Масъулияти бештару беҳтар мебояд

Алҳол мавсими тирамоҳ низ фаровард кардаву аз омадани зимистон дарак медиҳад. Дар мавсими имсола деҳқонону кишоварзон, аз ҷумла масъулини соҳаи беҳдошти замин ва обрасонии вилоят марҳалаи имсолаи обрасониро бо ғайрату масъулияти хоса ба аҳолӣ хизмат расониданд. Бо мақсади бештар воқиф шудан аз фаъолияти соҳаи обёрӣ дар вилоят, то кадом андоза таъмиру тармим гаштани пойгоҳҳои обкашӣ, нақшаҳо ба мавсими соли оянда обрасонӣ бо намояндаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят Ҳалимҷон Ҳоҷиев дар тамос шудем.

Тибқи иттилои номбурда аз ҷониби Раёсат давоми нӯҳ моҳи соли равон ҷиҳати омодасозии воситаҳои асосӣ ба мавсими обёрӣ ва таъминоти оби полезӣ дар давраи мавсими обёрӣ дар ҳамҷоягӣ бо Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор тадбирҳои зарурӣ андешидаву амалӣ шуд. Зикраш бамаврид аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати харидани як дастгоҳи обкашии 52В-11 бо муҳаррики барқияш барои пойгоҳи обкашии Мирзоҷӯл-2 ноҳияи Зафаробод аз ҳисоби маблағи талафи истеҳсолоти кишоварзӣ ба маблағи 10 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят 5 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Лозим ба қайд аст, ки соли 2023-юм дастгоҳи калонҳаҷми обкашӣ аз ҷониби Ширкати Хитойи ба пойгоҳи обкашии “Мирзочӯл-2” дастрас шуда, дар семоҳаи аввали соли 2024 аз тарафи мутахассисони соҳа дастгоҳи нави воридшуда васлу насб ва ба кор дароварда шуд. 

Чуноне Ҳ.Ҳоҷиев мегӯяд соли 2024-ум чун солҳои қаблӣ ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода сохтани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонии вилоят, бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷетӣ вилоят 12,5 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида, аз он ба шаҳри Конибодом 2,5 миллион сомонӣ, ноҳияи Зафаробод 3 миллион сомонӣ, ба ноҳияи Мастчоҳ 3 миллион сомонӣ, ба ноҳияи Ашт - 500 ҳазор сомонӣ ва ба ноҳияи Спитамен 3,5 миллион сомонӣ ҷудо шуда, ин маблағҳо барои рушди соҳаи обрасонӣ масраф шуданд.

Ҳамчунин маблағҳои ҷудогардида дар соли 2024-ум дар ноҳияҳои Зафаробод, Мастчоҳ ва Ашт  барои харидории қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳои молиданӣ ва омодасози иншооти обрасонии ноҳияҳо равона карда шуд.  

Чуноне ҳамагон воқифанд солҳои пешин бинобар норасоиву ҷойдоштани камбудиҳо дар соҳаи обрасонии полезӣ дар шаҳри Конибодом кишоварзонро  нигарон кардаву басо муаммоҳо ба миён омаданд. Соли равон аз маблағҳои чудошуда ба минтақаи мазкур се дастгоҳи обкашӣ барои пойгоҳи обкашии Маҳрам-1 харида ва саривақт васлу насб шуд, ки он боиси ба эътидол омадани вазъияти обрасонӣ гардид.

Дар ноҳияи Спитамен харидории ду дастгоҳи обкашӣ ба пойгоҳҳои обкашии “Новая” ва “Нов-1” як ададӣ ва ба ноҳияи Мастчоҳ бошад, харидории ду дастгоҳи обкашӣ барои пойгоҳи обкашии “Янтоқ” ва “Янтоқ-2” як ададӣ  корбарӣ идома дорад.

Чун аз масъулин ҷиҳати корҳои омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонаи солҳои 2024-2025 пурсон шудем, гуфта шуд, ки ҷиҳати амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва Фармоиши Агентӣ «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» аз ҷониби Раёсат ва идораҳои зертобеъ як қатор тадбирҳои зарурӣ  роҳандозӣ шудаанд.

Алҳол масъалаи асосие, ки мадди назари масъулин қарор дорад, ин андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати ба мавсими обрасонии соли 2025 омодасозии воситаҳои асосӣ мебошад. Бо ин мақсад нақша-чорабинӣ дар давраи тирамоҳу зимистонаи солҳои 2024-2025 тартиб дода, аз якуми октябри соли равон корҳои омодагӣ  ба мавсими обрасонии соли 2025 оғоз гардид.

-Аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи нӯҳ моҳ якқатор корҳо, аз ҷумла тоза намудани хатти шабакаҳои обёрӣ - 100,9 фоиз, тозагардонии хатҳои заҳбуру заҳкаш-100 фоиз, таъмири дастгоҳҳои обкашӣ- 100 фоиз, таъмири сулул (ячейка) -100 фоиз, таъмири иншооти гидротехникӣ -100 фоиз, таъмири воситаи ченаки об -100 фоиз ба иҷро расонида шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар  давраи ҳисоботи сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта, идораҳо ва ташкилоти зертобеи Раёсат ҷиҳати саривақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасонӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардиданд, - изҳор дошт Ҳ.Ҳоҷиев.

Ҳамзамон масъулин яке аз масоили мубрами дигари соҳа, аз ҷумла  хизматрасонии обрасонӣ ва ҳаққи пардохти онро шарҳ дода таъкид доштанд, ки дар давраи мавсими имсола ба кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят  ба миқдори 1242,6 миллион м3 яъне ба арзиши наздик 62 миллион сомонӣ обрасонӣ шуда, аз ҷониби истифодабарандагони об ба ҳолати якуми октябри соли равон – 9776,7 ҳазор сомонй пардохт шудааст. Дар ин давра қарзи истифодабарандагони об аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ бо усули афзоиши 130  миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда мувофиқи ноҳияҳои Зафаробод – 40,8 миллион сомонӣ, Мастчоҳ – 30,4 миллион сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров – 12,5 миллион сомонӣ, Конибодом – 7,8 миллион сомонӣ, Панҷакент (Зарафшон) –12,8 миллион сомонӣ, Спитамен – 8,2 миллион сомонӣ, Ҷаббор Расулов- 3,1 миллион сомонӣ, Исфара - 6,1 миллион сомонӣ  ва МД канали Хоҷабоқирғон 3,1  миллион сомониро ташкил медиҳад.

Барои таъминоти оби полезӣ дар миқёси вилоят ба майдони беш аз 186 ҳазор  гектар бо 94 ассотсиатсияи истифодабарандагони оби полезӣ, 47 ҳазору 143 адад истифодабарандагони об шартномаи хизмати обрасонӣ баста шудааст.

Тибқи маълумоти масъулин дар миқёси вилоят 180 ассотсиатсияи истифодабарандагони об фаъолият дошта барои ба танзим даровардани фаъолияти корӣ ва камхарҷ намудани нигаҳдории онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об муттаҳид карда шуда, шумораи онҳо то 95 адад расонида мешавад.  Дар самти ҷамъоварии саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ, гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ ва ворид намудани хочагиҳо ба барномаи билингӣ ва гирифтани айди номер камбудиҳо  ҷой доранд.

Оид ба иҷрои банди 2 сархати 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 №142 Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фармоиши Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №27 аз 31-уми марти соли 2023 дар бораи пардохти ҳаққи хизмати обрасонии тариқи ғайринақдӣ аз тарафи Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят якҷоя бо ҷалби Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони оби полезӣ оид ба ҷамъоварии саривақтии ҳаққи хизмати обрасонӣ, гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ ва ворид намудани истифодабарандагони оби полезӣ ба барномаи билингӣ ва гирифтани айди номер аз тарафи истифодабарандагони оби полезӣ  корбарӣ шуда истодааст.

Дар мавриди рӯёнидани маблағи пардохти хизматрасонӣ гуфта шуд, ки бо мақсади ситонидани маблағи қарзи истифодаи оби истифодашуда аз ҷониби Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли равон бо дарназардошти солҳои пешин ба мақомоти суд ва прокуратура ба маблағи 29,5 миллион сомонӣ мавод пешниҳод шуданд. Аз он ҳамагӣ ба маблағи 5,8 миллион сомонӣ пардохт шуда, ба маблағи 23,6 миллион сомонӣ мавод мавриди баррасӣ қарор доранд.

Дар ин самт дар давраи ҳисоботӣ  дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳолати мелиоративии 3549 гектар заминҳои кишоварзӣ  бо маблағи наздик 3 миллион сомонӣ беҳтар карда шуд, ки 61 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят идома дорад.

Тибқи ҳисоби мутахассисони Идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо барои омода намудани иншооти обрасонӣ ба мавсими обёрии соли 2025 зиёда аз 18 миллион сомонӣ маблағ лозим мебошад, ки аз он  барои тоза намудани хатти шабакаҳои обрасонӣ 4,8 миллион сомонӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо 1,76 миллион сомонӣ, таъмири дастгоҳҳои обкашӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ва таъмири иншооти гидротехникӣ 947 ҳазор сомонӣ маблағ лозим мебошад.

-Бо назардошти ҳамаи омилҳои соҳавӣ масъулини соҳаи обрасонии  вилоят азм доранд, ки ба мавсими навбатии обрасонӣ хуб омодагӣ дида, кишоварзонро саривақт бо об таъмин кунанд.

Аён аст, ки танҳо аз меҳнати пурсамару пурмасъули миробону намояндагони соҳаи обрасонӣ деҳқонону кишоварзон метавонанд ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, дар болоравии сатҳи иқтисодии зиндагии мардум мусоидат намуда бошанд. Аз ин рӯ шароити иқтисодӣ тақозо дорад, ки  масъулини соҳоти дахлдори шаҳру навоҳии вилоят саривақт муаммоҳои мавҷударо ҳаллу фасл намудаву дар иҷрои вазифаҳои худ масъулиятро бештару беҳтар намоянд.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh