НАБЗИ КОРҲОИ САҲРО

Кишоварзӣ дар вилоят соҳаи асосӣ боқӣ монда, рушди соҳоти мухталиф ба пешрафти он бештар алоқаманд мебошад. Баробари рушди соҳа масъалаи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор нақши аввалиндараҷа мебозад.

Имрӯзҳо корҳои саҳроӣ ҷараён дошта, оид ба раванди нашъунамои пахта, кишти такрорӣ, самаранок истифодабарии замин ва ҳоказо бо муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода суҳбат намудем.

Мавсуф иброз дошт, ки барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот кишоварзони вилоят меҳнати сарҷамъона доранд. Аз ҷумла нашъунамои пахта бомаром идома дошта, ба санаи 1‐уми июли соли равон дар марҳалаи шонабандӣ 20 ҳазор гектар, кӯракбандӣ 30 ҳазор гектар, наздик 5 гектар нашъунамои 1‐2 кӯрака ба назар мерасад. Алҳол бо оби нашъунамои марҳалаи дуюм дар майдони беш аз 70 ҳазор гектар, коркарди байниқатор наздик 190 ҳазор гектар, ки ин наздик се маротибаро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, озуқадиҳӣ дар майдони 97 ҳазор гектар гузаронида шудааст, ки озуқадиҳии дуюмбораи ниҳоли пахта наздик 60 фоизи нақшаро ташкил мекунад. Барои эмин нигоҳ доштан аз касалӣ ва ҳашаротҳои зараррасон имрӯзҳо дар пахтазори 7 шаҳру навоҳии вилоят корбарӣ ҷараён дорад. Ба муқобили ҳашароти зарарасони трип ва ширинчаи пахта дар майдони 11 ҳазору 177 гектар, дар майдони тортанаккана 1079 гектар ва кирми шона 40 гектар коркарди кимиёвӣ гузаронида шуда, корҳои мушоҳидавӣ бомаром идома дорад. Аз ҷумла дар майдонҳои пахтазор чангкунӣ бо хокаи сулфур, коркарди биологӣ, истифодаи феромонҳои гуногун ва ғайраҳо барои нобуд сохтани ҳашароти зараррасон, эмин нигоҳ доштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ васеъ истифода бурда мешавад.

‐Дигар аз корҳои саҳроӣ, ин ҷамъоварии ғалладонагиҳои хӯшадор буда, аз ҷониби кишоварзон ҷараён дорад. Алҳол дар майдони беш аз 85 ҳазору 547 гектар ғалладонагиҳои хӯшадори тирамоҳӣ, обӣ ба ҳисоб гирифта шуда, дар як рӯз зиёда аз 800 гектар аз аввали мавсим зиёда аз 28 ҳазор гектар гандум дарав карда шуд, ки ин наздик 33 фоизи дурнамои пешбинишударо ташкил медиҳад.

Ҳамарӯза наздик 140 комбайни ғалладарав кор карда истода, мувофиқи маълумоти фаврии аз шаҳру ноҳияҳо дастрас гардида 88 213 тоннаро ташкил медиҳад, ки ҳосилнокӣ ба ҳисоби миёна ҳам дар заминҳои обӣ ва ҳам лалмӣ 31,3 сентнерро дарбар мегирад. Агар дар заминҳои обӣ гирем, ин нишондод ба 38,1 сентнерӣ баробар мебошад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 5 сентнерӣ зиёд мебошад. Алҳол ғайр аз ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон дар дигар шаҳру ноҳияҳо дарави ғалла идома дорад.

Дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен, қисман Мастчоҳ дарави ғалларо ба пуррагӣ ба итмом расониданд, мегӯяд А.Маҳмудзода Ҳамзамон барои самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ, аз як замин гирифтани ду –се ҳосил, ки Пешвои муаззами миллат зимни сафари кории хеш дар ноҳияи Данғара ҳамаи роҳбарону масъулини сохторҳои мухталиф, аз ҷумла кишоварзонро муваззаф намуданд, бояд ҳар як ваҷаби замин, чи хоҷагии кишоварзӣ ва чи қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ҳамчунин заминҳое, ки дар назди ташкилоту муассисаҳо мавҷуд аст, самаранок истифода бурда захираҳои дусолаи озуқавории худро ҷамъ кунем.

Аз ин лиҳоз, тибқи дурнамои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ бояд 30 ҳазору 100 гектар кишти такрорӣ гузаронида, аз ҷумла беш аз 19 ҳазор гектар дар хоҷагиҳои ҷамъияти деҳқонӣ тибқи маълумоти оморӣ ба санаи 1‐уми июли соли равон дар майдони наздик 8 ҳазор гектар кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ гузаронида шуда, ин нишондод 41 фоизи дурнаморо дар бар гирифта нисбат ба соли гузашта қариб 3 ҳазор гектар зиёд мебошад. Ин ҳам бошад ғалладонагиҳо дар майдони 2 ҳазору 500 гектар, ҷуворимакка барои дон 789 гектар, шолӣ 290 гектар дигар анвои ғалладонагиҳою лӯбиёгиҳо дар майдони 1380 гектар зироатҳои техникӣ ба монанди офтобпараст, чормағзи заминӣ дар майдони 340 гектар, картошка 11 гектар, сабзавот 410 гектар, полезӣ 145 гектар ва зироати хӯроки чорво дар майдони 4584 гектар гузаронида шуда, кишт бомаром идома дорад.

Имрӯзҳо бо фарорасии мавсими гармо тамоми меваҷоту сабзавот пухта расидаву дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ҳосили шафтолу, олуву зардолу ва пиёзу помидор, боимҷону қаланфур, сабзӣ, картошка корҳои ҷамъоварӣ, коркард ва содироти он бомаром ба роҳ монда шудааст. Умед аст, ки имсол низ кишоварзони вилоят барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат, таъмини бозори истеҳсолӣ ва инчунин содирот як қатор корҳои назаррасро ба роҳ монда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро бештару беҳтар мегардонанд.

Маъмурахон САМАДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh