НАШЪУНАМОИ ПАХТА ДАР КАДОМ ВАЗЪ?
- Details
- Published on Monday, 08 August 2022 14:48
Ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, инчунин беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук силсилаи тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят соли равон кишоварзони вилоят, тибқи дурнамои пешбинигардида, дар майдони 57 ҳазору 199 гектар кишти пунбадона гузарониданд. Соли гузашта бошад, тибқи маълумоти оморӣ дар майдони 49 ҳазору 678 гектар кишти пахта гузаронида шуда, зиёда аз 112 ҳазору 607 тонна пахта ҷамъоварӣ гардид, ки аз ҳар як гектар зиёда аз 22,7 сентнериро ташкил намуд. ‐Соли равон дар хоҷагиҳои вилоят якчанд намуди чигитҳои маҳаллию хориҷӣ, аз қабили “Флора”, “Флеш”, “АДН ‐123”, “Чуансу”, “Синзян”, “Ориёӣ”, “Неъмат”, “Сорбон”, “Хуҷанд - 67”, “Деҳқон бобо”, “Зуҳал”, “Тезпур” ва дигар навъҳоро кишт кардаанд, гуфт номбурда. Дар яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилоят Бобоҷон Ғафуров корҳои кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар ин бора ба мо сардори идораи кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев зимни суҳбат изҳор дошт:
‐ Майдони умумии кишти пахта 8 ҳазору 28 гектарро ташкил медиҳад ва ҳолати нашъунамои пахта хуб аст. Айни ҳол корҳои агротехникии парвариши пахта хуб ба роҳ монда шуда, то санаи 4‐уми августи соли ҷорӣ 3 маротиба оби нашъунамо дар майдони 22 ҳазору 496 гектар, 5 маротиба коркарди байни қатор дар майдони 40 ҳазору 156 гектар, 3,5 маротиба озуқадиҳии пахта дар майдони 28 ҳазору 360 гектар, коркарди кимиёвӣ бар зидди ҳашароти зараррасон дар майдони 9 ҳазору 129 гектар, коркарди биологӣ дар майдони 3 ҳазору 784 гектар амалӣ гардида, дар ин самт корҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Айни ҳол талабот барои обмонӣ хеле зиёд аст. Аммо норасоии об моро ба ташвиш андохтааст. Соли гузашта 75 фоиз бо оби полезӣ таъмин будем, имсол бошад, таъминот ба об хеле нигаронкунанда буда, ин муаммо қариб дар ҳамаи минтақаҳои ноҳия ба мушоҳида мерасад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, кишоварзони ноҳия умед ба он доранд, ки новобаста аз мушкилиҳо ҳосили хуб ба даст оранд. Яке аз масъалаҳои муҳими рўз ин эмин нигоҳ доштани пахта аз ҳар гуна ҳашароти зараррасон мебошад.
Тибқи маълумоти филиали Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзии вилоят ба санаи 1 уми августи соли равон ба муқобили ширинча ва трипс дар 16 ҳазору 25 гектар, ба муқобили тортанаккана коркарди кимиёвӣ 7 ҳазору 194 гектар, кирми ғўза дар майдони 1135 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар майдони 15 ҳазору 865 гектар чангкунӣ бо хоки сулфур, гузоштани домҳои ферамонӣ дар майдони пахтазорҳои вилоят 15 ҳазору 466 адад гузошта шудаанд. Мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон солҳои охир бо усули биологӣ ривоҷу равнақ ёфта, имсол дар майдони 5 ҳазору 990 гектар паҳнкунии тиллочашмак, дар 18 ҳазору 518 гектар трихогамма ва дар 17 ҳазору 312 гектар габробракон паҳн ва амалӣ гардонида, таҳти назорат қарор дорад. Имрўз коркарди байни қатор 5 маротиба дар майдони 287 ҳазору 508, озуқадиҳӣ дар майдони 189 ҳазору 546 гектар, оби нашъунамо се маротиба ва сарчинкунӣ дар майдони 41 ҳазору 516 гектар гузаронида шуда, ин омилҳои агротехникӣ идома доранд, изҳор дошт А.Маҳмудзода.
Ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки муҳлат ва меъёри истифодабарии об дар давраи нашъунамо яке аз омилҳои муҳими ба даст овардани ҳосили пахта мебошад. Обмонии аввалини давраи нашъунамо баъди ғизодиҳии якум, ҳангоми оғози шонабандӣ гузаронида мешавад. Сабаби дер обмонӣ ин обутобдиҳии ниҳоли пахта мебошад. Ҳангоми ин амал решаи растанӣ инкишоф ёфта, қобилияти азхудкунии моддаҳои ғизоӣ ва об хуб мегардад, ки он боиси дарозтар шудани мўҳлати байни обмонӣ мешавад.
Дар ҳолати пештар обмонӣ решаи растанӣ ба таври зарурӣ инкишоф намеёбад ва қобилияти ҷаббиши об ва моддаҳои ғизоии он кам мегардад. Обмонии дуюм баъди ғизодиҳии дуюм ба давраи саросар шонабандӣ рост меояд. Обмонии сеюм баъди ғизодиҳии сеюм дар давраи оғози гулкунӣ, обмонии чорум бошад, дар давраи саросар гулкунӣ гузаронида мешавад. Обмонии минбаъда аз давраи саросар гулкунӣ то оғози шукуфтани кўрак баъди ҳар 6‐7 рўз гузаронида мешавад. Муҳлати байни обмонӣ вобаста ба обу ҳаво 8‐10 рўз мебошад. Имрўз хоҷагидорон азм доранд, ки нигоҳубини пахтазорро хуб ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”