БЕЗАРАРГАРДОНИИ ФУРЎЗОНАКҲОИ КАММАСРАФ БА РОҲ МОНДА ШУД

Дар толори Кумитаи идораи замини вилоят нишасти матбуотии чор сохтор, аз ҷумла Кумитаи идораи замини вилоят, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Сарраёсати кишоварзии вилоят доир гардид.

Дар оғоз Аминҷон Абдуллозода сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоят зикр намуд, ки ҷиҳати сари вақт ба мавсими обёрӣ омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Раиси вилоят аз ҳисоби буҷети вилоят 11,6 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид, аз ин ҳисоб ба шаҳру ноҳияҳои Зафаробод‐3,9 миллион сомонӣ, Мастчоҳ‐700 ҳазор сомонӣ, Ашт‐700 ҳазор сомонӣ, Бобоҷон Ғафуров2,5 миллион сомонӣ, Спитамен‐400 ҳазор сомонӣ ва шаҳри Панҷакент‐3,4 миллион сомониро ташкил дод.

Маблағҳои ҷудошуда дар ноҳияи Зафаробод 2 миллион сомонӣ барои харидорӣ намудани 1 насоси обкашӣ ба пойгоҳи обкашии Мирзочӯл‐2 пешбинӣ шудааст. Барои амалӣ намудани ин иқдом аз ҷониби Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд бо ширкати Хитой шартномаи тарафайн барои дастрас намудани дастгоҳи обкашӣ баста шуда, дар ин самт корбарӣ карда шуда истодааст. Боқимонда 1,9 миллион сомонӣ барои харидории қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ барои омода намудани иншооти обрасони ноҳия равона карда шуд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бошад, 2,5 миллион сомонӣ барои харидорӣ ва васлу насби 2 адад муҳаррики барқӣ ба пойгоҳи обкашии “Сомғор‐1”‐и ноҳия равона гардид. Дар шаҳри Панҷакент маблағи ҷудошуда бо мақсади бунёди пойгоҳи обкашии нав барои обёрии боғҳои нави мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент равона шуда, 2 дастгоҳи обкашии тамғаи 200Д‐90 бо муҳаррики барқии 250 кВт васлу насб шуда, ба фаъолият омода карда шуд.

 Дар ноҳияи Ашт маблағҳои ҷудошуда барои аз лойқа тоза намудани ҳавзҳои пойгоҳҳои обкашии АНС‐1, АНС‐3, АНС‐4 ва харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ барои таъмири дастгоҳҳои обкашии ноҳия равона карда шуд. Дар ноҳияи Мастчоҳ маблағҳои ҷудошуда барои харидорӣ намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва равғанҳои молиданӣ, таъмири дастгоҳҳои обкашии “Дилварзин‐1”, “Дилварзин‐2”, “Дилварзин‐3” ва силсилаи пойгоҳҳои обкашии Янтоқи ноҳия равона шуд, ки барои таъминоти оби полезии ноҳия мусоидат намуда истодааст. Дар ноҳияи Спитамен бошад маблағи ҷудошуда барои харидорӣ намудани як адад дастгоҳи обкашӣ барои пойгоҳи обкашии “Новая” равона карда шуда, он васлу насб карда шуд. Ин барои беҳтар намудани таъминоти оби полезии минтақаҳои Ҷамоати деҳоти Куруш, Тағояк ва Сарбанди ноҳия мусоидат намуд.

Доир ба фаъолияти шашмоҳаи соҳаи кишоварзии вилоят Маъруф Шарифиён сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ҳисобот дода, зикр дошт, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1‐уми июли соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят наздик ба 3,3 миллиард сомонӣ расид, ки дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,1 фоиз аст. Аз ҷумла нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ 1,6 миллиард сомонӣ ё 109,0 фоиз ва соҳаи чорводорӣ 1,7 миллиард сомонӣ ё 115,4 фоиз таъмин шуд.

Ҳамчунин, Тоҳир Толибзода раиси Кумитаи идораи замини вилоят доир ба натиҷаҳои фаъолияти кумита дар шаш моҳи соли ҷорӣ маълумот дод.

Номбурда гуфт, ки дар ин давра аз тарафи нозирони кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 ҳазору 724 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони 1013,74 гектар муайян карда шуда, ба ҳамаи онҳо оид ба бартарафкунии қонуншиканиҳо дастур дода шуданд. Нисбат ба ҳамаи қонуншикании ҷойдошта протокол ва қарорҳои маъмурӣ тартиб дода, ба маблағи умумии 1 миллиону 268 ҳазору 473 сомонӣ ҷарима ҳисоб карда шуд, ки аз он 912 ҳазору 155 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо пардохт шуд.

Инчунин, Абдуаҳад Ҳакимзода сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят зимни баромади худ қайд намуд, ки яке аз дастовардҳои назарраси давраи ҳисоботӣ ин оғози фаъолияти таҷҳизоти безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифодабаромадаи тамғаи «Экотром‐2» мебошад. Бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии ифлосшавии муҳити зист таҷҳизоти мазкур дар коргоҳи ҶСК «Чароғ»‐и шаҳри Исфара бо ҷалби мутахассис аз Федератсияи Россия васлу насб ва барои истифодабарӣ омода гардида, 6 нафар корманд бо корҳои безараргардонии лампаҳои каммасрафи симобдори корношоями дар анбори корхона қарордошта, машғул мебошанд. Тибқи маълумот, ба санаи 25‐уми июни соли 2022 беш аз 45 ҳазор дона чунин лампа бо пуррагӣ безарар гардонида шуданд.

Дар фаъолияти минбаъда кормандони масъули Раёсат масъалаи безараргардонӣ ва ҳам масъалаҳои вобаста ба қоидаҳои ҷамъоварӣ, интиқол ва нигоҳдории лампаҳои каммасрафи симобдори аз истифода баромадаро зери назорати мунтазам қарор медиҳанд. Сипас, намояндагони васоити ахбори омма ба пурсишҳои худ вобаста ба бурду бохти фаъолияти сохторҳои муҳими вилоятӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh