ҚӮТОСПАРВАРӢ: рушди он дар водии Зарафшон

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар қӯтоспарварӣ ба яке аз самтҳои даромадноки бахши кишоварзии мамлакат табдил ёфта, имрӯз бо истифода аз имкониятҳои мусоид дар баъзе минтақаҳои баландкӯҳи кишвар парвариши ин намуди чорво хуб ба роҳ монда шудааст. Иқлиму табиат ва қӯҳҳои осмонбӯси кишвар имконият фароҳам меоранд, ки барои зиёд гардонидани саршумори он тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.

Қӯтоспарварӣ дар ноҳияи Айнӣ ривоҷу равнақи беандоза пайдо намудааст, зеро ноҳия дар минтақае ҷойгир аст, ки барои парвариши он ягон монеа дида намешавад. Дар ҳақиқат, кӯҳҳои ноҳия, ки дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд, ба яке аз талаботи асосии ин соҳа мутобиқат мекунанд. Қӯтосҳои ба ҳавои камоксиген мутобиқшуда дар шароити баландии ду ҳазор метр зиста метавонанд.

Бино ба гуфти М. Носиров, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Айнӣ, водии Зарафшон барои хуб инкишофёбии қӯтос мусоид аст. Қӯтосҳо одатан дар минтақаҳои баландкӯҳ парвариш меёбанд ва дар ин муҳити ғайриоддӣ хусусиятҳои хоси биологиву физиологии худро ташаккул медиҳанд. Иқлими сарду мусоиди минтақаҳои ноҳия ба талаботи қӯтоспарварӣ мувофиқ мебошад. Тараққӣ ёфтани ин самти кишоварзӣ дар ноҳия имкон фароҳам меоварад, ки бо истифода аз чарогоҳҳои хуби маҳаллӣ гӯшти парҳезиро истеҳсол намуда, барои аз байн бурдани сатҳи болоравии нархи гӯшт мусоидат намояд.

Мавсуф мегӯяд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин таъмини амнияти озуқавории мамлакат маҳсуб меёбад. Қӯтоспарварӣ бошад, барои аз байн бурдани мушкилоти ин ҳадафи стратегӣ саҳми назарраси худро мегузорад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳанӯз аз соли 2008 – ум якчанд барнома қабул гардида, дар ин замина барои рушди соҳа дар ноҳия шароити мусоид фароҳам овард. Раёсати кишоварзии ноҳия барномаҳои тасдиқнамудаи Ҳукумати кишварро истифода ва барои ҳалли мушкилоти соҳа аз тамоми имкониятҳо истифода менамояд.

Аз ин лиҳоз, дар асоси “Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ барои солҳои 2008‐2015” соли 2008 – ум ба ноҳия 28 ва ба хотири ривоҷу равнақ ёфтан давоми солҳои 20112012 боз 220 сар қӯтос ворид карда шуд. Айни ҳол, мувофиқи маълумоти оморӣ, дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 1076 сар қӯтос парвариш меёбанд, ки аз он 739 сар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 337 сари он ба аҳолӣ тааллуқ дорад. Қӯтоспарварони ноҳия ҷиҳати иҷрои “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи қӯтоспарварӣ барои солҳои 2018 – 2022” кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки саршумори қӯтос зиёд гардида, барои аз байн бурдани болоравии нархи гӯшт саҳми арзандаи худро гузоранд, мегӯяд М. Носиров.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh