ПАХТА ДАР САҲРО ШУКУФТА…

Айни ҳол пахта дар пахтазорони вилоят шукуфта, кишоварзон ният доранд, дар ин соли ҷашнӣ дурнамои ҷамъоварии онро сарбаландона пурраву барзиёд иҷро намоянд.

Дар ин хусус бо муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудов ҳамсуҳбат шудем. ‐Соли равон майдони кишти пахта 52 ҳазору 782 гектарро ташкил медиҳад,‐афзуд ӯ, бинобар дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехнологии парвариши ин намуди зироат айни ҳол дар майдони 21 ҳазор гектар ҳар ниҳол то 9‐10, дар 20 ҳазору 600 гектар 7‐8 ва 10 ҳазор гектар 5‐6 дона кӯрак баставу шукуфтан дорад.

Мавриди зикр аст, ки тибқи нақша ба санаи 17‐уми сентябри соли равон дар шаҳру навоҳии пахтакори вилоят ҳамагӣ зиёда аз ҳашт ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ се ҳазор тонна зиёд мебошад. Алҳол дар раванди чиниши пахта шаҳру ноҳияҳои Конибодом 2 154 тонна, Мастчоҳ 1 895 тонна, Бобоҷон Ғафуров ‐1805 тонна нисбатан пешсаф буда, ҳиссаи навоҳии Зафаробод – 770 тонна, Ашт 660 тонна, Спитамен 444 тонна, Ҷаббор Расулов – 320 тоннаро ташкил мекунад. Ҳамарӯза баҳри ҷамъоварии саривақтии пахта беш аз 37 ҳазор чинакчиву ҳашарчиён барои кӯмак ба хоҷагидорон дар майдонҳои пахтазор саргарми коранд. Бино ба гуфти мавсуф, алҳол ба тамоми пахтазорҳои вилоят маротибаи сеюм озуқа дода, 5 маротиба коркарди байни қатор гузаронида шуд ва тамоми корҳои агротехникӣ, аз ҷумла обрасонӣ, идома доранд.

‐Деҳқонон обро «хуни пахта» мегӯянд. Вазъи кунунии обёрӣ ва нашъунамо чӣ гуна аст? пурсидем аз Абдуазиз Маҳмудов, ки дар ҷавоб гуфт:

‐Дар мавсими имсола оби чорумро ҳам гирифтем, ки онро дар ҳақиқат оби нашъунамо мегӯянд. Дар ин самт саҳми миробҳои вилоятро хоса таъкид намудан зарур аст, зеро ба вазъияти душвори молиявии худ ва садамаҳои рухдода нигоҳ накарда, обро ба пахтакорон сари вақт дода истодаанд.

Мавриди қайд аст, ки миробҳои вилоятро низ соли санҷиши бузург ба адои рисолати касбиашон, хоса ба пуртоқатию таҳаммулпазирӣ нисбати бе огоҳӣ қатъ кардани интиқоли барқ аз тарафи барқчиён буд, ки бобати ин масъала дар ҷаласаҳои ҷамъбасти нимсолаи соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода эроди ҷиддӣ гирифта, ҳатто ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки ин амали онон дар доираи қонунҳои амалкунанда дида баромада шавад. Охир ҳар садама бар асари бе огоҳкунӣ қатъ шудани интиқоли барқ ба хоҷагиҳои об садҳо ҳазор сомонӣ зарар меорад… Ногуфта намонад, ки сарчинкунӣ ҳам ба охир расида, тамоми зиёда аз 52 ҳазор гектар пахтазор аз сарчинкунии хушсифат бароварда шудааст. ‐Бо назардошти ҳосили имсола аксари хоҷагиҳои деҳқонӣ азм доранд, на кам аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда, бо ин васила дар соли ҷашни таърихиву бошукӯҳи кишвар саҳм гузоранд, гуфт А.Маҳмудзода.

Бино ба иттилои масъулин, дар қаламрави вилоят 42 коргоҳи пахтатозакунӣ мавҷуд буда, 24‐тои онҳо бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида шудааст. Ҷиҳати баррасӣ ва сатҳи омодагии корхонаҳои коркарди пахта барои мавсими имсола, тибқи Амри Раиси вилоят таҳти рақами 121, аз 3‐юми августи соли равон гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъсис дода шуда, дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои азназаргузаронӣ пурра ба охир расид. Ҷоизи қайд аст, ки корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳру навоҳии вилоят пурра ба мавсими имсолаи қабулу коркарди пахта омодаанд.

Маъмурахон САМАДОВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh