ИСТЕҲСОЛИ КАРТОШКА МЕАФЗОЯД
- Details
- Published on Friday, 16 September 2022 15:09
Инсоният ба ҳазорсолаи нав бо мушкилиҳои зиёд дар самти таъминот бо маводи озуқа ворид гардид. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки амалигардонии ин ҳадафи стратегии мамлакат асосан аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст, ба ояндаи соҳа дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем.
Эмомалӣ РАҲМОН
Картошкапарварӣ бахши муҳими соҳаи кишоварзӣ маҳсуб меёбад. Аз сабаби серистеъмол будан ва таъмин намудани бозорҳои дохилии кишвар дар миқёси вилоят ҳамасола майдони кишти картошка зиёд мегардад. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба ин бахши муҳим диққати махсус равона гардида, хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳамасола бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин мегарданд. Ҷиҳати афзун гардонидани истеҳсоли картошкаи хушсифати ватанӣ деҳқонони вилоят аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд.
Асосан кишти картошка дар ноҳияҳои наздикӯҳии вилоят, аз қабили Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва шаҳри Панҷакент ба роҳ монда мешавад. Бино ба гуфти масъулини Раёсати кишоварзӣ кишоварзони вилоят давоми ҳафт моҳи соли равон тамоми кӯшишу ғайрати худро барои амалигардонии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироатҳо, инчунин, ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа равона намуда истодаанд.
Дар самти картошкапарварӣ бошад, баҳри зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол, афзун гардонидани иқтидори содиротӣ ва ба ин васила танзим намудани нархи картошка дар бозорҳои дохилӣ, дар мавсими имсола ба васеъ кардани масоҳати кишти он дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ба ин мақсад 15308 гектар кишти картошка гузаронида шуд.
Бино ба иттилои манбаъ, имсол дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан 349 гектар, Деваштич – 317 гектар, Исфара – 24 гектар, Айнӣ 17 гектар зиёд кишти картошка нисбат ба соли гузашта гузаронида шудааст. Истеҳсоли картошка бошад, то аввали моҳи августи соли равон дар бахши кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоят ба 63980 тонна баробар гардид. Истеҳсоли картошка дар шаҳру ноҳияҳои Исфара 9523 тонна, Б.Ғафуров‐6862 тонна, Истаравшан‐6814 тонна, Конибодом‐2928 тонна, Деваштич‐2725,5 тонна, Шаҳристон‐2514 тоннаро ташкил дод. Бобати парвариш ва истеҳсоли картошка ба масъулини соҳаи кишоварзии ноҳияи Деваштич ҳамсуҳбат гардидем. Бино ба гуфти сардори бахши кишоварзии ноҳия Мирзо Мирзоев, картошкапарварӣ яке аз бахшҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳия маҳсуб меёбад. Зеро қисми зиёди сокинони ноҳия ба кишту парвариши он машғуланд ва аз ҳисоби даромади он зиндагии оилаашонро таъмин менамоянд.
‐Кишоварзони меҳнатқарини ноҳия алҳол барои ҷамъоварии ҳосили картошка омодагӣ дида истодаанд. Зеро дар даҳаи дуюми моҳи сентябр давра ба давра ҷамъоварии он оғоз мегардад. Қобили зикр аст, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 6494 гектар картошка кишт намуда, интизори ҳосили фаровони он ҳастанд. Соли 2021 бошад, деҳқонон дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 6061,6 гектар кишти картошкаро ба роҳ монда буданд. Ҳамасола ҷиҳати таъмини бозорҳои дохилии кишвар майдони кишти картошка зиёд мегардад.
Дар баробари зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли он низ сол аз сол боло меравад. Агар ба солҳои пеш назар афканем, маълум мегардад, ки истеҳсоли картошка дар соли 2015‐ум ба 93 ҳазору 800 тонна баробар буд. Соли 2021 бошад, беш аз 170 ҳазор тонна кишоварзони ноҳия картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд, гуфт Мирзо Мирзоев.
Бино ба иттилои Абдумалик Ҳодиев, муовини сардори бахши кишоварзии ноҳия, кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти Муҷун, Далёни Боло, Ростровут ва Ваҳдат барои парвариши картошкаи хушсифат машғуланд. Онҳо дар заминҳои худ тухмиҳои хушсифати ватанӣ азизӣ, овчӣ, овчӣ – ғончӣ, нурӣ, каримӣ ва дигар навъҳоро кишт намудаанд, ки аз ҷиҳати ҳосилнокӣ хубтару беҳтар мебошанд.
‐Ҳосилнокии тухмиҳои номбурда баландтар аст. Таҳлилҳои солҳои қаблӣ собит намудааст, ки дар мазеъҳои доманакӯҳи Ҷамоати деҳоти Ваҳдат то 550 сентнерӣ ва аз он ҳам болотар ҳосил рӯёнида мешавад. Барои ҳосили баланд гирифтан деҳқонон асосан аз нуриҳои минералӣ ва поруҳои маҳаллӣ истифода менамоянд, таъкид намуд,
А.Ҳодибоев. Аснои суҳбат мавсуф илова намуд, ки дар ҷамоатҳои шаҳри Ғончӣ, Муҷун, Ғазантарак ва Яхтан картошкаи барвақтӣ кишт карда мешавад. Алҳол дар ин ҷамоатҳо ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ ба охир расидааст. Деҳқонон ҳосили дастранҷи худро ба бозорҳои вилоят ба фурӯш баровардаанд. Кишоварзони ноҳияи Деваштич азм доранд, ки имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ беш аз 200 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намоянд. Умед доранд, ки нақшаи пешбинишуда ба пуррагӣ таъмин хоҳад шуд, зеро имсол нашъунамои ин намуди зироат хуб аст.
Алҳол дар миқёси вилоят ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ ба поён расидааст. Аммо дар минтақаҳои кӯҳсори картошкапарвари вилоят, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Деваштич, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ бинобар дер кишт намудани картошка ҳосили он дер хоҳад пухт. Аз ин лиҳоз ҷамъоварии он аз моҳи сентябр оғоз гардида, то моҳи октябр давом хоҳад кард.
Истамҷони НАҶМИДДИН,
“Ҳақиқати Суғд”