳо кунам, то дер сари китфаш сарамро монда, ашкамро пинҳон доштам. Ў ҳамоно бузургвор буду чунин боқӣ мондааст. Баръакси тасаввурам, ки гўё тарки мактаб кардаву раҳ сўи муҳоҷират гирифтааст, билкулл ғалат баромад. Ў тўли солҳои сангинӣ низ остонаи мактабро тарк накарда будааст. Меҳру муҳаббати фарзандони мардум ўро як лаҳза ҳам аз тадриси насли наврас дур насохтааст.

Ин ҳарфҳоро муаллимоне, ки сўҳбати моро мешуниданд, ба ҷои устод Абдурасул посух медоданд, ҳама аз фурўтаниву кордонӣ ва шуҷоати ў мегуфтанд Воқеан, муаллими мактаби миёна будан ҷасорат мехоҳад, шуҷоат талаб мекунад. На ҳама тавони дар остони адабистон сапед кардани мўйро доранд. Муаллими ҷавони зебову қоматбаланди ман Абдурасул Шодиев аллакай марди солору соҳиби наберагон низ будааст. Аз сўҳбаташ аён шуд, ки аз 6 километр роҳ, аниқтараш аз маҳаллаи Чакак то ба МТМУ №23 пиёда, бо дили гарм ҳар рўз хаста нашуда, меомадааст. Чун ҳамеша аз ҳама пештар ба мактаб ҳозир мешудааст. Аҳсант мегўям, ки замонаву аксарияти мардум дигар шудаанду хислати ҳамидаи ў не. Ҳанўз сукути зебо, орифона сухан гуфтанаш, бо таҳаммул ба суолҳо посух гардониданаш ва хислатҳое, ки 27 сол қабл дида будам, ҳамоно мисли бузургвории кўҳҳои Ворух боқӣ мондааст.

Дар солҳои оғози истиқлолият аз кишвари мо садҳо, ҳазорон нафар муаллимон тарки дабистон намудаву раҳ сўйи Русия гирифтанд. Мани ғофил дар умқи хаёлоти хеш мепиндоштам, ки Абдурасул Шодиев низ дар сафи муҳоҷирон аст. Аммо қаҳрамонона ҷабҳаи маърифатро тарк накардааст. Ба хотири саводи фарзандони мардум дар оғози солҳои навадум ҳатто ба як бурида нон кор кардааст. Ҳатто бемаош низ ба муҳаббати соҳаи маориф содиқ мондаву фаъолият бурдааст. Зарур мешуморам ва пешниҳод дорам, ки муаллимони дар солҳои навадум, бахусус дар солҳои ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ ягон соат мактабро тарк накарда, аз пайи тадриси фарзандони мардум шудаанд, барои як қатор ниёзҳояшон имтиёз дода шавад. Воқеан, ин қишри Тоҷикистон қаҳрамонанд. Аз ин феҳраст устоди ман - Абдурасул Шодиев низ истисно нест, ки ифтихори шогирди ў будан насибам аст. Бароям ў ҳамосаи қаҳрамонест, ки бовар дорам, ҳазорҳо шогирдони ворастаро тарбият намудааст.

Чакак зори як  қатра об аст

Замоне аз Чакак ҳарф мезад, ҳамоно пеши назарам ҳар субҳ пиёда аз толибилмон аз масофаи 6 километр пештар ба дарс ҳозир шуданаш мароқангез буд. Пасон аз маҳаллаи Чакак пурсидам. Тавре аз сўҳбати устод Абдурасул аён шуд, 20 сол инҷониб ин маҳаллаи дурдасти Тоҷикистон бо вуҷуди дар саргаҳи об қарор доштанаш, танқисӣ аз об доштааст.

-Қаблан насосҳои обкашии истеҳсоли ҷумҳурии Чехия оварда буданд, ки аз қаъри ҷарӣ, яъне дарё об мекашид. Аз сабаби он ки кормандони техникӣ “забон”-и насосро дуруст намефаҳмиданд, насос тез-тез аз кор баромада меистод, боз бо зўри тавони тоҷикона мо онро соз мекардем. Аз соли 1995 инҷониб тақрибан сад хоҷагӣ ин ҷо кўчида омадаанд. Аз сабаби он, ки дарё дар сатҳи пасттар аз замин қарор дорад, имкони кашидани об имрўз мушкил шудааст, насоси обкашӣ кор намекунад, замини ташналаб дар айни авҷи обёрӣ беоб аст,-мегўяд бо изҳори таассуф Абдурасул Шодиев.

Воқеан имрўзҳо, ки баҳор аст ва бояд корҳои кишт оғоз ёбанд, аммо заминҳои Чакаки Ворух беоб аст, дарахту ниҳолҳо ва заминҳои аллакай побел кардашуда интизори обанд. Агар хоҷагии обрасони шаҳри Исфара дар ин самт дасти ёрӣ дароз мекард ва мушкили ин маҳалро осон менамуд, мо низ дар қатори чакакиён сипосгузор мешудем. Вагарна, бозгашт ба мавзўъ ба ин масъала дахл хоҳем кард, то замоне, ки мушкили норасоии об ҳалли худро наёбад. Зеро суоли саргарангкунандае моро азоб медиҳад, ки чаро дар саргаҳи оби дарё ин маҳал беоб мондааст? Чаро ин суол масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараро ташвиш намедиҳад? Ҳол он ки “Соли 2016 – Соли маҳалла, деҳа ва шаҳраки обод” эълон шудаасту дар ин росто, агар маҳаллаи Чакак беоб бошад, пас ободонӣ аз куҷо мешавад? Бовар дорем, мақо- моти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва хоҷагии обрасонии шаҳр барои армуғони чунин сол ва аз паи иҷроиши супориши Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ барои ҳалли мусба-ти муаммои ҷойдошта камари ҳиммат мебанданд!

Сафари Ворух бароям ҳам ангезаи нишот дошту ҳам ангезаи дарду муаммо. Нишот аз он, ки гумкардаамро ёфтам, ғамангез аз он, ки дар Чакаке муаллими пуртаҷриба Абдурасул Шодиев зист дорад, заминҳояш ба як қатра об зоранд!

Аслан мехостем, аз ин сафар чизе нанависем, аммо чунин шодиву чунин андўҳ, ки якҷоя бо ҳам омаданд, наметавонистем, ки хомўш бошем. Ба ҳар ҳол, ҳар чӣ дар ин ҷо омадааст, ангезаи сафари якрўза аз Хуҷанди бостонӣ то ба Ворухи зарзамину шеърхезу маърифатпарвар буд. Боқӣ қазоват ва камари ҳиммат аз масъулин!

Набиюллоҳ СУННАТӢ

Add comment


Security code
Refresh