Дар Конибодом ҷамъоварии пахта оғоз ёфт

6 сентябр дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз ёфт

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии ба номи Деҳқонбой Исоев якҷо бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшида, барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил супориш дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли равон дар шаш ҷамоати деҳоти шаҳр дар 5403 гектар пахта кишт гардида, деҳқонон ҳосили хубро интизоранд. 6 сентябр кишоварзону ҳашарчиён беш аз 400 тонна пахта чиданд ва шурӯъ аз дирӯз ҷамъоварии "тиллои сафед" оғоз ёфт.

Сипас, роҳбари вилоят бо ҳолати кунунии корхонаҳои коркарди пахта ва омодагии онҳо ба мавсими қабули пахта шинос гардид. Раиси вилоят аз корхонаҳои "Конибодом коттон", "Асади Конибодом" ва "Пахтаи Ориён" боздид карда, барои қабули саривақтии пахта, коркарди пахта, истифодаи иқтидорҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли равған ба роҳбарони корхонаҳо супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh