РОҲИ ПУРМАНФИАТИ АФЗУНГАРДОНИИ ЧОРВО
- Details
- Published on Wednesday, 21 September 2022 12:08
Бордоркунии сунъӣ дар замони ҳозираи тараққиёти соҳаи чорводорӣ усули асосии зиёд намудани саршумори чорво ба ҳисоб меравад. Бо роҳи бордоркунии сунъӣ натанҳо буққаи истеҳсолкунандаи ватаниро, балки генофонди ҷаҳониро васеъ истифода бурдан мумкин аст. Истифодаи усули бордоркунии сунъӣ сол ба сол зиёд гардида, самараи нек ба бор оварда истодааст.
Филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Суғд баҳри баланд бардоштани маҳсулнокӣ, бордоркунии сунъии чорво ва хушзот намудани он тадбирҳои зиёд андешида, барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон, Раиси вилоят корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.
Бино ба гуфти сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорвои зотӣ дар вилояти Суғд Нуралӣ Амонов, имрӯз дар миқёси вилоят 100 адад нуқтаи бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор мавҷуд буда, аз он 28 ададро нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ дар сектори ҷамъиятӣ, 72 адад дар сектори аҳолӣ фаъолият доранд, ки 10 ададро нуқтаҳои сайёр ташкил медиҳанд.
Ӯ афзуд, ки дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят ба миқдори 7263 сар чорвои калони шохдор бо нутфаҳои буққаҳои хушзот бо усули сунъӣ бордор карда шуданд. Миқдори бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор дар сектори ҷамъиятӣ 1651 сар ва сектори аҳолӣ 5612 сарро ташкил медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки аз модаговҳои бо усули сунъӣ бордоршуда дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 7263 сар чорвои калони шохдор бо нутфаҳои буққаҳои хушзот ба усули сунъӣ бордор карда шуд.
Миқдори бордоркунии сунъии чорвои калони шохдор дар сектори ҷамъиятӣ 1651 сар буда, сектори аҳолӣ 5612 сарро ташкил медиҳад. Аз модаговҳои бо усули сунъӣ бордоршуда дар 7 моҳи соли 2022 ба миқдори 5901 сар гӯсолаи хушзоти солим ба даст оварда шуд, ки ин дар сектори ҷамъиятӣ 1725 сар ва дар сектори аҳолӣ 4176 сарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ дар стансияи назди филиали муассиса аз буққаҳои хушзот ба миқдори 5705 воя ҳосили (нутфа) буққаи зотӣ истеҳсол карда шуд. Барои истифода ҳамзамон дар фонди филиали муассиса нутфаҳои буққаҳои хушзот ба миқдори 18118 воя мавҷуд мебошад. Тамоми секторҳои хоҷагидориро муассиса бо 1035 литр азоти моеъ таъмин намуд. Соли равон аз сабаби фаъолият накардани сехи истеҳсоли азоти моеъбарории шаҳри Бӯстон ин намуди моеъ аз шаҳри Душанбе, аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас карда мешавад.
марти соли ҷорӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии вилоят, ки ба парвариши зоти бузи тоҷикии серпашм машғул ҳастанд, аз тарафи мутахассисон баҳодиҳии зоти бузи тоҷикии серпашм ба миқдори 5320 сар гузаронида шуд, ки чунин натиҷа дод: бузҳои класси баланддошта ба миқдори 2291 сар ё ки 43 фоиз, бузҳои ғайрикласс ба миқдори 3029 сар ё ин ки 57 фоизро ташкил медиҳад. А з ин рӯ, дар муассиса барои хушзот кардани тамоми намуди чорво эътибори хоса медиҳанд. Баҳодиҳии мутахассисон ба парвариши зоти бузи тоҷикии серпашм дар Муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии ба номи Тӯйчӣ Эрйигитови ноҳияи Ашт ба миқдори 1867 сар бузғолаи соли таваллудашон 2021‐ро баҳодиҳӣ намуда, аз он 797 сар ё 42,8 фоиз бузҳои класси баланддошта ва 1064 сар ё ки 57,2 фоиз бузғолаҳои ғайриклассдошта мебошад. Дар Хоҷагии зотпарварии ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев низ ба 1939 сар бузғолаи соли таваллудашон 2021 баҳодиҳӣ гузаронида шуд, ки аз он 738 сар ё 38 фоиз класси баланддошта ва 1201 сар ё 62 фоиз ғайрикласс мебошад.
Дар Заводи зотпарварии ба номи Т.Қӯшатови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, ба миқдори 1520 сар буз низ чунин маъракаи баҳодиҳӣ гузаронида шуд. Аз он 756 сар ё ки 49,7 фоиз бузғолаи класси баланддошта ва 764 сар ё ки 50,3 фоиз бузғолаи ғайрикласс дошта мебошанд. Бояд изҳор намуд, ки зери мафҳуми чорвои зотӣ гурӯҳи томи як намуди ҳайвонот дар назар дошта шудааст, ки он натиҷаи фаъолияти эҷодкоронаи инсон буда, дар шароити муайяни табиӣ ва хоҷагӣ бароварда шудааст ва сифату хусусиятҳои он аз насл ба насл устувор нигоҳ дошта мешавад. Зот бо хусусиятҳои хоси худ–қаду баст, сохт ва маҳсулнокии худ фарқ карда, қобилияти муддати мадид “дар худ” инкишофёбӣ дорад. Барои хушзот намудани чорво дар вилоят тамоми тадбирҳо андешида мешавад, ки он барои ҳам зиёд шудани миқдор ва ҳам сифати чорво дар вилоят мусоидат менамояд. Яке аз онҳо ҳар сол дар вилоят Фестивал–намоиши чорвои зотӣ аз тарафи хоҷагиҳои зотпарварӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, инфиродӣ баргузор мегардад.
Соли равон низ дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат”‐и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фестивал‐намоиши чорвои зотӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ аз тамоми хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, шахсони алоҳида чорво ба намоиш гузошта шуданд. Чӣ хеле ки дар боло изҳор кардем, дар Фестивал‐намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ аз ҷониби хоҷагиҳои чорводорӣ ва зотпарварии вилоят, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва шахсони алоҳида, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд, чорвои калони шохдори зотӣ, гӯсфандони ҳисорӣ, бузҳои серпашми тоҷикӣ ва сершир, аспҳои тоҷикӣ, паранда, маҳсулоти занбӯри асалпарварӣ, моҳӣ ва хӯроки омехтаи чорво пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Дар маҷмӯъ дар Фестивал‐намоиш 108 сар чорвои калони зотӣ, 144 сар гӯсфанду буз, 10 сар аспи зоти тоҷикӣ, 400 килограмм асал, 210 килограмм моҳӣ ва 4,2 тонна хӯроки омехтаи чорвою паранда ба намоиш гузошта шуд.
Сардори Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорво дар вилоят оид ба аҳамияти бордоркунии сунъӣ, изҳор кард, ки ҷиҳати иқтисодии аҳамияти бордоркунии сунъӣ аз он иборат аст, ки генетикаи чорво баланд бардошта шуда, аз ҳисоби баландмаҳсул фоидаи зиёд ба даст оварда шавад, яъне агар зоти ширӣ бошад, муддати зиёди ширҷӯшӣ ба даст омада, шири зиёд ҷӯшида мешавад ва агар зоти гӯштӣ бошад, дар муддати кӯтоҳ аз ҳисоби вазнафзункунии тез истеҳсоли гӯшт якчанд маротиба зиёд карда мешавад (вазнафзункунии шабонарӯзӣ то 3 килограмм). Ҳамаи ин он вақт ба даст оварда мешавад, ки мо нутфаҳои истеҳсолкунандагони баландмаҳсули ҳам ширӣ ва ҳам гӯштиро истифода барем. Аз ҷиҳати иқтисодӣ бартарияти бордоркунии сунъӣ боз дар он зоҳир мегардад, ки нигоҳ доштани наслдиҳандаҳои зотҳои гуногуни лозим намешавад.
Ҳамзамон, барои нигоҳ доштани наслдиҳандаҳо хароҷоти беҳуда лозим набуда, харидани онҳо низ ба хароҷоти зиёд зарурат надорад. Имрӯз дар вилояти Суғд ҳамин масъалаҳоро ба эътибор гирифта, аз тарафи Муассисаи ҷумҳуриявии хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва хариду фурӯши чорво дар хоҷагиҳо, ҳам дар ҷамоатҳо нуқтаи бордоркунии сунъӣ ташкил карда шудааст.
Ташкили нуқтаҳои бордоркунии сунъӣ ба чорводорон, шахсони алоҳида имконият медиҳад, ки барои хушзот намудани чорвои худ кӯшиш намуда, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар мусоидат намоянд.
Гулҷаҳон МАҲКАМОВА
“Ҳақиқати Суғд”