Баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

Чун анъана дар рӯзҳои истироҳатӣ дар маркази вилоят бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.

Дар ярмарка кишоварзон ва корхонаҳои саноатии ҳудуди вилоят маҳсулоти гуногунро ба фурӯш бароварданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти баргузории ярмарка ба масъулин барои ташкили мунтазами ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии нисбатан арзон ва ба ин васила танзими нархи бозорҳо супоришҳо дод.

Ёдовар бояд шуд, ки ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳар рӯзи шанбе гузаронида шуда, давоми соли 2021 беш аз 70 маротиба ташкил карда шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh