Истифодаи оқилонаи замин дар мадди аввал

Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талоши хоҷагидорони шаҳри Панҷакент, инчунин татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ имкон фароҳам овард, ки замин самаранок истифода карда шавад ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат низ таъмин гардад.

Дар сурати мутобиқ ба талаботи меъёрҳои рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ҳар як ваҷаб замини корам, шароит фароҳам меояд, ки Панҷакент бо он имкониятҳои доштаи худ дар баробари таъмини аҳолии шаҳр бо аксари маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамзамон, содироти муътадили онро ба роҳ монад.

Деҳқонону кишоварзони шаҳр мутобиқ ба дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар, ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани боздеҳи ҳар як ваҷаб замину дар як мавсим рӯёндани ду-се ҳосил қадамҳои эътимодбахш мегузоранд. Дар ҷараёни сафари эҷодӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии Панҷакент, ки феълан 5 ҳазору 270 ададро ташкил медиҳад, ин иқдоми хуш бештару беҳтар ба мушоҳида расид.

Ибоддуло Мутаиллоев, сардори Раёсати кишоварзии шаҳр бо қаноатмандӣ иброз медорад, ки дар ҳамаи ҷамоатҳо ҳар як ваҷаб замин аз ҷониби сокинон самаранок истифода мешавад. Ҷиҳати тақвият бахшидани гуфтаҳои худ ӯ моро назди як қитъаи замине овард, ки хурду калон ба ҷамъоварии ҳосили сабзӣ, лаблабу, қаланфури булғорӣ машғул буданд.

Ҷавоне, ки худро Рустам Зарифзода муаррифӣ кард, чунин гуфт: “Чанд сол боз 0,90 гектар заминро дар Хоҷагии деҳқонии Деваштичи Ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан ба иҷора гирифта, ба парвариши сабзавот машғулам ва ҳосили хуб ҳам мегирам. Манфиати хуби молиявӣ мусоидат кард, ки акнун дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ наравам”.

Мувофиқи маълумоти оморӣ соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр дар майдони беш аз 150 ҳазор гектар кишти баҳории зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 103,5 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил медиҳад. Аз кишти гузаронидашуда 11369,5 гектар ғалладонагӣ, аз он ҷумла 2781,5 гектар гандум, ҷав 3882,5 гектар, шолӣ 2275,3 гектар ва 2418,2 гектар лӯбиёгиҳо, ҷуворимакка барои дон 908,5 гектар, зироатҳои равғандеҳ 1219,1 гектар, аз он ҷумла офтобпараст 607,53 гектар ва зағир 559,25 гектар, маъсар 6 гектар, сабзавот 2113,4 гектар, аз он ҷумла пиёз 581,3 гектар, картошка 3080 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 3335,9 гектарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба майдони 11645 аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 8531 гектар ғалла дарав шудааст, ки аз майдони ғаллаи даравидашуда зиёда аз 36278 тонна, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 29235 тонна истеҳсол шудааст, ки ҳосилнокии ғалладонагиҳо ба ҳисоби миёна 31,1 сентнерӣ, аз ҷумла ҳосилнокии ҷаву гандум 35,8 сентнерро аз як гектар ташкил менамояд.

Ҳамчунин, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ картошка - 73556 тонна, аз он дар хоҷагиҳо кишоварзӣ 55178 тонна, сабзавот - 70478 тонна, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 45590 тонна, полезиҳои хӯрока 2028 тонна, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 1871 тонна, мева 3140 тонна, аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 2240 тонна, ангур 1316 тонна аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 1871 тонна ва зироатҳои равғандеҳ 1082 тонна истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 6058 тонна ғалладонагиҳо, 901 тонна гандум, 17329 тонна картошка ва 16073 тонна сабзавот, 189,1 тонна зироатҳои равғандеҳ зиёд буда, инчунин дар ҳамаи шаклҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ 2083 тонна мевагиҳо аз он дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 1713 тонна мевагиҳо ва 68 тонна ангур зиёд истеҳсол шудааст.

Баҳри ба роҳ мондани истифодаи самараноки замин ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин мусоидат намудан ба таъмини амнияти озуқаворӣ тибқи ҳисоботҳои оморӣ ба санай 1-уми сентябри соли ҷорӣ ба майдони 2639 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 101 гектар зиёд мебошад.

Дар шаҳри Панҷакент бунёди боғу токзори нав 18 гектар, аз он 16 гектар боғ ва ду гектар ток бунёд карда шудаст. Барқароркунии боғҳои кӯҳна 23 гектар, аз он ду гектар токзор ташкил медиҳад.

Шумораи сардхонаҳои мавҷуда дар шаҳр шаш адад бо иқтидори 1650 тонна мавҷуд буда, соли ҷорӣ сардхонаи нав бо ғунҷоиши нигоҳдории 900 тонна дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ба кор шурӯъ менамояд.

Ҳоло дар шаҳри Панҷакент дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 44 гармхонаи доимиамалкунанда бо масоҳати 14 ҳазор метри мураббаъ мавҷуд мебошад.

Соли ҷорӣ бо ҳамин мақсад ду гармхона бо масоҳати 900 метри мураббаъ дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина, як адад бо масоҳати 500 метри мураббаъ дар Ҷамоати деҳоти Хурмӣ ва ду гармхона бо масоҳати 360 метри мураббаъ дар хоҷагии деҳқонии ба номи М. Қиёмови Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, дар маҷмӯъ дар масоҳати 1760 метри мураббаъ гармхона сохта шуда, айни ҳол ба парвариши помидор, бодиринг ва гул машғул мебошанд.

Тибқи супориш бунёди як гармхонаи замонавӣ дар кооперативи тиҷоратии ба номи С.Нишонови Ҷамоати деҳоти Саразм ба масоҳати як гектар дар назар буда, корҳои лоиҳавӣ ба охир расонида шудааст.

– Дар аксари заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ сабзӣ кишт мешавад, зеро иқлими минтақа ба серҳосилии он мувофиқат мекунад. Умуман, пас аз ҷамъоварии ҳосил, кишоварзони шаҳру деҳоти Панҷакент боз дар замин кишти навъҳои гуногуни маҳсулотро ба роҳ мондаанд. Масалан, дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Халифа Ҳасан, Саразм ва Лоиқ Шералӣ сабзӣ, ҳамчунин, турбу шалғам, ки парваришашон чандон мушкил нест, зиёд кишт шудааст, - мегӯяд И.Мутаиллоев.

Дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ ва Халифа Ҳасан, ки заминҳояшон дар ду тарафи роҳи Айнӣ – Панҷакент воқеъ аст, ҷамъоварии қаламфури булғорӣ, помидору бодиринг ва дигар намуди сабзавот идома дорад. Ҳамарӯза аз хоҷагиҳои деҳқонии “Сомониён” ва “Исматулло”-и деҳоти Лоиқ Шералӣ зиёда аз ду тонна қаланфури булғорӣ ва помидор ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд интиқол дода мешавад. Дар замини хоҷагиҳо ҳосили пиёз омода асту рӯзҳои наздик ҷамъоварии он оғоз хоҳад ёфт.

Кишоварзон бо назардошти имтиёзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо риояи дурусти қоидаҳои агротехникӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оранду дар таъмини оила ва бозору амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.

 Нодир ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh