Содироти маҳсулоти кишоварзӣ

Имрўзҳо дар ноҳияҳои Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом ҷамъоварии гелос ва зардолуи пешпазак идома дошта, дар баробари таъмини бозори дохилӣ навад фоизи ҳосил дар шакли тару тоза бо банду басти мутобиқ ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад. Имсол ҳосил фаровон буда, дар марҳалаи оғози ҷамъоварии мева нишондиҳандаҳои ҳаҷми содирот назаррас арзёбӣ мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафарҳои кории худ ба вилояти Суғд, ноҳияи Аштро макони меваҳои шаҳдбор унвон карда, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда кишоварзонро ба рушди бемайлони соҳаи боғдорӣ ҳидоят месозанд. Таъкид мекунанд, ки дар баробари  васеъ кардани майдони боғу токзори замонавӣ бунёдшуда ва истеҳсоли меваи фаровон ба коркарди ниҳоии он - истеҳсоли шарбату консервҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, ба ин васила ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд.

Боғдорони ноҳияи Ашт бо оғози ҷамъоварии ҳосили нав тавонистанд аз санаи 15-уми май то инҷониб 2 ҳазору 110 тонна, аз ҷумла зардолуи пешпазак 2 ҳазору 33 тонна, гелос 77 тонна ба хориҷи кишвар содирот намоянд, ки аз он ба Федератсияи Русия 1 ҳазору 474 тонна, Ҷумҳурии Қазоқистон 558 тонна содирот шуд. Ҳоло як кило зардолу вобаста ба шаклу ҳаҷм аз 5 то 7 сомонӣ ва гелос аз 15 то 20 сомонӣ арзиш дорад. Ҳамзамон, боғдорони ноҳияи Ашт рўзҳои наздик ба ҷамъовариву содироти зардолуи дерӣ ва гелос шурўъ мекунанд.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди содироти зардолу дар ноҳияи Ашт инфрасохтори маҳсулоттайёркунӣ фаъолияти назаррас дошта, равзанаи ягонаи амалиёти содиротӣ назорат ва барасмиятдарории гумрукии маҳсулоти содиротшаванда ташкил карда шудааст. Бархурдорӣ аз имтиёзҳо, ташкили долонҳои сабз ва долони содакардаи гумрукӣ соҳибкоронро ҷиҳати афзоиши интиқоли зардолу ба хориҷи мамлакат ҳавасманд намудааст ва анҷоми ин тадбирҳои муҳим имкон медиҳад, ки ҳосили боғот беталаф ҷамъоварӣ ва ба харидорони хориҷӣ пешниҳод карда шавад.

Тибқи иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳия майдони боғи зардолу дар ҳамаи шаклҳои  хоҷагидорӣ беш аз 20 ҳазор мавҷуд буда, аз ин 13 ҳазор гектараш ҳосилдиҳанда ва 570 гектараш навъи пешпазаки содиротӣ мебошад. Ҳамчунин, майдони боғи гелос 56 гектар мебошад.

Айни ҳол дар ноҳия беш аз 5 ҳазору 700 хоҷагии инфиродию деҳқонӣ ба нигоҳубин ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили зардолу машғуланд. Бояд гуфт, ки боғҳои зардолуро асосан, дарахтони  навъҳои муқаррарии мирсанҷалӣ, исфарак ва бобоӣ, ки ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошанд, ташкил медиҳад.  Мувофиқи маълумотҳои интизорӣ дар боғоти ноҳия 3000 тонна меваи содиротӣ, яъне зардолу муайян шудааст.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар давоми солҳои охир бо бунёди боғоти гелос содироти ин намуди мева ба давлатҳои хориҷ зиёд шудааст. Ҳоло гелос пухта расидааст ва бештари ҳосили боғоти намунавӣ содирот мешавад.

Бино ба иттилои Убайдулло Оқилзода, мудири бахши намояндагии Агентии содирот дар вилоят моҳҳои январ- апрели соли 2024 аз вилоят ба маблағи 350 миллион доллари ИМА молу маҳсулот содирот шуда, 5 фоиз ё 17,5 миллион долларашро содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил менамояд.

Боиси қайд аст, ки бо фаровон омадани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла зардолу барои сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил ва содироти он бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ноҳияи Ашт равзанаи ягонаи шабонарўзии амалиёти содиротӣ, назорат ва барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда ташкил карда шуд. Ин имкон медиҳад, ки содироти бемайлони маҳсулот амалӣ гардад.

Аз вилоят 47,2 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 2176,7 тонна зардолуи тару тоза ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки 1581 тоннаи он ба ноҳияи Ашт рост меояд.

Инчунин, дар 5 моҳи соли 2024 коркарду содироти хушкмева ва консерва афзоиш ёфт. Дар ин давра 36246 тонна хушкмева ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13710 тонна ё 1,6 маротиба зиёд аст.

Айни замон, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен 8 нуқтаи логистикии қабул, коркард ва содироти пиёз мавҷуд буда, иқтидори қабули яквақтаинаи онҳо зиёда аз 10 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Ҳамасола, қисми бештари пиёзи барвақтӣ ба ин марказҳо интиқол ёфта, аз ҷониби занону бонувони маҳаллӣ сарчин ва бандубаст ва ба давлатҳои Қазоқистону Русия содирот мешаванд.

Тибқи маълумоти фаврии раёсати минтақавии гумрук дар вилоят, 6372 тонна пиёз содирот шудааст.  Боиси қайд аст, ки талаботи харидорони хориҷӣ, аз ҷумла давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ба маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тозаи истеҳсоли маҳаллӣ рўз аз рўз афзуда, мунтазам ба кишварҳои Чехия, Олмон, Полша, Австрия, Литва, Италия ва давлатҳои дигар содирот мегардад. Чунончӣ, ба ин давлатҳо давоми 5 моҳ, аллакай, 411 тонна маҳсулоти кишоварзӣ (хушкмева, мағзи донак ва ангур) содирот шуданд.

Инчунин, нахустин маротиба ба қитъаи Африқо, аз ҷумла давлати Африқои Ҷанубӣ  40 тонна хушкмеваи маҳаллӣ аз ҷониби ширкати «Исфарафуд»-и шаҳри Исфара содирот гардид.

Ҷоизи таъкид аст, ки фарогирии содироти маҳсулот аз вилояти Суғд мунтазам афзуда, ҳамасола зиёда аз 100 намуд маҳсулот содирот мегардад. Ба  ҳолати  якуми  майи соли  2024  аз вилоят ба 30 давлат маҳсулот содирот шудааст.

Барои интиқоли саривақтии пиёз, аз ҷумла ҷиҳати барасмиятдарории маҳсулоти содиротшаванда саҳми кормандони минтақавии гумрук дар ноҳияи Ҷаббор Расулов назаррас аст.

Имрўз соҳибкорон аз тарафи кормандони гумрук тариқи максималӣ дастгирӣ меёбанд.

Ба таъкиди кишоварзон ва соҳибкорон имсол ҳосили пиёз фаровон аст ва талабгорони ин намуди маҳсулот дар хориҷи  кишвар низ зиёд мебошад.

Соли равон хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз ҳисоби кишту парвариши пиёзи барвақтӣ ҳаҷми содиротро зиёд менамоянд, зеро хоҷагидорони ноҳияҳои Бобоҷон  Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов дар самти содироти пиёзи барвақтӣ имконияти бештар доранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh