ПАХТА ШОНА БАСТ...

ВА ДАР УМУМ ДАСТОВАРДҲОИ БАЪЗЕ СОҲАҲОИ ХОҶАГӢ

Дар яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилоят ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корҳои кишоварзӣ, хусусан пахтакорӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Дар ин бора ба мо сардори Идораи кишоварзии ноҳия Ҳомидҷон Ҳакимбоев зимни суҳбат изҳор дошт:

- Майдони умумии кишти пахта 7 ҳазору 994 гектарро ташкил медиҳад, ҳолати нашъунамои пахта хуб аст. Айни ҳол дар майдони 3500 гектар пахта шона бастааст. Дар 1500 гектари он бошад, ҳар ниҳол аз 2 то 3‐донагӣ кӯрак дорад. Фавран об додан лозим. Аммо, норасоии об моро ба ташвиш андохтааст.

 Сабаби норасоии обро бошад, роҳбарияти идораи давлатии хоҷагии оби ноҳия дар норасоии қувваи барқ медонад: ‐Мутаассифона, аз ҷониби масъулони таъминоти қувваи барқ барқро бе огоҳии пешакӣ қатъ мекунанд, мегӯяд сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия Мӯъминҷон Ваҳҳобзода, танҳо дар моҳи июн 12 маротиба интиқоли қувваи барқ бе огоҳкунии пешакӣ қатъ карда шуд, ки дар аксар ҳолат пойгоҳҳо ба садама дучор омада, мӯҷиби хисороти зиёд гардидааст.

Ба ин нигоҳ накарда, кишоварзони ноҳия умед ба он доранд, ки новобаста аз мушкилиҳо ҳосили хуб ба даст оранд. Бо мақсади шинос шудан аз вазъи феълии пахтазор ва ҷараёни нашъунамои он ва боварӣ ҳосил кардан ба гуфтаҳои роҳбарияти идораи кишоварзии ноҳия мо ба яке аз хоҷагиҳо ‐ҶСК ба номи Абдураҳим Ҷумъаев омадем. Имсол мо ба майдони 1750 гектар пунбадона киштем, ки назар ба порсола 150 гектар зиёд аст, гуфт садорати хоҷагӣ Ҳомидҷон Усмонов, 28 бригадаи хоҷагӣ ба парвариши пахта машғуланд.

Ҳолати нашъунамои зироати пахта хуб, аммо норасоии оби обёрӣ моро ба ташвиш гузоштааст. Маротибаи дуюм ғизо додем, ки мувофиқи техноллогияи парвариши пахта фавран бояд об дода шавад. Баъди об ғизои сеюмро медиҳем. Аз он пас умед хоҳем баст ба ҳосили хуб. Албатта об дода истодаем, аммо ба таври кофӣ не, мегӯяд мудири минтақаи хоҷагӣ Ҳабибулло Пирматов, биноан зарур аст, ки ҳар қатра обро сарфакорона истифода барем. Воқеан ҳам дар ин хоҷагӣ дигар аз зироати асосӣ ғаллакорист. Ин намуди зироатро дар майдони зиёда аз 400 гектар киштаанд. Ғаллакорони хоҷагӣ ният доранд, ҳосилнокии ҳар гектар ғаллазорро ба 35 40 сентнер расонанд. Иқрор бояд шуд, ки дар боғдорӣ ба аҳли ин хоҷагӣ чун ба дигарон омад накард. Сардии ногаҳонӣ муғҷаҳои дарахтонро зарар расонд. Дар кирмакпарварӣ бошад, муваффақ шуданд.

Аз 380 қуттӣ тухми кирмак 12 тонна 130 кило пиллаи хушсифат ба даст оварданд, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар қуттӣ 35 килогиро ташкил медиҳад. Хоҷагӣ дорои фермаи намунавии ширию молист. Дар ин ҷо 300 сар гови зоти сиёҳ ало парвариш меёбанд, ки аз ин миқдор 90 сараш ҷӯшоист. Дар чарогоҳҳои хоҷагӣ бошад, 3500 сар моли майда парвариш меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба ин ферма омада, баҳри рушди соҳаи чорводорӣ ва беҳдошти корҳои ферма дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз рӯи гуфти муовини якуми садорати хоҷагӣ Абдувалӣ Эргашев, хоҷагӣ аз андозу музди меҳнат қарз надорад. 645 нафар аъзо ба ҳисоби миёна моҳе то 845 сомонӣ маош мегиранд.

Дар бригадаҳои пешқадам, ки сарвариашро Муҳаммад Эрматову Бахтиёр Сулаймонов, Иномхон Исоеву Акмал Бобоев, Холмуҳаммад Ҳабибову Фозилҷон Шодмонов ба уҳда доранд, аъзоёнашон кушиш ба он доранд, ки корҳои саҳро хуб ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои амалкунанда бошад, то ки дар анҷоми мавсим ҳосили фаровони зироатҳоро ба даст оранд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh