САМАРАИ БУНЁДИ ТОКЗОРҲОИ НАВ
- Details
- Published on Tuesday, 06 September 2022 07:27
Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳа, интизор меравад, ки имсол то 60 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шавад
Токпаварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сердаромад ба ҳисоб рафта, он рўз то рўз рушд дорад. Ин соҳа яке аз самтҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар иқтисдиёти кишвар барои ғанӣ гардонидани буҷети давлат мавқеи устувор дорад.
Ангур яке аз меваҳои хуштаъму болаззат ва шаҳдбори кишвар мебошад. Дар ҷумҳурӣ айни замон намудҳои гуногуни ангур, аз он ҷумла, сафо, ҳусайнии сафед, ҳусайнии сиёҳ, зарифӣ, султонӣ, анзоб, ғалаба, тоифии гулобӣ, нимранг, кишмиши сафед, кишмиши сиёҳ, ҳисории барвақтӣ, миёна ва чиллагӣ парвариш карда мешаванд. Рушду нумӯи ангур аз иқлими макони парвариши он низ вобастагии калон дорад.
Дар вилояти Суғд бисёртар навъҳои ангури кишмиши сиёҳ, кишмиши сафед, ҳусайнии сиёҳ, ҳусайнии сафед, шоҳона, ғалаба, тоифии сафед, тоифии гулобӣ, нимранг, чилагӣ, шакарангур парвариш ёфта, ҳосили дилхоҳ медиҳанд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар кишвар аз ҳисоби заминҳои бекорхобида ва талу теппаҳо майдони боғу токзор зиёд карда мешаванд. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бештар гардида, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ, ҳамчунин, содироти он сол аз сол бештар мешавад.
Тибқи иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд масоҳати токзори вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 13 ҳазору 467 гектар буда, аз он 11 ҳазору 642 гектараш ҳосилдиҳанда аст.
Аз масоҳати умумии токзор 119 гектари он токи тариқи воҳишӣ, яъне хавоза парвариш меёбад. ‐Қайд кардан бамаврид аст, ки истифодаи васеи навъҳои ток аз ҳисоби бунёд ва барқароркунии токҳои кӯҳна ва дар солҳои охир пурра ивазкунандаи воридотӣ ба содирот нигаронида шуда ин омил барои зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли ангури ватанӣ саҳми назарраси худро мегузорад, гуфт А.Маҳмудзода. Дар асоси маълумоти оморӣ ба санаи 1‐уми августи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 3 ҳазору 231 тонна ангур истеҳсол шуд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2021‐ум 1182 тонна ё 157,6 фоиз зиёд мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки имрўз дар токзори вилояти Суғд беш аз 20 намуди ангур парвариш меёбад ва тибқи пешгўии мутахассисони соҳа, интизор меравад, ки имсол то 60 ҳазор тонна ангур ҷамъоварӣ шавад. Ғайр аз ин аз ҳудуди вилоят 1034 тонна ангур ба маблағи 415 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 523 тонна зиёд мебошад. Боиси қайд аст, ки ҳанӯз дар вилоят барои рушди токпарварӣ имкониятҳо фаровон буда, рушди ин соҳаи муҳим аз фаъолияти босамари боғпарварон вобастагии калон дорад.
КИШМИШИ СИЁҲИ СОЯГӢ – МАҲСУЛОТИ СОДИРОТӢ
Дар хоҷагиҳои шаҳри Истаравшан тайи солҳои охир бо таъсиси боғу токзори нав ва барқароркунии боғу токзори кўҳна самараи боғу токзор зиёд ва рушди соҳа таъмин карда мешавад. Дар мавзеъҳои ангурпарварии шаҳр ҷамъоварии ҳосил вусъат меёбад. Хоҷагиҳо ва аҳолии шаҳр аз ҳисоби ҳосили фаровони ангури имсола бештар мавиз истеҳсол менамоянд.
Тоҳир Абдувоҳидов, сардори раёсати кишоварзии шаҳр гуфт, ки ангурпарварони истаравшанӣ дар парвариши ангури навъҳои мавизии кишмиши сиёҳ, кишмиши сафед усулу анъана ва таҷрибаи шоиста доранд. Аз 3 ҳазору 200 гектар токзори ҳосилдеҳи хоҷагиҳои деҳқонию аҳолии шаҳр 1600 гектар ангурбоғи навъҳои кишмиши мавизшавандаанд.
‐Ангурҳои навъи мавизии кишмиши сиёҳу сафед, ки ангурпарварони Истаравшан парвариш менамоянд, дар таъму намуду сифат беҳамтоянд. Дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар баробари навъҳои маҳалии ҳусайнӣ, соҳибӣ, тоифӣ ва сарға навъҳои ангури мавизии маъруф кишмиши сиёҳу сафед масоҳати асосии токзорро ташкил медиҳанд,иброз дошт Т.Абдувоҳидов.
Хушконидан, мавиз кардан усули хоса дошта, ин марҳала аз давраи ҷамъоварӣ то рўзҳои баҳорро дарбар мегирад. Ангури навъҳои кишмиши сиёҳу сафед дар мавсими тирамоҳ пухта расида, чида, сара карда, баъдан дар ҷойҳои махсус, асосан шипангҳо, болои боми пўшида, дар ҷойҳои сояву беофтоб дар торҳо овехта, мавиз карда мешаванд. Ин усули хоса дар баробари намуди зебо таъму витаминҳои табиии кишмишро нигоҳ медоранд. Барои ҳамин мавизи соягии кишмиши сиёҳу сафед маъруфу бозоргир аст.
Ин усулу таҷрибаи ангурпарварӣ вобаста ба иқлим дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар бояд зиёд карда шаванд, зеро заминаи афзун намудани мавиз барои бозори дохилӣ буда, содироти мавиз омили даромади зиёд ба хоҷагидорону аҳолӣ мебошад. Як қатор мавзеъҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ ба минтақаҳои асосии ангурпарварии вилояти Суғд шомил буда, дар деҳаҳои Ғозиён, Хистеварз, бахусус Сумчаку Сомғор беш аз 35 фоизи токзори вилоят ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Ҳомидҷон Ҳакимзода, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров масоҳати умумии токзор 3 ҳазору 29 гектар буда, аз он 2 ҳазору 521 гектараш ҳосилдеҳ мебошад. Токзори ноҳия ба тариқи интенсивӣ бунёд шудааст. Ҳар сол дар ноҳия то 50 гектар майдони кўҳнашудаи ангур аз нав барқарор карда мешавад. Инчунин, дар заминҳои нав токи тарзи бунёдашон воишӣ, яъне хавозавӣ зиёд шуда истодааст. Дар токзорҳои ноҳия зиёда аз 60 навъи ангур парвариш ва нигоҳубин карда мешаванд, ки ҳосилашон фаровон аст.
Ангурпарварони ноҳия соли гузашта 10 ҳазор тонна ҳосил гирифтанд ва ҳосили интизорӣ аз токзори ноҳия имсол дар қиёси соли гузашта чанд маротиба бештар аст. Дастранҷи ангурпарварони ноҳия асосан барои таъмини бозори истеъмолии дохилӣ ва баъдан ба содирот нигаронида шудааст. Кишоварзону сокинони ноҳияи Ашт низ дар самти парвариши токзор таҷрибаи хуб ба даст оварда, бо истифодаи усулҳои пешрафта ҳосили ангурро баланд мебардоранд. Дар токзори хоҷагии «Ифтихор»‐и ноҳия ҳосили ангур хуб буда, ҷамъовариву содироти он ба роҳ монда шудааст. Аҳлиддин Баҳриддинов, корманди раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт гуфт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар ноҳия аҳамияти хоса дода шудааст. Масалан, Хоҷагии деҳқонии «Ифтихор», ки дорои 6 гектар токзор мебошад, бо усули токпарварони шаҳри Турсунзода бунёд карда шудааст, ки аллакай ба ҳосил даромадааст.
Ҳамчунин, дар Хоҷагии деҳқонии «Боғи ангур» дар масоҳати 11 гектар боғ бунёд шуд, ки он тариқи қатрагӣ обёрӣ мешавад. Ҷиҳати рушди соҳаи токпарварӣ дар ноҳия, тибқи дурнамо, бояд дар майдони 60 гектар боғу токзори нав бунёд мегардид. Ин иншондиҳанда айни замон ба 217,5 гектар расонида шуда, иҷроиш 362,5 фоиз таъмин шудааст. Кишоварзони ноҳия мақсад гузоштаанд, ки дар оянда низ майдони токро бо роҳи интенсивӣ зиёд намуда, саҳми худро дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузоранд.
Рушди соҳаи мазкур дар ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»