ҲУСНИ МЕҲРУ КАСБИ ҲАЛОЛ АНДАР ЗАМИНУ ҲОСИЛОТ

Дар самти кишоварзӣ Исфарамарз дар қаламрави вилоят мавқеи муайяну хос дошта, аз рушду такомули иқтисоди миллӣ башорат медиҳад. Ҳама сохторҳои кишоварзӣ – хоҷагӣ ва ассотсиатсияҳои кишоварзӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, зироаткорӣ, боғдорӣ, заминдорӣ, обрасонӣ маданияти баланди кору эҳсоси иҷрои саривақтии вазифаро таҷассум мекунанд. Ба ин ифода факту далелҳо, иҷрои нақшаву заҳмати дилгармонаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва дар умум азму суботи дастаҷамъонаи аҳли кори саҳро манзараи ҷолибу ҳадафманд исботи воқеӣ маънӣ мепазиранд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ чунин бор доранд: ба ҳолати 30‐юми июни соли дуҳазору бисту як ҷамъоварии зироатҳо оғоз гардида, аз майдони 54 гектар 1276 тонна картошка ҷамъоварӣ шудааст. Дар ин росто ҳосилнокӣ аз як гектар 236сентнериро ташкил медиҳад. Дарави ғаллаи тирамоҳӣ идома дошта, ба ҳолати имрӯза аз 342 гектар ғаллаи даравидашуда 1637,4 тонна ғалладонҳои қаҳрабо ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз он 1563,2 тоннааш гандум мебошад.

Воқеан, каме ба гузашта назар меандӯзем: мувофиқи структураи кишти зироатҳои ғалладонагиҳо майдони кишти тирамоҳӣ 981,4 гектарро ташкил дода, аз он 963 гектар гандум ва 18,4 гектар ҷав мебошад. Ба санаи 29‐уми июни соли равон дарави ғалладонагиҳо дар замини 342 гектар гузаронида шуда, 1637,4 тонна ғалла ҷамъоварӣ гардидааст, ки аз он гандум 1563,2 тонна мебошад. Ҳамзамон бо заҳмату кордонӣ ва ҳисси масъулият кишоварзон ба миқдори 2959 тонна хошоки дурушт барои зимистонгузаронии чорво захира намудаанд. Доираи кору меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмати самти кишоварзии шаҳру ноҳияи Исфара бобати тадбирҳои гузаронидани кишти баҳорӣ фарох гардида, натиҷаҳои нек устувор шудаанд. Ба факту рақамҳо муроҷиат менамоем: дар асоси дурнамо – нақшаи таҳрезишуда соли равон бояд дар майдони 3707,1 гектар кишти баҳории зироатҳои хоҷагии қишлоқ гузаронида шавад.

Ҳамин тариқ, агар ба маълумоти оморӣ дар самти кишоварзӣ зеҳн монем, равшан аён мегардад, ки дар сектори ҷамъиятӣ ба 5441,3 гектар кишти баҳорӣ гузаронида шудааст, ки аз он картошка 1178,7 гектар, нисбат ба соли пеш 103,7 гектар зиёд, ҷуворимакка барои дон 604 гектар, шолӣ – 259 гектар, офтобпараст – 492,4 гектар, сабзавот – 511,4 гектар, аз он карам – 14,5 гектар ва сабзӣ – 46,5 гектар, помидор – 405 гектар, зироатҳои полезӣ 30 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 1267,4 гектарро ташкил медиҳанд, ки дар қиёс бо дурнамо 146,8 фоизро ташкил менамоянд.

Кишоварзони садоқатманду заҳматписанди Исфарамарз ҳамеша дар меҳвари кору пайкори хеш маданияти заминдорӣ, аз ҳар қитъа ва порчаи замин самараноку оқилона истифода бурданро касб намудаанд. Онҳо ифодаи маъмули деҳқониро – «Заминро эъзоз намоӣ, эъҷоз мешавад», яъне замин аз меҳрубонӣ дари эҳсонаш мекушояд, дар ҷанбаи кору пайкори худ қарор додаанд. Дар ин ҷараён кишоварзони заҳматқарин барои аз замин ҳосили хуб рӯёнидан тадбири муҳими кишоварзӣ – кишти такрориро бо камоли масъулият роҳандозӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, мувофиқи дурнамо, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кишоварзӣ бояд дар майдони 1560 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида шавад. Айни ҳол кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар заминҳои ғаллагиҳои даравидашуда оғоз гардида, деҳқонон ба майдони 101 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки аз он сабзӣ – 7 гектар ва зироати хӯроки чорво 94 гектарро ташкил медиҳад.

Кишоварзони Исфарамарз азму талош доранд, ки то 1уми августи соли равон дурнамои пешниҳоднамударо пурра ва барзиёд ба иҷро расонанд. Дар ин самт корҳо пеш рафта истодаанд. Исфара бо боғкориву боғдорӣ ва меваҳои шаҳдбораш хуб эътироф гардидаву шӯҳрат пайдо кардааст, ки ҳоҷат ба шарҳи муфассал нест. Кишоварзону боғпарварон баҳри бунёди боғҳои нав, барқарор кардани боғҳои солдидаву ба ҷои дарахтони камҳосили пешина шинонидани ниҳолҳои навбари пайвандии серҳосил азму суботи беқиёс менамоянд. Дар меҳвари ин тозакориҳо кишоварзони Исфарамарз соли равон дар майдони 30 гектар бунёди боғи навро ба нақша гирифта, мувофиқи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр дар майдони 31 гектар аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва талу теппаҳо боғи нави меваҳои донакдор бунёд карданд, ки нисбат ба нақша 103,3 фоиз афзун мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар иҷрои барномаи давлатии бунёди боғоти мевадиҳанда тадбирҳои амалӣ меандешад. Аз ин ҷост, ки дар асоси қарори раиси шаҳр рақами 539 аз 5‐уми ноябри соли дуҳазору бист оиди барқарор намудани боғҳои солхӯрдаву дарахтони камсамар дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳри Исфара 178,3 гектар боғоти дарахтони бесамар решакан карда шуда, ба ҷойи онҳо аз ҳисоби навъҳои ниҳолҳои серҳосили мевагиҳои донакдор – зардолу, сиёҳолу ва меваҳои тухмидор ва боғҳои интенсивӣ аз нав эҳё карда шуданд.

Дар самти рушди соҳаи боғу токпарварӣ низ аҳамияти хоса равона карда мешавад. Ва соли равон дар майдони 26,25 гектар аз ҳисоби барқароркунии боғоти пири бесамар боғоти нави интенсивӣ бунёд намуда, майдони боғҳои интенсивӣ дар Исфарамарз ба 55 гектар расонида шудааст. Кишоварзони шаҳру деҳоти Исфара дар амал исбот кардаанд, ки меҳру садоқат ва муҳаббат ба замину обу дарахту ҳосилот аз меҳнату касби ҳалол сурурбахшу файзбахш буда, маданияти киштукорро баланд мебардорад ва гуфтаи ҳакиме «Дар дасти боғбон ҷилва кунад рози боғу ҳосилот» шиори кори доимии онҳост. Ва ё ин ки – кишоварз намояд бо ҳикматаш чун дар зиёбахшӣ сафои офтоб – мукаррам бувад. Ва ин ҳама азму ғайрату ҷаҳду талошҳои кишоварзон чиро бозгӯйӣ доранд? Албатта, дар ин масир неруи содироти маҳсулот ба кишварҳои дуру наздик мавқеъ дошта, Тоҷикистони маҳбубу соҳибистиқлолро муаррифӣ менамояд.

Бино ба маълумоти Бахши хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ ва карантини растанӣ дар шаҳри Исфара, дар марҳалаи муайян, дар шаш моҳи соли дуҳазору бист ба миқдори 5778,7 тонна маводу маҳсулоти таҳти назорати содиротшаванда аз назорат гузаронида шудааст. Аз ҷумла, меваи хушк – 5254,9 тонна, маҳсулоти консерва – 104,8 тонна, зира – 11 тонна, сиёҳдона – 5,58 тонна, чормағзи заминӣ – 242,2 тонна ва набот 36,95 тонна содирот шудааст.

Кишоварзони Исфарамарз бар он муътақид ҳастанд, ки бо дасту дилу нияти пок кору пайкор намуда, дар пешрафту шукуфоии диёри азиз саҳми шоиста мегузоранд. Бигузор, нияташон амалӣ гардад ва заҳмату муҳаббаташон дар меҳвари заминдорӣ чу хуршеди Истиқлол нурафшон бошад.

Файзулло АТОХОҶАЕВ,

Абдуҳафиз ДОМУЛЛОЕВ,

аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh