МЕВАҲОИ ШАҲДБОР - ЗЕБУ ТАРОВАТИ ДАСТАРХОН

Соли равон мусоид омадани обу ҳаво боис шуд, ки ҳосили қариб ҳамаи намудҳои меваву сабзавот, ғалладонагиҳо, умуман зироатҳои кишоварзӣ фаровон аст. Бахусус, ғуч‐ғуч мева бастани зардолу дар ҳазорон‐ҳазор гектар боғоти вилояти Суғди бостон боиси хушҳолӣ ва ризомандии мардум ва деҳқонон гашт.

Тавре рақамҳо шаҳодат медиҳанд, боғдорони вилоят бештар аз 88 ҳазор тонна ин навъи меваро ҷамъоварӣ намуданд, ки назар ба солҳои пешин ҳафт‐ҳашт маротиба афзун аст. Ин, албатта, сарчашмаи ризқу рӯзии сокинон, боиси даромади оилавӣ ва аз ҳама асосиаш, дармони сад дард аст.

Феълан, дар навоҳии дурдасти Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва баъзе дигар манотиқи вилоят ҷамъоварии зардолу идома дорад. Давоми шаш моҳи соли равон ба мамлакатҳои хориҷа ба маблағи 18 миллион доллар хушкмева содирот гардидааст. Яъне, таъми меваҳои хушлаззату шаккарини вилояти моро сокинони чандин кишвари олам чашидаанду баҳра бурдаанд.

Воқеан, ҳар як сабза, шукуфа, гиёҳ, мева, сабзавот, ки дар сарзамини биҳиштосои мо‐Тоҷикистони азиз мерӯяд, хосияти шифобахширо дорост.

Аз ҷумла, яке аз онҳо зардолу аст, ки ҳусни боғи тоҷик аз ин мева дучандон аст. Баҳор дар сарзамини мо аз гули зардолу оғоз меёбад. Боғоти зардолу, бахусус, дар шаҳру навоҳии вилояти мо бисёр аст ва аввали баҳорон, вақте ин боғот ғарқи гул мешавад, бо ҳусни дилангези худ ба дилҳо суруру эҳсоси наҷиб мебахшад. Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамин нуктаро махсус таъкид намудаанд, ки ҳусни боғоти зардолуи Суғдзамин дар қаламрави мамлакатамон бо зебоию дилрабоии худ нотакрор аст ва ба табиати биҳиштии Тоҷикистони азиз таровати дигар ато мекунад.

Мардуми шаҳри Хуҷанд аз қадимулайём дар ҳавливу боғоти худ дарахти зардолуро парвариш менамуданд ва ин мева ва намуди хушккардаи он ‐ қоқро тамоми фасли сол, ҳатто ба ҷои қанду ширинӣ истеъмол менамуданд.

Зеро зардолу, бахусус навъи қандаку мирсанҷалии он наваду ҳафт фисад моддаи сахароза дорад. Навъи қандаку мирсанҷалӣ барои афзудани неруву қувва ба дил нафъовар аст, ҳамчунин он ба тани кас фараҳ мебахшад.

Чуноне сокинони калонсоли шаҳри Хуҷанд ва деҳоти атрофи он нақл мекунанд, зардолу ва қоқ мардумро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз гуруснагӣ ҳифз намудааст ва он солҳо мардум зардолу, қоқ, мураббои ин меваро бисёр истеъмол мекарданду тавассути хосиятҳои шифобахшии он аз тамоми дарду ранҷҳо эмин буданд.

Намуди баргаку хурмоӣ зеби дастархон аст ва то дер таровату маззаи худро гум намекунад. Аз ин лиҳоз, алҳол баҳри содирот мусоид буда, асосан ҳамин навъҳо ба мамолики дуру наздик фиристода мешаванд. Соли гузаштаву имсол ҳазорҳо тонна меваи хушки зардолу, ҳатто, ба Амрико бурда шуд.

Навъи зардолуи обак бошад, барои сактаи қалб шифову давои хуб аст. Ҳезуми дарахти зардолуро ба сандалӣ лахча карда гузоранд ва ба он пойҳояшонро доранд, ба дарди пойҳо шифо мебахшад. Ин меваи биҳиштиро мардуми шаҳри Хуҷанду деҳаҳои атроф барои хусусиятҳои беҳтарини шифобахшиаш асрҳои аср парвариш мекунанд, бо навъҳои беҳтарин пайванд ва боғоти ин меваро сол аз сол афзоиш дода, дар шароити обу ҳавои номусоид тадбирҳои мушаххас андешида, онро хеле эҳтиёту ҳифз менамоянд.

Ба қавле, ҳезуми зардолу ба дарди по даво бошад, шонаи аз чӯби ин дарахт тайёркардашуда мӯи бонувонро аҷаб ҷилодор мекунад ва ба мӯйҳо қувват мебахшад.

Дар байни мардум ривояте маъмул аст, ки агар ҷавонон бори нахуст дар зери дарахти зардолу вохӯранд, муҳаббати онон пойдор, босадоқат мешавад ва онҳо то абад хушбахт мегарданд…

Рафоат МӮЪМИНОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh