ВАЗЪИ СОҲАИ ТУХМИПАРВАРӢ ЧӢ ГУНА АРЗЁБӢ МЕГАРДАД?!
- Details
- Published on Tuesday, 17 January 2023 12:18
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ», ки маҳз бо мақсади тараққӣ додани соҳаи тухмипарварӣ нигаронида шудааст, барои таъмини талаботи хоҷагиҳо, ба содирот, ба баландшавии ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот вобастагии калон дорад, равона гардидааст.
Сабзавоткорӣ низ яке аз соҳаҳои сердаромад буда, барои иҷрои ҳадафи сеюми Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъминоти амнияти озуқаворӣ ҷои намоёнро ишғол менамояд. Аҳолии тамоми дунё асосан сабзавотҳоро дар ҳамаи фасли сол истеъмол мекунанд.
Барои зиёд намудани ҳосилнокии сабзавотҳо дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фермерон аз рўи илм ва дастурамалҳо хуб амал менамоянд. Дар шароити шимоли кишвар, яъне вилояти Суғд, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои сабзавотӣ усулҳои биологӣ, агротехникӣ, кимёвӣ, тарзҳои пешқадами мубориза бар зидди алафҳои бегона ва мубориза бар зидди касалию ҳашаротҳо васеъ ҷорӣ карда мешавад.
Бино ба маълумоти мудири шуъбаи картошкапарварӣ ва сабзавоткории филиали Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд Акрамҷон Зайниддинов дар вилоят майдони кишти умумии сабзавотиҳо 6677,1 гектар ва ҷамъоварии ҳосили умумии зироатҳои сабзавотиҳо 1702844,5 т/га мебошад, ки 25,5т/га ҳосилнокиашро ташкил менамояд.
‐Олимони шуъбаи сабзавоткорӣ ҷиҳати рӯёнидану интихоби навъҳои наву ояндадори помидори хушсифату серҳосил барои истеъмоли васеи он, парвариши тухмиҳои сабзавотҳоро барои таъмини талаботи хоҷагиҳои деҳқонӣ, дар ҳама фаслҳои сол корҳои илмию таҳқиқотиро ба роҳ мондаанд. Барои дар оянда гирифтани тухмиҳои босифат, дар вақти ғунучини ҳосил лўндаи модартухмиҳои зубдаро интихоб карда, дар зери хок ва дар анбор нигоҳдорӣ шудааст. Лўндаи модартухмии намудҳои гуногуни сабзавотиҳои навъҳои сабзӣ ба монанди “Мушаки сурх”, “Тиллоранг”, “Нантская – 4”, пиёзи сафеди навъи “Кулчаи Ленинободӣ”, “Сафеди дарозшакл”, турби навъи “Хуҷандӣ” ва шалғами навъи “Лаззат” мебошанд. Аз ин ҷо бармеояд, ки реҷаи нишасти модартухмии навъҳои сабзӣ 60х25см буда, ба навъи шалғам ва турб 60х35см, навъҳои пиёз 60х15см мебошад, ки навъҳои пиёзро дар дуюм ва сеюм даҳаи моҳи октябр шинонида шуда, навъҳои сабзӣ, шалғам ва турбро дар дуюм даҳаи моҳи март шинонида шудааст. Модартухмии лўндаи навъҳои сабзӣ дар 1 га ба миқдори аз 3,5 то 4,5т/га, навъҳои пиёз 3,0 – 4,5т/га, навъҳои шалғам 6,5 – 7,5т/га ва навъҳои турб 12,0 – 16т/га шинонида мешавад. Баъд аз шинонидани модартухмиҳо обёрӣ карда мешавад.
Дар вақти сабзиши 7‐10 сантиметр бояд коркарди байни қатор, яъне нармкунии ҷўяк (култиватсия) гузаронида бо якборагӣ каландкунии аввалро ба анҷом расонида мешавад. Баъд аз 45 рўзи ин коркард ҷўяки обравро кашида, озуқаи монералӣ ворид карда мешавад. Аз ин ҷо бар меояд, ки обёрикунии ҳар яки ин навъҳо алоҳида буда, дар навъҳои сабзӣ 11 – 12 маротиба, навъҳои пиёз 18 – 22 маротиба, навъи шалғам ва турб 8 маротибагӣ гузаронида мешавад, иброз дошт номзади илми кишоварзӣ А.Зайниддинов.
Дар вақти нашъунамои ин сабзавотҳо, ки сабзишашон ба 15 – 20 сантиметр мерасад, коркарди агрокимёвӣ бар зидди ҳашароту касалиҳо бо перепаратҳои Нурел – Д ва Топаз дуюмин маротиба дар вақти оғози гулкунӣ бо перепаратҳои Ридомил Голд ва Карат коркард гузаронида мешавад. Дар байни модартухмиҳо аз ҳама барвақт модартухмии шалғами навъи “Хуҷандӣ” аз рўзи шинонидашуда то пухтарасиш аз 85 то 92 рўз буда, навъи турби “Лаззат” 95 – 100 рўз, навъҳои сабзии “Мшаки сурх”130 – 140 рўз, “Тиллоранг” 135 – 145 рўз, “Нантская – 4” 137 – 147 рўз, навъҳои пиёзи “Кулчаи Ленинободӣ” 245 – 255 рўз ва “Дарозшакл” 265 – 275 рўз пухта мерасад.
Бинобар маълумотҳои ба даст овардашуда, сабзавотҳои (помидор ва картошка) ояндадор интихоб карда шуд, ки нисбат ба навъҳои маҳаллӣ ҳосилнокиашон аз 42 фоиз зиёд мебошад ва дигар навъҳои сабзавотӣ бошад то 25 фоиз баланд буданд. Даромаднокии иловагӣ аз як гектар кишти зироати сабзавоти (помидор, сабзӣ, пиёз ва дигар сабзавотҳо) зиёда аз 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи гузаронидани тадқиқотҳо ҳосили тухмии навъи турби “Лаззат”, 4 кг, боқимонда навъҳои тухми сабзавотӣ аз 0,75 то 1,6 кг рўёнида шудааст. Барои шинонидан модартухмиҳои пиёз ва пиёзи анзури навъи “Суғдиён” аз 60 то 160 килограмм ба даст оварда шуда, барои гирифтани тухмии соли оянда корбарӣ шудааст.
Бо мақсади минбаъд афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, интихоб ва истифодабарии тухмиҳои серҳосили ба маҳалҳо мутобиқгашта бисёр муҳим буда, дар ин раванд истифодаи самараноки обу заминҳои корам, технологияҳои инноватсионӣ ва агротехникаи пешрафта таъмин карда шавад. Вобаста ба ин Сарвари давлат ва ҳам роҳбарияти вилоят дар баромадҳои худ доимо таъкид менамоянд, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзону хоҷагидоронро зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, заминҳои наздиҳавлигӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро таъмин намоянд. Ва натиҷаи заҳмати софдилонаи кишоварзон ва чораҳои амалинамудаи Ҳукумат буд, ки мо дар фаровонии маҳсулоти истеҳсоли худӣ пешравиро дида истодаем.
Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”