ЗАҲМАТИ БУРДБОРОНА БАҲРИ ОРОСТАНИ ХИРМАНИ ПУРБОР

Дар тамоми навоҳии пахтакори вилоят маъракаи ғунучини ҳосили бо ранҷ рӯёнидаи марди деҳқон пахта босуръат ҷараён дорад. Имрӯз дар ин маърака дар қатори кишоварзон қишрҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида, баҳри беталаф ғундоштани ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи бобои деҳқон заҳмат мекашанд.

Ашт яке аз ноҳияҳои калони пахтакор маҳсуб ёфта, ҳар сол дар ин маърака деҳқонон фаъолнокӣ зоҳир мекунанд. Дар ноҳия имсол дар майдони 6323 гектар пахта кишт карда шуд. Кишоварзони ноҳия азм намуданд, ки мувофиқи нақша 17 ҳазору 300 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани давлатсупорад.

Аҳли заҳмати ноҳия имрӯз аз рӯзҳову ҳавои офтобӣ самаранок истифода намуда, баҳри беталаф ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи бобои деҳқон дучанд меҳнат мекунанд. Кишоварзони ноҳия имсол дар заминҳои ҳосилхези худ ҳафт навъи пахтаро кишт кардаанд, ки онҳо навъҳои ватании “Ориёӣ”, “Дӯстӣ”, туркии “Мая 455”, “Мая 505” ва “Флеш” мебошанд. Ба ғайр аз он навъҳои америкоии “БР 5111” ва “Хитоии Иншан 2” кишт шудааст.

Бояд зикр кард, ки тухмиҳои навъи “Мая 455”, “Мая 505” ва навъи “Дӯстӣ” ба иқлими ноҳия созгор буда, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Воқеан, дар ноҳияи Ашт фаъолияти ҶДММ “Рахшона” ба тухмипарварӣ мутобиқ карда шудааст. Аз ин рӯ, аҳли ин хоҷагӣ пайваста кӯшиш доранд, ки аз хориҷи кишвар тухмиҳои аълосифатро дастрас намуда, баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ҳиссаи сазовор гузоранд. Аҳли заҳмати ноҳия ҳар сол маъракаи ҷамъоварии ҳосилро санаи 15‐уми август оғоз мекарданд. Азбаски имсол моҳи июл ҳаво хеле гарм омад, ба нашъунамои пахта таъсири худро расонид. Гармии аз ҳад зиёди ҳаво 15‐20 рӯз пахтаро аз нашъунамо боздошт. Аз ин рӯ, имсол кишоварзон маъракаи чиниши пахтаро 1‐2‐юми сентябр оғоз намуданд. То ба санаи 5‐уми октябр 6302 тонна ё 36,4 фисади нақша ҳосил ҷамъоварӣ шуд.

Аҳли заҳмати ноҳия ният доранд, ки то пағаи охирин пахтаро ҷамъоварӣ намуда, имсол низ нақшаи бар дӯшашон гузоштаро сарбаландона иҷро намоянд. Чӣ хеле, ки муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт Аҳлиддин Баҳриддинов иброз дошт, ҳарчанд пахтаи ҷамъовардаи мо нисбат ба соли гузашта кам бошад ҳам, аҳли меҳнати ноҳия азм намудаанд дурнамои пахтасупориро иҷро хоҳанд кард.

Воқеан, кишоварзони ноҳияи Ашт соли сипаригардида дар ҳамин сана 8287 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда буданд. Агар санаи 4‐уми октябри соли 2021‐ум 310 тонна пахта ворид гардида бошад, имсол яъне 4‐уми окябри соли 2022 ба хирмани бобои деҳқон 420 тонна дурри гаронбаҳо ворид гардид, ки ин нисбат ба порсола 110 тонна зиёд аст. Ин таҳлил аз он шаҳодат медиҳад, ки дар пахтазори ноҳияи Ашт имсол ҳосил басо фаровон асту кишоварзон аз ҳар як лаҳзаи офтобӣ самаранок истифода бурда, баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани он чораву тадбирҳо андешанд. Имрӯз ба ғайр аз кишоварзону аҳли заҳмати ин минтақа ба пахтазорони ноҳия аз шаҳри Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстону Гулистон 400 нафар ҳашарчиҳо сафарбар шудаанд, ки баҳри ҷамъоварии ҳосил дар киштзори нопайдоканори ноҳия ба ғунучини “тиллои сафед” машғул ҳастанд.

Ҳашарчиён асосан дар ҷамоатҳои деҳоти Ошоба, Шодоба ва Понғоз, хоҷагиҳои ҶДММ “Рахшона”, Ассотсиатсияи “Суҷа”, хоҷагии ёрирасони Шерзод ва Гулшан пахта мечинанд. Ба ҳашарчиён тамоми шароит муҳайё гардонида шудааст. Ба онҳо ҳар рӯз маблағи пахтаи ҷамъовардаашонро, ки ба ҳар килограмм 1‐1.20 дирамро ташкил медиҳад, месупоранд ва ҳар даҳрӯза дар хоҷагӣ чинакчиёни пешқадам қадрдонӣ мешаванд.

–Воқеан, соли сипаригардида ноҳияи Ашт дар ҷамъбасти мусобиқаи 20‐рӯзаи дуюм ғолибиятро ба даст оварда буд. Имсол низ мо, аҳли кишоварзони ноҳия тасмим гирифтем, ки дар ҷамъбасти бистрӯзаи дуюм ҷои намоёнро фатҳ созем. Ба ин қувва ва ҳосили фаровон низ дорем,–изҳор намуд муовини сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Аҳлиддин Баҳриддинов.

Дар ҳақиқат имрӯзҳо кор дар пахтазори ноҳия бомаром ҷараён дорад. Аҳли заҳмат кӯшиш карда истодаанд, ки аз ин ҳавои офтобӣ самаранок истифода бурда, ҳарчӣ тезтар ба марраи мурод наздик шаванд. Дар ҷамъоварӣ намудани хирмани пахтаи бо арақи ҷабин рӯёнидашуда ба бобои деҳқон баракату бурдборӣ хоҳонем!

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh