ХИРМАНИ ПУРБОРИ “ТИЛЛОИ САФЕД”

Наздик 20 рӯз мешавад, ки дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят маъракаи ҷамъоварии пахта оғоз гардидаву бинобар ба эътидол омадани вазъияти минтақаҳои марзӣ боз ҳам вусъати корҳои саҳроӣ бомаром ҷараён дорад. Ҷиҳати ҳарчи бештару беҳтар оростани хирмани вилоят саҳми чинакчиёну ҳашарчиён ва саҳмдорони хоҷагиҳо басо назаррас буда, барои зудтару беталаф ҷамъоварии ҳосил дар майдонҳои пахтазор меҳнати шоиста менамоянд.

Дар ин раванд саҳми занону духтарон дар мавсим, аз як ҷониб, кӯмак ба марди деҳқон бошад, аз ҷониби дигар баланд бардоштани шароити молиявии хонавода мебошад. Яке аз чунин бонувони чобукдаст Гулсара Ҳоҷибоева мебошад:

‐Чанд сол аст мо, бо дугонаҳоямон, ки аксар занони хонашин ҳастанд, бо мақсади кӯмак расонидан ба оилаҳои худ дастаи корӣ иборат аз 15‐17 нафар ҳашарчиро ташкил карда будем. Ин аст, ки ҳар сол оғоз аз аввали баҳор ба корҳои саҳроии хоҷагиҳои кишоварзӣ баромада, то пахтачиниву ҷамъоварии ғӯзапоя бо кор таъмин ҳастему даромади хуб ба даст меорем. Аксари мардҳои мо дар муҳоҷират қарор дошта, маблағи мефиристонидаашонро пасандоз карда, ба маблағи худ маводи озуқавории ниёзи аввалро харидорӣ менамоем. Дар мавсими пахтачинӣ дар як рӯз то 120‐150 килограммӣ, беш аз 6 тонна пахта ҷамъоварӣ намуда, ба маблағи ҷамъшуда маҳсулоти рӯзгор ва пӯшокаро барои фасли зимистон захира менамоем. Албатта, ин пеш аз ҳама барои беҳбудии зисту зиндагӣ мусоидат менамояд.

Метавон дар қатори чунин бонувони меҳнаткаш, аз зумраи Фарида Шаропова, Маҳлиё Ғафурова, Гулҷаҳон Деҳқонова, Насиба Ҷӯраева ва дигаронро ном бурд, ки доимо бо заҳмати хеш дар пешбурди зиндагиашон саҳм мегузоранд. Мавриди зикр аст, ки ин гурӯҳи ҳашарчиён аксар вақт дар Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Энаҷон Бойматоваи Ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом зери сарварии хоҷагидори кордон Абдураҳим Шокиров бо корҳои мавсимӣ машғул буда, бо шароити зарурӣ ва хӯроки гарм таъминанд. Ҳамчунин ҳастанд ашхосе, ки дар мавсими ғунучини ҳосили бо арақи ҷабин бадастовардаи деҳқон бетараф истода натавониста, имрӯзҳо бо аҳли оила дар майдонҳои пахтазор қарор доранд. Яке аз чунин фардони заҳматкаши бонанг Нозимбой Эргашев – сарвари Хонаи фарҳанги рақами 4уми шаҳри Конибодом мебошад, ки ҳамарӯза бо аъзои хонаводаи хеш ба кӯмаки марди деҳқон баромада истодаанд.

‐Пас аз таҷлили ҷашнҳои бошукӯҳи миллат тасмим гирифтем, ки бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ баромада, дар як рӯз то 200 250 килограмм ва то имрӯз наздик 4 тонна пахта ҷамъоварӣ намудем. Барои чиниши ҳосил ҳамаи шароити будубош аз ҷониби хоҷагидорон муҳайё гардонида шудааст. Ин имкон даст дод, ки мо ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат маҳсулоти озуқаворӣ, аз қабили равған, орд, биринҷ лӯбиёгиҳо ва ғайраҳоро барои фасли зимистон пурра захира карда, ҳамчунин аз маблағи чиниш сарулибос, дигар лавозимоти хониши фарзандонро ҳам харидорӣ намудем. Алҳол бо аҳли оила, нақша дорем, ки аз маблағи даҳрӯзаи дуюм як мошинаи дарздӯзӣ харида, барои духтарону занон маҳфили ройгони дӯзандагӣ ташкил намуда, барои касб омӯхтани онон мусоидат намоем, ‐изҳор дошт Нозимбой Эргашев.

Чунин дастгириву иқдоми наҷиб басо саривақтӣ буда, дигаронро низ зарур аст, ки дар ҷамъоварии ин ашёи хоми саноатӣ, ки боигарии асоси кишвар маҳсуб меёбад масъулияти бештар зоҳир намуда, бобати беталаф ва саривақт ғундоштани он саҳмгузор бошанд. Чинакчиёни оилавӣ бо сарвари Шакар Бердимуродова низ, аз аввали мавсими чиниш бо аҳли хонадон баромада, дар майдони пахтазори Кооперативи тиҷоратии “Шералихон”, АИО “Бобоев”‐и Ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи Спитамен заҳмат мекашанд. Ин бонуи меҳнативу чобукдаст иброз медорад, ки меҳнат шараф асту шахси меҳнатдӯст доимо ризқу рӯзиашро меёбад.

‐Аз овони бачагиам ба пахтачинӣ шавқу рағбати зиёд доштам ва бо шукргузорам, ки бо меҳнати ҳалол фарзандонамро тарбия намудаву ба воя расонидам. Ҳамасола ба кӯмаки марди деҳқон баромада, дар як рӯз зиёда аз 200 килограммӣ, то охири мавсим бошад наздик 6‐8 тонна пахта мечинем. Барои ҳар килограмм пахтаи чидаамон як сомонӣ аз ҷониби хоҷагидорон муқаррар шудааст, ки ҳар бегоҳӣ дар сари замин ба пахтачинон дода мешавад. Аз маблағи бадастовардаамон тамоми захираи рӯзгору барои зимистонгузарониро харида истодаем, мегӯяд, чинакчии моҳир Ш. Бердимуродова.

 Тибқи иттилои масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят, ба санаи 26 уми сентябр дар маъракаи пахтачинӣ зиёда аз 70 ҳазор чинакчиву ёрдамчӣ ба кӯмаки кишоварзони шаҳру навоҳии вилоят баромада, ба хирмани вилоят 40 ҳазору 514 тонна «тиллои сафед» рехтанд, ки ин нишондод 30 фисади дурнаморо ташкил медиҳад. Имрӯз дар густурдани хирмани пахта ҳашарчиёни ҳимматбаланд аз ҳисоби занони хонашин, кормандони муассисаҳои тандурустиву маориф ва дигар корхонаҳо ба марди деҳқон дасти мадад дароз мекунанд.

Воқеан бояд меҳнати марди деҳқон ва ҳам чинакчиён саривақт қадрдонӣ гардад, агар онҳоро ҳавасманд намуда руҳбаланд созем ин ба манфиати кор буда, ба иҷрои босифату саривақтии нақша мусоидат хоҳад кард.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh