ХАРБУЗА ВА ХУСУСИЯТҲОИ ШИФОБАХШИ ОН

Харбуза растании яксолаи полизӣ буда, навъҳои хеле зиёд дорад ва ҳамчун маводи ғизоӣ машҳур мебошад. Он 5,56 ҳазор сол пеш дар Осиёи Миёна, Осиёи Хурд ва Эрон маълум буд. Онро аз асрҳои II‐III мелодӣ инҷониб мекоранд.

Тоҷикистон макони қадимаи харбузакорӣ аст. Ба ақидаи академик Н.И.Вавилов, бисёр намудҳои харбуза маҳз дар ҳамин сарзамин ба вуҷуд омадаанд. Хатлону Қабодиён, Истаравшан ва Панҷакент ҳанӯз аз давраҳои пеш бо харбузаҳои хуштаъму ширини худ машҳур буданд.

Дар асрҳои ХII‐ХIV харбузаро аз Осиёи Миёна ба Арабистон ва Эрон мебурдаанд. Аз 500 намуди харбуза, ки дар Осиёи Миёна парвариш меёбанд, беш аз 230 навъаш номи тоҷикӣ дорад, ки ин гувоҳи ватани харбуза будани диёри тоҷикон аст. Мисол: шакарпора, оби набот, амирӣ, ширинпӯчоқ, шерозӣ, умрбоқӣ... Харбуза растании гармпарвар аст. Он пешпазак, миёнапазак ва дерпазак мешавад. Харбуза 4,5‐21 фисад қанд, 7‐9 фисад ангиштоб, 1 фисад моддаҳои нитрогендор, то 2 фоиз равған, оҳар, сафеда ва то 30 миллиграмм/ фисад витамини С дорад. Онро тару тоза мехӯранд, қоқ мекунанд ва мураббою ширинӣ мепазанд. Харбуза хусусияти давогӣ низ дорад.

Он барои муолиҷаи истисқо (бемории обхӯра), зардпарвин, дарди гурда, санги гурда, ҷароҳатҳои дарун, диққинафас шифобахш аст. Мағзи харбуза барои омос (варам) ва дарди чашм давост. Тухми харбузаро бо пунбадона (чигит) ва мағзи зардолу омехта, аз он равғани хушсифат мегиранд. Ҳар бех палаки харбуза аз 1,5 то 20 килограмм ҳосил медиҳад. Шукри замони Истиқлолият, ки имрӯзҳо ҳамаи навъҳои харбуза пухта расидаасту бозорҳо, сари роҳҳо аз он фаровонанд. Биёед, аз он дилхостамонро интихоб намуда, истеъмол кунем, то ин ки организми мо бо ғизоҳои зарурӣ ва витаминҳои лозимӣ таъмин бошад.

Таҳияи Алиҷон ОЛИМОВ,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh