Истеҳсоли чорво афзудааст, вале нарх нигаронкунанда боқӣ мемонад

Ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ,  ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад. Масъулини соҳаҳо баҳри дар амал татбиқ намудани ин чор ҳадафи стартегӣ пайваста кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дар ин бобат баҳри расидан ба аҳдофе, ки ба беҳтаршавии зиндагии сокинони кишвар мусоидат мекунанд, тадбирҳои зиёде андешида мешавад. Пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар муайян шудааст.

Баҳри амалигардонии ҳадафи мазкур аз ҷониби сохторҳои махсус корҳои мушаххас роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла, кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро бо рушди ин соҳа пешрафти соҳаи саноати вилоят алоқаманд буда, дар масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ нақши аввалиндараҷа мебозад. Аз ин ҷост, ки дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят ҷиҳати рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешиданд. Дар натиҷа ба ҳолати 1 – уми январи  соли 2025 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ шумораи чорвои калон 783,2 ҳазор сарро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,6 ҳазор сар ё 3,2 фоиз, саршумори гўсфанду буз 78,5 ҳазор сар ё 4,3 фоиз ва саршумори мурғ 1515,9 ҳазор сар ё 33,3 фоиз зиёд шудааст. Аз теъдоди умумӣ 93,8 фоизи саршумори чорвои калон ва 86,8 фоизи саршумори гўсфанду буз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.

Афзоиши саршумори чорвои калон дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Бӯстон 20,1 фоиз, Гулистон 17,3 фоиз, Истиқлол 10 фоиз, Мастчоҳ 9,3 фоиз ва Зафаробод 8,4 фоиз мебошад. 

Ба ҳолати 1 – уми январи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли гўшт дар ҳамаи бахшҳои хоҷагӣ 92838,4 тоннаро ташкил намуд, ки нисбат ба 1–уми январи соли 2024 - ум 8,2 фоиз зиёд аст. Истеҳсоли гўштро хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои

Истиқлол 1,5 баробар, Спитамен 17,4 фоиз, Мастчоҳ 16,7 фоиз, Бобоҷон Ғафуров 13,7 фоиз ва Истаравшан 12 фоиз зиёд намуданд.

Тавре аз рақамҳои оморӣ бармеояд нишондиҳандаҳо дар самти чорво назаррас аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки масъулини соҳаи кишоварзӣ барои таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштӣ чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намудаанд. Зиёд гардидани нишондиҳандаҳо ба рушди соҳа ва таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти аввалия мусоидат хоҳад кард. Вале, новобаста аз баланд гардидани нишондиҳандаҳо дар соҳаи чорво нархи гӯшт дар нуқтаҳои фурӯш нигаронкунанда боқӣ мемонад, зеро нархи як килограмм гӯшти калони шохдор 90 - 95 сомонӣ (нархи гӯшти лахм 118 сомонӣ) ва як килограмм гӯшти гӯсфанд 95 сомонӣ мебошад. 

Сабаби асосии боло рафтани нархи гӯшти чорворо соҳибкорон дар зиёд будани талабот ба гӯшти лахм маънидод карданд. Онҳо бар он ақидаанд, ки имрӯз харидорони гӯшти устухондор хеле кам гардидааст, дар ҳолати ба фурӯш нарафтани гӯшти устухондор барои фурӯшанда фоидаи кофӣ ба даст намеояд. Дар ин ҳолат фурӯшандаҳо устухони чорворо бо нархи арзон ба ошхонаву тарабхонаҳо дастрас мекунанд.     

- Талабот ба гӯшти лахм бамаротиб боло рафтааст, имрӯз аксар сокинон гӯшти устухондорро намехаранд ва бештар гӯшти лахми беравғанро интихоб мекунанд. Дар ин маврид барои мо низ устухон ва равғани боқимонда зарар мерасонад, зеро дар ҳолати сари вақт ба фурӯш нарафтани он таркибаш тез вайрон мешавад. Барои мо низ тез ба фурӯш рафтани маҳсулоти гӯштӣ ба манфиати кор аст. Баробари баланд шудани нархи гӯшт шумораи харидорон низ бамаротиб кам шудааст. Агар то боло рафтани нархи гӯшт дар як рӯз ду моли калони шохдорро забҳ кунем, ҳоло танҳо як моли калони шохдорро забҳ мекунем ва ҳатто аз он устухону равғанаш боқӣ мемонад, - гуфт соҳибкор Ҳаким Розиқов.     

Барои дар сатҳи зарурӣ таъмин кардани аҳолии вилоят бо гӯшт ва ба танзим даровардани нарх дар бозор воридоти он аз давлатҳои Россияву Қазоқистон ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои масъулини Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон 3,4 ҳазор тонна чорвои калони шохдор ба вилоят ворид шудааст.

Доир ба воридоти чорвои калони шохдор сармутахассиси бахши назорати байторӣ ва зотпарварии Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Пӯлод Мақсудов иттилоъ дод, ки дар ҳолати ворид шудани чорвои калони шохдор он тӯли 30 рӯз зери назорат ва санҷиш қарор мегирад.

- Вақте чорво ворид мешавад дар навбати аввал саломатии он аз ҷониби мутахассисони соҳаи байторӣ пурра омӯхта мешавад. Пас аз омӯзиш ба чорво шаҳодатномаи байторӣ дода мешавад. Пас аз 30 рӯзи дар карантин будан, пас аз иҷозати байтор моли воридшуда ба фурӯш бароварда мешавад. Агар чорвои воридотӣ барои забҳ бошад он дар давоми се рӯз пурра аз назорат гузаронида мешавад ва пас аз он забҳ карда мешавад.

Дар ҳолати ягон ориза пайдо шудан чорво табобат карда шуда, сипас ба

мавзеъи таъиншуда фиристода мешавад. Чорвои калони шохдори воридшуда, асосан ба шаҳру навоҳии Ҷаббор Расулов, Гулистон, Спитамен, Истаравшан, Исфара ва Мастчоҳ равона карда мешаванд, - гуфт Пӯлод Мақсудов. 

Ҷоиз ба қайд аст, ки зиёд гардидани саршумори чорво дар вилоят ва дар як вақт ворид шудани моли калони шохдор аз давлатҳои хориҷ сабаби паст шудани нархи маҳсулоти гӯштӣ бояд бошад, вале дар асл нарх бетағйир боқӣ мондааст. Болоравии нарх ба сокинон низ мушкилии зиёд овардааст ва на ҳар сокин имконияти харидан ва истеъмоли онро дорад. 

- Барои таъминоти оила бо маҳсулоти гӯштӣ бо танқисии зиёд дучор гардидам, зеро нархи гӯшт дар бозор гарон аст. Истеъмол накардани ин намуд маҳсулот имконият дорад, вале мехоҳам фарзандонам гӯшт истеъмол кунанд. Аксар вақт аз ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ки ҳар ҳафта рӯзи истироҳат дар маркази шаҳр баргузор мешавад, мехарам. Зеро дар ярмарка нархи гӯшт ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба дигар нуқтаҳои фурӯш арзон аст, - гуфт сокини 53 солаи Хуҷандшаҳр Аюбҷон Искандаров.

Дарвоқеъ, аксар сокиноне, ки гӯшт мехаранд рӯзи баргузории ярмакаро интизор мешаванд, зеро ба гуфти онҳо нарх хеле арзон ва онҳо имконият доранд гӯшти харидашударо дар давоми ду - се ҳафта захира кунанд.     

Боиси таъкид аст, ки баробари воридоти моли калони шохдор ҳамчунин воридоти гӯшти яхкардашуда ба роҳ монда шудааст. Воридоти гӯшти яхкардашуда нисбат ба гӯшти тару тоза арзон аст ва ин намуд гӯшт низ харидорони худро дорад. То ба имрӯз гӯшти яхкардашудаи моли калони шохдор ба се шаҳру навоҳии вилоят, аз ҷумла  Гулистон, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров ворид шудааст.

Тавре Пӯлод Мақсудов иттилоъ дод, баҳри таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти гӯштӣ ва ба танзим даровардани нархи гӯшт воридоти гӯшти яхкардашуда тариқи иҷозатномаи Кумита роҳандозӣ шудааст. То ба имрӯз ба вилоят 135 тонна гӯшти яхкардашуда ворид шудааст. Дар ҳолати ворид шудани маҳсулоти мазкур таркиб ва сифати он аз ташхисгоҳи вилоятӣ санҷида мешавад. Гӯшти яхкардашудаи моли калони шохдор аз давлатҳои Қазоқистону Россия ворид шудааст.

Воридоти гӯшти яхкардашуда чанд муддат аз байн рафта буд, ҳоло бошад он дубора аз ҷониби соҳибкорон дастраси аҳолии вилоят шудааст. Ин намуд гӯштро танҳо дар баъзе аз минтақаҳои вилоят ва нуқтаҳои савдо метавон дарёфт, зеро миқдори он хеле кам аст. Бино ба гуфти соҳибкорону фурӯшандагон гӯшти яхкардашудаи воридотӣ харидорон ва талабгорони худро дорад, албатта ин намуд маҳсулот нисбат ба маҳсулои тару тоза ба фурӯш рафтанаш душвортар аст, вале нархи он арзон мебошад. Ҳоло нархи гӯшт дар бозору нуқтаҳои савдо хеле боло рафтааст ва сокинон аз маҳсулоти яхкардашудаи гӯштӣ истифода мебаранд.

Аз мушоҳидаҳо ва гуфтаҳои масъулин бармеояд, ки имрӯз талабот ба гӯшт хоҳ воридотӣ бошаду хоҳ маҳаллӣ хеле зиёд аст, аз ин лиҳоз нарх бамаротиб боло рафтааст. Шояд ворид шудани моли калони шохдор ва маҳсулоти яхкардашудаи гӯштӣ боиси паст рафтани нарх мегардад. Вале, имрӯз дар бозору нуқтаҳои фурӯш арзиши маҳсулоти гӯштӣ бетағйир баланд боқӣ мемонад.         

Шаҳбону ОЛИМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh