Кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ барои расонидани кӯмак ба пахтакорон ба Зафаробод рафтанд

Рӯзи шанбеи 18 сентябр беш аз 400 нафар кормандони ташкилоту идораҳои вилоятӣ бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои расонидани кӯмак ба пахтакорон ба ноҳияи Зафаробод рафтанд.

Ҳашарчиён дар ин рӯз беш аз 10 тонна "тиллои сафед" ҷамъоварӣ карда, саҳми худро дар ғунучини пахта гузоштанд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кишоварзон барои беталафу пурра ғунучин намудани ҳосили имсола тавсияҳо дода, таъкид кард, ки ҳосили бо арақи ҷабин рӯёнидаи пахтакорон бояд сари вақт ҷамъоварӣ карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода давоми рӯз ҳамроҳ бо ҳашарчиён пахта чида, кӯмаки амалии худро расонид.

Боиси зикр аст, ки дар вилоят ҷамъоварии пахта идома дошта, кишоварзони вилоят тасмим доранд 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh