Шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ дар Панҷакент
- Details
- Published on Friday, 07 June 2024 11:35
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳоти шаҳри Панҷакент бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла кишти картошка шинос гардид.
Кишоварзони деҳоти Панҷакент тибқи нақша соли равон дар 3900 гектар замин кишти картошкаро ба роҳ мемонанд ва то имрӯз 2525 гектар картошка кишт шудааст. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани корҳо аз дигар минтақаҳо 4000 тонна тухмии картошка ворид карда шуда, бо истифода аз имкониятҳо масъулин ва деҳқонон ният доранд, ки истеҳсоли картошкаро то 100 ҳазор тонна расонанд.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳр, масъулини соҳаи кишоварзӣ ва кумитаи замин дастур дод, ки нақшаи кишти картошка ҳарчи зудтар иҷро карда шавад.
Дар идомаи боздид роҳбари вилоят сохтмони гармхонаи замонавиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Гармхона дар масоҳати 1 гектар сохта шуда, дар парвариши сабазавот таҷҳизот ва таҷрибаи Кореяи ҷанубӣ истифода бурда хоҳад шуд.
Бино ба маълумоти масъулин дар шаҳр 44 гармхона мавҷуд буда, дар ҳоли ҳозир сохтмони 3 гармхона бо масоҳати умумии 5 гектар идома дорад.
Дар маҷмуъ, дар шаҳри Панҷакент барои истифодаи самараноки замин ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, деҳқонону соҳибкорон барои саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ меҳнат мекунанд.
Гуруҳи соҳибкорон барои обёрии заминҳо чораҳо андешида, аз дарёи Зарафшон бо кашидани хати об заминҳоро сероб намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар ҷамоати Саразм чунин як тарҳ амалӣ гардид, ки дар натиҷаи ҳолати обёрии 100 гектар замин беҳтар карда шуд.
Раиси вилоят амалисозии чунин лоиҳаҳоро муҳим шуморида, супориш дод, ки бояд аз захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, ки дар минтақа фаровон аст, самаранок истифода бурда шавад.
Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд