Шиносоӣ бо ҷамъоварии ҳосили картошка дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи шаҳри Истаравшан

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан 12 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии “Абдуҷалилбобо” ҷамъоварии ҳосили картошкаро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Тавре маълумот дода шуд, дар ин хоҷагии деҳқонӣ 35 саҳмдор фаъолият дошта, аъзои он дар маҷмуъ 28,34 га замин доранд. Аз он замини киштшаванда 10,18 га, замини обӣ, 6,9 га, боғ 1 га, чарогоҳ 14,52 га, дигар заминҳо 2,64 га буда, кишоварзон соли ҷорӣ дар 5,1 гектар картошка кишт намуда буданд. Ҷамъоварии ҳосили картошка дар хоҷагии деҳқонӣ идома дошта, деҳқонон ният доранд, ки қисме аз ҳосилро захира ва дар фасли зимистон ба фурӯш бароваранд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо деҳқонон ёдрас шуд, ки дар шароити кунунӣ бояд ҳар порча замин пурсамар истифода шуда, кишоварзон бояд беш аз пеш барои таъмини амнияти озуқаворӣ талош варзанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh