Масири татбиқи ҳадафи миллӣ

Муҳовара бо директори бахши вилояти суғдии Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

- Муҳтарам Рустам Каримзода, ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷрибаи соҳаи кишоварзии вилоят, ки бештар дар Раёсати кишоварзии вилоят ва ба ҳайси муовини Раиси вилояти Суғд оид ба соҳаи кишоварзӣ фаъолият доштед, ҷиҳати аҳамият ва натиҷаи таҷдиди сохтори кишоварзии мамлакат дар мисоли вилояти Суғд ва таъсири он ба раванди рушду такомул ва пешрафти соҳа андешаҳои хешро баён медоштед.

- Агар ба тараққиёти соҳа аз нигоҳи муқоиса бо даврони шӯравӣ назар андозем, то соли 1991-ум дар вилоят сад колхоз ва сад совхоз мавҷуд буданд. Ҳамаамон шоҳидем, ки дар солҳои муташанниҷи навадум, яъне баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ мардуми сарзаминамон баҳри таъминот бо маҳсулоти ниёзи аввал, бахусус нон, чӣ гуна азият мекашид. Баъди бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал баровардани таҷдиди соҳаи кишоварзӣ, яъне ба соҳибаш додани замин ва дар ду марҳала - бори аввал 25 ҳазор гектар ва маротибаи дуюм 50 ҳазор гектар заминро ба сокинони деҳот тақсим карда додан, ҳамчунин ҷудо намудани заминҳои Президентӣ имконият фароҳам овард, ки тариқи ба роҳ монда шудани кишти ғалладона, бахусус гандум, муаммои асосӣ - таъминот бо нон ҳалли худро ёбад. Дар маҷмуъ, 227 ҳазор гектар замин ба мардуми кишвар тақсим карда дода шуд. Феълан дар вилояти Суғд бештар аз 76 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мебаранд ва вобаста ба талаботи харидор ва бозор кишти зироатҳоро ба роҳ мемонанд. Ин тадбир асосан то соли 2000-ум амалӣ гардонида шуда, қадами бузург дар самти ноил гаштан ба амнияти озуқаворӣ гардид. Ҳамин тавр, то соли 2010-ум асосан баҳри дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани эътибори Тоҷикистони азиз иқдомҳо амалӣ гардонида шуданд.

Дар соҳаи кишоварзӣ ин марҳала айёми гузариш ба истифодаи технологияи наву пешқадами замонавӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва потенсиали содиротии вилоят, таъсиси корхонаҳои коркард гашт. Ҳамин тариқ, имрӯз саҳми кормандони соҳаи кишоварзии вилоят бо таъсиси корхонаҳои коркард, пешкаш намудани мева, меваи хушк ва ба хориҷа баровардани маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки ба мамлакатҳои Федератсияи Россия, Қазоқистон, кишварҳои Назди Балтика маҳсулот содир менамоянд, ҳатто ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зардолуро дар намудиқоқ ва дигар хушкмеваҳо содир менамоянд, дар амалӣ гардонидани ҳадафи чоруми миллӣсаноатикунонии босуръати кишвар шоиста аст.

 Феълан дар вилоят нисбат ба соли 1991- ум масоҳати боғот ду маротиба афзудааст. Ҳосилнокии ин боғоти меваҳои шаҳдбор бошад, аз ҳисоби шинонидани навъҳои серҳосили истеҳсоли худӣ, ҷорӣ намудани технологияи наву замонавӣ 2,5 баробар зиёд шудааст. Имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд бештар аз 300 гармхонаи типи замонавӣ фаъолияти густурда доранд, ки ҳам барои дастархони мардуми вилоят, ҳам барои сокинони мамлакатамон ва ҳам барои содирот маҳсулоти тару тоза истеҳсол менамоянд.

Солҳои қаблӣ дар вилоят кишти картошка дар ҳаҷми кам бароҳмонда шуда буд. Аз ҷумла, то соли 1991-ум дар вилоят ҳамагӣ ба 1700 гектар картошка кишт мегардид. Солигузаштаи2020-умхоҷагидоронивилоят аввалин маротиба ба гирифтани 512 ҳазор тонна ҳосили картошка муваффақ шуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991-ум 20 баробар изофа аст. Ботадриҷ, тибқи ҳидоятҳои Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ сол аз сол корхонаҳои коркарди ниҳоии пахта дар қаламрави вилоят афзуда истодааст, то ки ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар коркард гардад ва нафъи зиёдтар ба деҳқонон орад. Зеро истеҳсоли ин намуди ашёи хоми саноатӣ сол аз сол бештар гардида истодааст. Танҳо солигузашта пахтакоронихоҷагиҳоидеҳқонии вилоят 130 ҳазор тонна «тиллои сафед» ба даст оварданд. Вобаста ба ин, аз як тараф корхонаҳои коркард бо ашёи худӣ ба таври кофӣ таъмин гашта бошанд, аз ҷониби дигар, садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.

Соҳаи чорводории вилоят нисбат ба солҳои пешина рӯ ба рушд оварда, саршумори моли майда ва моли калон нисбат ба солҳои қаблӣ ду-се маротиба афзуд. Дар вилоят хушзоткунии чорво бемайлон ба роҳ монда шудааст. Дар самти паррандапарварӣ бошад, алҳол дар вилоят бештар аз 120 корхонаҳои паррандапарварӣ фаъолият доранд, ки аз ҳисоби пешниҳод гардидани имтиёзҳо аз тамоми воситаву имкониятҳо фаровон истифода мебаранд ва фаъолияташонро рушд мебахшанд.

Аз ин лиҳоз аст, ки ҳоло гӯшти парҳезии парранда ва тухм бо арзиши арзон дастраси мардум гаштааст. Дар маҷмуъ, ин пешравиҳо ҳама ба шарофати соҳибистиқлолӣ, амалӣ гардонидани сиёсати дурусту оқилона дар соҳаи кишоварзӣ, дастгирӣ ва ҷонибдории кулли мардум аз сиёсати Сарвари давлат ва даратрофи Президенти мамлакат сарҷамъу муттаҳид шуданисокинон мебошад.

Суҳбаторо

Рафоат МӮЪМИНОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh