ҲОСИЛНОКИИ ЗАМИН АЗ ОБРАСОНИИ САРИВАҚТИСТ

Фасли тобистон ҳам гузашту тирамоҳ расид. Айёми корҳои саҳроӣ, ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо, одатан дар ин фасли сол деҳқонон бештар сертараддуд мегарданду ҷӯшу хурӯши ҳосилғундорист. Масъулон, аз ҷумла тамоми кишоварзон – заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонӣ, оилавӣ ва инфиродӣ марҳала ба марҳала ҳосилҳои расидаро ғунучин карда истодаанд, натиҷаҳои кору пайкори худро таҳлил ва ҳисобу китоб менамоянд. Пахтакорони заҳматкаш низ ба ҳосилғундорӣ сар кардаанд. Кормандони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоят, сохторҳои шаҳриву ноҳиявии кишоварзии он мавсими пурмасъулияти обрасониро муназзам ба сомон мерасонанд. Чунин буданд, ҳарфҳои оғози суҳбати мо бо сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом Асрориддин Шокирӣ.

Зимни суҳбат маълум гашт, ки мавсуф мутахассиси варзида буда, соҳаро басо хуб медонад. Ӯ солҳои 1992‐1997 ҳамчун ассистенти кафедраи агрокимиё ва хокшиносии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, наздик даҳ сол дар вазифаи директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Конибодомгаз» пурмаҳсул кор кардааст. Аз даҳуми сентябри соли 2016 инҷониб ба вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом фаъолият менамояд. Масъулияти касбиашро баҳри беҳсозиву беҳдошти идораи об ва самаранок истифода бурдани обу замин, раванди ҳосилу ҳосилрасонӣ равона сохта, имрӯз низ кору пайкор дорад. Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом фаъолияташро дар асоси Оиннома ва Кодекси оби Ҷум‐ҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар ин марҳала як қатор тадбирҳо дар самти амалӣ шудан қарор дорад, гуфт дар идомаи суҳбат Асрориддин Шокирӣ. Сарчашмаи обрасонӣ асосан Канали Калони Фарғона, ки аз ҳудуди Конибодом мегузарад, ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин, як қисм заминҳои обии хоҷагиҳои шаҳр аз дарёи Исфара обёрӣ мешаванд. Асосан ду сарчашмаи обрасонӣ барои рӯёнидани ҳосили хуб аз заминҳои Канди бостон мусоидат менамоянд. Заминҳои хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Конибодом, ки бо заҳмати мутахассисону деҳқонон давоми солҳо кораму ҳосилбахш гардонида, таркиби хок бо тадбирҳои оддӣ, илмӣ ва техникӣ ғизобахшу бой гардонида шудаанд. Дар ин масир то аввали моҳи августи соли равон ба хоҷагиҳои кишоварзии қаламрави шаҳр дар ҳаҷми 122 ҳазору 780 мукааб метр аз сарчашмаҳои оби Канали Калони Фарғона ва дарёи Исфара об дастрас карда шуд. Ба истифодабарандагони об 88070 ҳазор мукааб метр об расонида шудааст, ки арзиши обрасонӣ беш аз 1 миллиону 760 ҳазор сомонӣ буда, пардохти ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ 1054 сомонӣ мебошад. Коэффитсиенти кори фоиданок 0,72 фисад буда, шартномабандӣ дар масоҳати 25 188 гектар, аз рӯи маълумоти таҳлилӣ ва баррасӣ, пурра таъмин карда шудааст. Ин аст, ки дар асоси шартномаи тарафайн корҳо ҷараён гирифта, дар мавсими обрасонӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ба таври мунтазам хизмат расонида шудааст.

Дар майдонҳои пахтазор бошад, барои кораму нам нигоҳ доштани таркиби хок то ба давраи хуб шукуфтани кӯракҳо тадбирҳои саривақтии обрасонӣ андешида шудаанд. Мутахассисони Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр бо кишоварзони хоҷагиҳо ҳамеша дар ҳамкорӣ буда, барои обёрии ниҳолони пахтазор заҳмат кашиданд. Боиси зикр аст, ки иҷрои корҳо дар иншооти гидротехникӣ дар сарчашмаҳо, минтақаҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ мувофиқи нақша амалӣ шуданд, гуфт Асрориддин Шокирӣ,тоза намудани шабакаҳои обёрӣ – тибқи нақша, 25 ҳазор метри мукааб буда, дар амал 50 ҳазор метри мукааб иҷро шуд, ки 200 фисад мебошад. Монанди ҳамин, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо аз нақша ба миқдори 13 ҳазору 130 мукааб метр баризофа иҷро шуда, ба 152 фоиз расидааст. Таъмири иншооти гидротехникӣ, агар тариқи фоиз ифода намоем, 125 фоизро ташкил кардааст, 51 адад воситаи ченаки об аз таъмир бароварда шудааст, ки аз нақша 10 адад зиёд мебошад.

Иҷрои корҳо бобати таъмири дастгоҳҳои обкашӣ, таъмири трансформаторҳо, истгоҳҳои барқии тақсимкунандаи барқ мутаносибан 100‐200 фисад буда, ин аз шинохти масъулият, вазифадорӣ ва корҳои ҳадафманди ташкилӣ башорат медиҳад. Дар самти муназзам нигоҳ доштани корҳои обрасонӣ бошад, таъмири канали бетонии Конибодом –ғайринақшавӣ ба масоҳати 400 метри мураббаъ ба маблағи 52 ҳазор сомонӣ, барои сохтани садди муҳофизатии канал дар масофаи 200 метр ба маблағи 28 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудаанд. Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ саривақт ба анҷом расонида шуд, яъне аз рӯи нақша мебоист дар масофаи 10 метр корҳо ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ ба субут расонида шаванд, дар амал бошад, он дар масофаи 175 метр ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷараён гирифт. Ба суоли мо бобати корҳои беҳсозии ҳолати мелиоративии замин мусоҳибамон чунин посух дод: Аз рӯи нақша, мо 1080 гектар заминро бояд ба ҳолати беҳсозӣ баргардонем, дар амал бошад, он ба масоҳати 756 гектар қарор дошта, 70 фисад иҷро шудааст.

Дар ин самт корҳои амалӣ ҷараён доранд ва мо давра ба давра заминҳои кишоварзии ҳолаташон ғайриқаноатбахшро беҳтар мегардонем. Ҳолати беҳдошти замин ҳамеша дар мадди назари фаъолияти мо – мутахассисони соҳа қарор дорад. Бояд иқрор шуд, ки дар самти обрасонии муназзам ва фаъолияти шабакаҳои таъминоти об муаммоҳо низ пайдо мешаванд, таъкид дошт Асрориддин Шокирӣ,аз аввали мавсими обёрӣ то имрӯз танҳо дар пойгоҳи обкашии «Маҳрам‐1» бе огоҳӣ 17 маротиба барқ хомӯш карда шудааст, ки маблағи хисорот 119 ҳазор сомонӣ буда, равиши кор зарар дидааст. Барои ба ҳолати корӣ овардани 2 агрегат ба маблағи 85 ҳазор сомонӣ равғани дизелӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ сарф шудааст. Дар давоми 8 моҳи соли равон аз тарафи истифодабарандагони об ба маблағи зиёда аз 4 миллиону 50 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт шудааст.

Тибқи маълумоти масъулин, дар ин давра қарзи хоҷагиҳои кишоварзӣ дар назди Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр 1 миллиону 760 ҳазор сомонӣ аст. Ба шароити мавҷуда нигоҳ накарда, Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳр муаммоҳоро давра ба давра ҳал менамояд, изҳор дошт мавсуф. Аз суҳбати мутахассис ба хулоса омадан мумкин, ки самти кори худро хуб медонад ва бо такя ба қонунҳои амалкунанда баҳри оқилонаву самаранок истифода бурдани оби полезӣ, ҳифзу пурманфиат истифодабарии он кӯшиш ба харҷ медиҳад. Асрориддин Шокирӣ ҳамеша дар бари кишоварзон буда, бо онҳо машварату маслиҳат мекунад, барои сари вақт расонидани об ба истифодабарандагон – кишоварзон, хоҷагидорон тадбирҳои амалӣ меҷӯяд ва муваффақ ҳам мешавад.

Аҳли заҳмати Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Конибодом дар раванди беҳдошти ҳолати мелиоративии замин ба рисолати касбӣ ва иҷрои вазифаи хизматиашон содиқанд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh