Дар Конибодом ҷамъоварии пахта муташаккилона идома дорад

12 сентябр Раиси вилояти Суғд дар шаҳри Конибодом ба хоҷагии деҳқонии «Мадина» ташриф оварда, дар маъракаи ҷамъоварии пахта ширкат варзид.

Дар ин хоҷагӣ, ки роҳбарии онро Акмал Қосимов бар уҳда дорад, 17 гектар замин мавҷуд буда, дар 15 гектари он пахта кишт шудааст. Айни замон аъзои хоҷагӣ ба ҷамъоварии пахта машғул буда, тасмим доранд, ки нақшаи пешбинишударо барзиёд иҷро намоянд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳамроҳонаш дар чиниши пахта ба кишоварзон кӯмак расонида, саҳми худро барои пур намудани хирман гузоштанд.

Дар ин рӯз ҳамчунин 500 нафар кормандони ташкилоту идораҳо аз шаҳри Исфара бо роҳбарии раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода барои кӯмак ба пахтакорони Конибодом омада, те бегоҳ дар маъракаи пахтачинӣ иштирок намуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки масоҳати кишти пахта дар Конибодом 5594 гектар буда, кишоварзон азм доранд, ки зиёда аз 13 ҳазор тонна пахта истеҳсол намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh