Натиҷаи меҳнати софдилонаи марди деҳқон

Картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Ин навъи зироатро мардум нони дуюм медонанд ва талабот ба он хеле зиёд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари аграрӣ мебошад ва аз ин лиҳоз кишту парвариши картошка васеъ ба роҳ монда мешавад. Иқлиму об ва хоки ҳосилхези он ба кишоварзон имконият медиҳад, ки ин намуди зироатро хуб кишт намуда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.

Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои картошкапарвари ҷумҳурӣ ба шумор рафта, минтақаҳои доманакӯҳӣ он барои парвариши картошкаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва истеҳсоли тухмиҳои хушсифат мутобиқ мебошад. Ҳамасола барои истеҳсоли барзиёди ин навъи маҳсулот майдони киштӣ он васеъ мегардад. Ҳамин аст, ки соли 2024 кишоварзони вилоят дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони  28 ҳазор 940 гектар кишти картошкаро ба роҳ монда буданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 3603 гектар зиёд мебошад.

Фасли тирамоҳ мавсими ғунучини ҳосили киштнамудаи марди деҳқон аст. Кишоварзони вилоят тухмиҳои киштнамудаи худро аллакай ҷамъоварӣ намуда, дар анборҳои захиравии худ захира намудаанд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд картошкапарварони пуртаҷрибаи вилоят имсол то санаи 1-уми ноябри соли равон 640 ҳазору 033 тонна картошкаи хушсифат ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 ҳазору 843 тонна зиёд мебошад.        

Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Деваштич, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар кишту парвариш ва истеҳсоли картошкаи хушсифат саҳми назарраси худро мегузоранд.  Алалхусус картошкаи истеҳсолнамудаи кишоварзони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Деваштичро на танҳо сокинони вилоят, балки сокинони ҷумҳурӣ низ истифода менамоянд. Зеро ноҳия дар минтақаи доманакӯҳ ҷойгир буда, иқлимаш баро парвариши картошкаи хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мутобиқ аст.

Кишоварзон аз ҳисоби заминҳои дар ихтиёри худ дошта, тухмиҳои хушсифатро кишт менамоянд ва аз он ҳосили фаровон ба даст меоранд. Соли равон бино ба иттилои масъулини кишоварзии вилоят бо мусоид омадани вазъи ҳаво кишоварзони ноҳияи Деваштич тавонистанд, дар майдони 8175,4 гектар кишти картошка гузаронанд, ки нисбат ба соли гузашта майдони кишт беш аз 800 гектар зиёд гардидааст.    

Алҳол деҳқонони ноҳия ҷамъоварии картошкаро ба пуррагӣ ба итмом расонидаанд.  Имсол дар ноҳия истеҳсоли картошка хеле хуб ба роҳ монда шуда, кишоварзони ноҳия тавонистанд дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ  225 ҳазору 159 тонна картошка истеҳсол намоянд. Соли гузашта ин нишониҳанда 200 ҳазору  794 тоннаро дар бар мегирифт. 

Ноҳияи Шаҳристон низ дар бахши кишоварзӣ натиҷаҳои назаррасро доро мебошад. Иқлими он барои кишти картошка мутобиқат мекунад. Заминҳои обӣ асосан барои кишти картошка, сабзавот, полезиҳо, мева ва токзор истифода бурда мешаванд. Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳияро сабзавоткорӣ, картошкапарварӣ, галлакорӣ ва чорводорӣ  ташкил медиҳанд.

Соли равон кишоварзон дар майдони 2451,5 гектар картошка кишт намуда, аз он беш аз 50 ҳазор тонна картошка истеҳсол намудаанд, ки истеҳсоли картошка нисбат ба соли гузашта беш аз ду ҳазор тонна зиёд мебошад.

Дар ноҳияҳои картошкапарварии вилоят кишоварзон тухмиҳои серҳосили “Алладин”, “Пикассо”, “Кординал” “Овчӣ”, “Нуринисо”, ”Овчӣ – Ғончӣ” ва дигар намудҳоро кишт менамоянд.

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ низ ноҳияи кӯҳӣ буда, деҳқонон картошкаҳои хушсифат истеҳсол мекунанд. Гарчанде, ки заминҳои корам дар ноҳия кам бошад ҳам, лекин аз сабаби ҳосилхез будани заминҳояшон сокинон ҳосили баланд ба даст меоранд. Соли равон дар ноҳия дар майдони беш аз се ҳазор гектар замин кишти картошкаро ба роҳ монда буданд.

Иқлим ва ҳавои начандон гарми ноҳия, инчунин интихоби тухмиҳои хушсифат ва серҳосил боис гардид, ки то санаи болозикр кишоварзон 129 ҳазору 321 тонна картошкаи хушсифат ҷамъ оварданд. Истеҳсоли картошка нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 ҳазору 662 тонна зиёд аст.    

Бино ба иттилои масъулини соҳа ҳамчунин, истеҳсоли барзиёди картошка дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан - 65571 тонна, Исфара - 30005, Панҷакент – 81521 ва ноҳияи Айнӣ – 22268  тонна ба қайд гирифта шудааст.  

Саҳми ноҳияи картошкапарвари вилоят дар таъмини бозорҳои дохилии кишвар бо маҳсулоти худӣ назаррас мебошад. Деҳқононро мебояд барои истеҳсоли картошкаи хушсифати ватанӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, баҳри қонеъ гардонандани талаботи сокинон ҳамаҷиҳата кӯшиш намоянд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд” 

Add comment


Security code
Refresh