МУЖДАИ ЗАФАР АЗ ПАРВОЗГОҲИ БУЗУРГОН

Шукри беадад, ки дар рӯзгори миллати мо таҷлили иду тантанаҳо ва санаҳои таърихӣ кам нестанд. Дар ин раванд баҳри бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ сазовор ҷашнгирии чунин рӯзҳои пурнишот меҳнаткашону кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят низ саҳми арзанда доранд.

Ин буд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни сарнавиштсозу таърихии кишвар 30‐солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон заркорони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аввалин шуда дар вилоят аз иҷрои нақшаи истеҳсолии пахта муждаи зафар расониданд.

Воқеан қобили тазаккур аст, ки бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ин ҷашни таърихии миллат роҳбарият ва масъулини соҳоти мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар баробари таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, аз ҷумла баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои навро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор доданд. Ҳамагон воқифанд, ки бо назардошти кишвари аграрӣ будан пахтакорӣ соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзӣ маҳсуб ёфта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона шуданд.

Пахтакорони ноҳия соли равон дар майдони 8028 гектар кишти пахта гузаронида, дурнамо 18 ҳазору 500 тонна муайян карда шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида ва заҳмати шабонарӯзии кишоварзон санаи 21‐уми октябри соли равон ба хирмани Ватан 18535 тонна дурри гаронбаҳо чида супориданд, ки иҷрои нақша 100,2 фоиз таъмин гардида, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23,1 ‐сентнериро ташкил дод. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ин муваффақияти бузурги меҳнатиро ба туфайли ҳидоят ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла соҳаи кишоварзӣ марбут медонанд.

‐Танҳо бо меҳнати суботкоронаву дастаҷамъона, дуруст истифода бурдани агротехникаи пешқадами парвариши пахта, истифодаи тухмиҳои босифат пахтакорони ноҳия ба дастоварди меҳнатӣ ноил гардиданд, иброз дошт сардори раёсати кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимзода.

Бино ба маълумоти номбурда, дар иҷрои саривақтии нақша саҳми хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ‐ҶСК ба номи С.Ӯрунхоҷаев, ба номи А.Ҷумъаев ва Кооперативи тиҷоратӣ‐истеҳсолии ба номи Ҷ.Расулов, Кооперативи тиҷоратии хоҷагии деҳқонии ба номи Т.Қӯшатов, АИИ ба номи Р.Набиев маҳсуб мешаванд, ки дар ғалабаи ба дастоварда саҳми басо назаррас доранд.

‐Имсол дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия кишти пунбадона асосан бо истифодаи тухмиҳои хушсифати серҳосили навъҳои “Дӯстӣ”, “Неъмат”, “Флеш”, “Ориёӣ”, “Майа” дар муҳлатҳои муқарраршуда гузаронида шуд. Саривақт гузаронидани тадбирҳои агротехникии нигоҳубини пахтазор ва ҳимоя аз касалиҳову ҳашароти зараррасон, имконият фароҳам овард, ки соли равон дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карда шавад, мегӯянд масъулин.

Дар маъракаи чиниши пахта ҳамзамон саҳми чинакчиёну ҳашарчиён арзанда арзёбӣ гардида, чун ҳамагон медонем, иҷрои босифату саривақтии нақша асосан аз меҳнати онҳо вобастагӣ дорад. Меҳнаткашони шуҳратманди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафти чиниши пахтаро идома дода, ният доранд, ки ҳосили рӯёнидаи марди деҳқонро то пахтаи охирин ҷамъоварӣ намуда, уҳдадор шудаанд, ки ба хирмани Ватан боз 2000 тонна пахта супоранд. Боиси қайд мебошад, ки дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, чанд соли охир пахтакорони ноҳия ба чунин нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ноил гардида истодаанд.

Воқеан, давоми чанд соли охир дар соҳоти мухталифи ноҳия басо пешравиҳову дастовардҳои назаррас дида мешавад. Бовар дорем, ки роҳбарият ва масъулини сохтору мақомоти гуногун дар раванди ободкориву созандагиҳо баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёти кишвар фаъолияти боз пурсамарро пеш хоҳанд гирифт ва дар ин ҷода барояшон барору комёбиҳо хоҳонем.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh