АФЗУН НАМУДАНИ МАҲСУЛОТ – САҲМ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз чордаҳ сол қабл дар Паёми хеш ба парлумони кишвар ироа намуда буданд, ки «Инсоният ба ҳазорсолаи нав бо мушкилиҳои зиёд дар самтитаъминот бо маводи озуқа ворид гардид. Аз ин лиҳоз, ба мо зарур аст, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки амалигардонии ин ҳадафи стратегии мамлакат асосан аз рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста аст, ба ояндаи соҳа дурбинона ва бисёр ҷиддӣ муносибат намоем. Фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем».

Дар ин радиф вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардида буданд, ки доир ба истифодаи васеи навъҳои серҳосили ғалладона, картошка, сабзавот, рушди боғу токпарварӣ ҷиҳати таъмини бозори дохилӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, татбиқи саривақтии барномаҳои ҳукуматии соҳавиро таъмин намоянд. Ин ҳидояти Пешвои миллат дастури фаъолият дар самти пешбурди соҳаи кишоварзӣ гардид. Аз соли 2010-ум дар ҳудуди вилояти Суғд ҷиҳати истифодаи тухмиҳои серҳосили картошка ва васеъ намудани майдони кишти он амалигардонии тадбирҳои мушаххас оғоз гашт.

Ноҳияи Деваштич макони картошкапарварӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола бозорҳои вилоятро бо навъҳои гуногуни он таъмин месозад. Вобаста ба масъалаҳои марбут ба картошкапарварӣ бо сардори Раёсати кишоварзии ноҳия Мирзо Мирзоев ҳамсуҳбат гардидем. Гуфтан ҷоиз аст, ки сол ба сол масоҳати майдони кишти картошка дар ноҳия афзун гардида, навъҳои серҳосилу баландсифати тухмии картошкаи маҳаллӣ парвариш ёфта, мувофиқи маълумоти оморӣ, мутобиқ ба санаи 6-уми майи соли равон ба 3140 гектар кишт гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли соли 2021-ум 470 гектар зиёд аст. Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки имсолмайдоникиштикартошкаронисбат ба соли гузашта 800 гектар зиёд намоянд. Албатта, ҳамаиин тадбирҳо худ аз худ амалӣ намегардад.

 Дар ин замина, олимону мутахассисон саҳми арзанда дошта, дар участкаи таҷрибавии коркарди тухмии картошка дар кооперативии тиҷоратии тухмипарварии Овчӣ-ғончӣ аз тарафи мутахассисон коркард мешавад. Деҳқонону кишоварзон ҳамарӯза, заҳмати пурмашаққат, меҳнати шабонарӯзӣ менамоянд, то ки ҳосили дилхоҳ ба даст оранд. Ҳосилнокии ин зироат аз фурсати кишти тухмӣ, обу ҳаво вобастагии бевосита дорад. Яъне вақти кишти тухмӣ, ки нимаи аввали моҳи феврал аст, тӯл кашад ва агар дарин муддат бо сабабҳоибориши зиёд кишт дер монад, албатта, ба ҳосилнокӣ таъсири худро мерасонад.

Дар ҳар ҳолат деҳқонониноҳия ҳамеша мекӯшанд, сари вақт корҳоро ба сомон расонида, ҳосили дилхоҳро ба даст оранд. Сол то сол дар ноҳия майдони кишт зиёд шуда, рӯзгори мардум бо картошкаи хушсифат ва арзишидастрас фаровон гардида истодааст. Аз ин ҳисоб дар амалигардонии ҳадафи стратегии кишвар - таъмини амнияти озуқаворӣ қадами устуворе гузошта мешавад.

Дар самти афзун намудани истеҳсоли ин зироат амалигардонии тадбирҳои мушаххас идома дорад. Ҳамасола дар ноҳия ду давраи ғунучини ҳосил ба роҳ монда шуда, хусусиятҳои хоси худро дорад. Имрӯз дар ноҳия аз тухмии «Алладин», «Нуринисо», «Азизӣ», «ғончӣ», «Комилбой» бештар истифода мебаранд, ки он навъи пешпаз, миёнапаз, дерпази худро дорад ва бо пухта расидан ҳосили картошка дар бозорҳои вилоят ва берун аз он пешкаши сокинон гардонда мешавад, -иброз дошт Мирзо Мирзоев.

Гуфтан ҷоиз аст, ки манотиқи вилояти Суғд водӣ асту иқлимаш ба кишти картошка ва зироатҳои гуногуни ҳосилдеҳ мувофиқ буда, деҳқонон бо меҳнати содиқона ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, баҳри фаровониидастурхони мардум пешкаш менамоянд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh