Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардид

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ чун ҳарвақта дар назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ доир шуда, аз ҷониби деҳқонон ва корхонаҳои саноатӣ маводи ғизоии нисбатан арзон пешниҳод гардид.

Дар ярмарка маҳсулоти гуногун, аз ҷумла орду равған, биринҷ, пиёзу картошка, сабзӣ, тухм, гӯшт, полезиҳо, сабзавот, меваҷот ба фурӯш гузошта шуда сокинон бо изҳори қаноатмандӣ маводи зарурии рӯзғорро харидорӣ карданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид карда, изҳор дошт, ки тадбирандешиҳо ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, дар оянда низ чунин ярмаркаҳо ташкил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки аз оғози соли 2022 дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва Истиқлол, дар маҷмӯъ, беш аз 20 маротиба ярмарка ташкил гардида, дар онҳо беш аз 2800 тонна маҳсулот ба сокинону меҳмонон бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳод гардидааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh