АШТ - БЕҲТАРИН НОҲИЯИ КИШОВАРЗӢ

Чуноне ки ҳамагон огаҳӣ доранд, санаи 10 – уми январи соли равон озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» ҷамъбаст гардид. Дар доираи он ноҳияи Ашт барои нишондҳандаҳои назаррас ноҳияи беҳтарини кишоварзии вилояти Суғд дар соли 2021 дониста шуда, муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадоро бо Диплом, вимпел ва рамзи “Ноҳияи беҳтарини кишоварзӣ” сарфароз гардониданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гузаронида шуда буд.

Бо супориши роҳбарияти идора, ҷиҳати огаҳии бештаре дарёфтан аз дастовардҳои соҳаи кишоварӣ бо раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо дар тамос шудем:

- Пеш аз ҳама, ғолибият дар озмуни вилоятиро барои Шумо ва мардуми шуҳратманди ноҳияи Ашт муборакбод мегӯям. Мехостам, мушахассан оид ба нишондиҳандаҳои назарраси соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун соҳаи пешбарандаи иқтисодиёти ноҳия маълумот дода бошед.

- Ташаккур, воқеан бо мақсади бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни таърихии миллат – 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар баробари таъсиси коргоҳҳои саноатии нав, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии соҳибкорӣ, рушди сохтмон ва шаҳрсозӣ, аз ҷумла баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоишисаршумори чорво, беҳтар намудани вазъи обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои навро аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додем.

Чуноне таъкид гардид, фаъолияти соҳаи кишоварзӣ соҳаи асосии пешбарандаииқтисодиётиноҳия буда, барои таъмини рушди бонизоми соҳа, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, истифодаи самараноки обу заминҳои корам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.

Пахтакорӣ - соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзӣ маҳсуб ёфта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд. Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 6183 гектар кишти пунбадона бо истифодаи тухмиҳои хушсифати серҳосили навъҳои “Флеш”, “Дӯстӣ”, “Майа” дар муҳлатҳои муқаррашуда гузаронида шуд. Саривақт гузаронидани тадбирҳои агротехникии нигоҳубини пахтазор ва ҳимоя аз касалиҳову ҳашароти зараррасон, имконият фароҳам овард, ки соли равон дар хоҷагиҳои пахтакории ноҳия ҳосили фаровон ҷамъоварӣ карда шавад. Ба санаи ҳисоботӣ дар ноҳия ба миқдори зиёда аз 19 ҳазору 200 тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 124,4 фоизи дурнамои солона буда, нисбат ба нишондиҳандаи ҷамъбастии соли сипарӣ 5660,3 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон ба 31,1 сентнерӣ расонида шуд, ки аз нишондиҳандаи ҷамъбастии соли 2020 (22,4 сентнерӣ) 8,7 сентнерӣ зиёд мебошад. Боиси қайд мебошад, кидар давраи соҳибистиқлолии кишвар, пахтакорони ноҳия ба чунин нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ бори аввал ноил гардиданд.

Ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи боғу токпарварӣ, соли равон аз ҳисоби заминҳои бекорхобида, чарогоҳ ва талу теппаҳо дар майдони 391,1гектар боғи нав бунёд карда шудаанд, ки аз онҳо 7 гектар боғи интенсивии қатрагӣ буда, дар он кӯчати бодоми аз хориҷи кишвар воридшуда, шинонида шудааст. Аз майдони умумии боғҳои навбунёд, 150 гектарашро боғҳои ҳуч ташкил медиҳад. Инчунин дар майдони 421,2 гектар боғҳои куҳна барқарор шуданд.

Ҷиҳати мунтазам ба роҳ мондани таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ барои зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда чораҷӯӣ шуда, ҳоло масоҳати онҳо ба 1,6 гектар расонида шудааст.

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷумла, меваю сабзавот дар назди ҶСК «Зардолу компания» 1 сардхона бо ғунҷоиши 200 тонна ва дар хоҷагии деҳқонии “Ифтихор” 1 сардхона бо ғунҷоиши 60 тонна фаъолият дорад.

Роҳбарияти ноҳия бобати вазъи кунунии соҳаи обрасонӣ маълумот дода, афзуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 - уми августи соли 2018, таҳти рақами 374 “Доир ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2023” ва қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд, нақшаи чорабиниҳои махсус тасдиқ гардида, тибқи он дар ноҳия то соли 2023 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 7231 гектар заминҳои обӣ пешбинӣ шудааст.

Дар соли 2021 тибқи нақша, дар ноҳия беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 1446 гектар бо маблағи 1 миллиону 446 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ беш аз 1 милион сомонӣ ва аз буҷети мутамарказ 434 ҳазор сомонӣ, пешбинӣ шудааст. Дар давраи ҳисобии соли сипарӣ 53,5 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуда, дар ин замина ҳолати мелиоративии 1526 гектар замини обии ноҳия беҳтар карда шуд, ки баробари 105,5 фоизи нақшаи солона мебошад.

 - Воқеан, давоми чанд соли охир дар соҳоти мухталифи ноҳия басо пешравиҳову дастовардҳои назаррас дида мешавад. Бовардорем, ки роҳбарият ва масъулини сохтору мақомоти гуногун дар раванди ободкориву созандагиҳо баҳри рушду тараққиёти иқтисодиёти кишвар фаъолияти боз пурсамарро пеш хоҳанд гирифт ва дар ин ҷода барояшон барору комёбиҳо хоҳонем.

Маъмурахон САМАДОВА,

Cуратгир И. РАБИЗОД,

“Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh