ТАДБИРҲОИ АГРОТЕХНИКӢ ОМИЛИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Кишоварзони вилоят имрӯзҳо баҳри самаранок истифода бурдан аз обу ҳавои мусоид, замин ва ба даст овардани ҳосили дилхоҳ заҳмат кашида истодаанд.

Бинобар маълумоти фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд соли равон дар вилоят 59 ҳазору 765 гектар пунбадона кишт гардидааст. То ба санаи 30юми июн нашъунамои пахта дар миқёси вилоят хуб арзёбӣ мегардад.

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои пахтакор деҳқонон ба ягонакунӣ, обмонӣ, коркарди байни қаторҳо ва озуқадиҳӣ машғул ҳастанд. Алҳол коркарди байниқаторҳо дар 177 ҳазору 143 гектар ва обмонӣ ба 73 ҳазору 261 гектар гузаронида, озуқадиҳии ниҳолҳои пахта дар 95 ҳазору 089 гектар анҷом дода шудааст. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров имсол дар 8601 гектар кишти пахта гузаронида шуда, нашъунамои он хуб мебошад. Ба санаи болозикр кишоварзони ноҳия дар майдони 14 ҳазору 947 гектар пахтазор корҳои озуқадиҳиро гузаронида, обдиҳӣ бошад, ба беш аз ёздаҳ ҳазор гектар расонидаанд. Кишоварзон дар майдони зиёда аз бисту нӯҳ ҳазор гектар коркарди байни қаторҳоро гузаронидаанд.

Тибқи иттилои масъулин, дар ноҳияи Ашт кишоварзон дар майдони 6200 гектар кишти пунбадона гузаронида, ба ҳолати 30 – юми июни соли равон нашъунамои он дар хоҷагиҳои пахтакор хуб аст ва аз тарафи деҳқонон бо истифода аз ҳавои мусоид алҳол дар майдони беш аз чаҳордаҳ ҳазор гектар коркарди байни қаторҳо гузаронида шудааст. Деҳқонон корҳои озуқадиҳии пахтаро дар майдони наздик ҳашт ҳазор гектар анҷом дода, инчунин раванди обдиҳии пахта ба беш аз чаҳор ҳазор гектарро дар бар мегирад. Дар ноҳияи Спитамен имсол майдони кишти пунбадона ба 6402 гектар расидааст. Ба ҳолати имрӯза кишоварзон ба корҳои агротехникӣ машғуланд. Дар хоҷагиҳои кишоварзии пахтакори ноҳия ба санаи 30 ‐юми июн озуқадиҳии ниҳолҳои пахта 11 ҳазору 527 гектарро дар бар мегирад. Дар майдони беш аз бисту як ҳазор гектар зироати пахта коркарди байни қаторҳо хуб ба анҷом расидааст. Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов бошанд, кишти пунбадонаро ба 5 ҳазору 905 гектар расонида, айни ҳол корҳои агротехникӣ ба монанди коркарди байни қаторҳо беш аз бист ҳазор гектар ва обмонӣ бошад, 9 ҳазору 456 гектарро дар бар мегиранд.

Дар ноҳияи Мастчоҳ имсол кишоварзон 11 ҳазору 788 гектар кишти пахтаро ба роҳ мондаанд. Ҷиҳати руёнидани ҳосили дилхоҳ аз ҷониби мутахассисони соҳа ва хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор тадбирҳои зарурии агротехникӣ саривақт гузаронида шуда истодааст. Имрӯз майдони кишти пахта дар ноҳия пурра аз ягона кардани ниҳолҳои пахта бароварда, пахтакорон ба даровардани озуқа ба майдонҳои пахтазор машғуланд. Айни ҳол дар майдони беш аз шонздаҳ ҳазор гектар озуқадиҳӣ гузаронида шуда, ҳамчунин, дар майдони беш аз 14 ҳазор гектар пахта обёрӣ гардидааст.

Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Зафаробод беш аз чаҳордаҳ ҳазор гектар кишти пахта гузарониданд, ки нисбат ба солҳои пешин зиёдтар аст. Айни ҳол ҳолати нашъунамои пахтаи киштшуда дар майдонҳо хуб аст. Инчунин раванди обёрии замини пахта 21 ҳазору 514 гектар, коркарди байни қаторҳо беш аз сӣ ҳазор гектар ва корҳои озуқадиҳиро кишоварзон дар майдони беш аз 23 ҳазор гектар расонидаанд.

Бино ба гуфти масъулини Сарраёсати кишоварзии вилоят корҳои агротехникӣ ба монандӣ додани оби нашъунамо, озуқадиҳӣ ва оркарди байни қаторҳо аз ҳисоби такроран иҷро намудани он майдони иҷро намудани корҳои агротехникии номбурда зиёд ба қайд гирифта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар майдонҳои пахтазори вилоят деҳқонон корҳои агротехникиро идома дода истодаанд. Умед доранд, ки аз донаи киштнамудаашон ҳосили хубу фаровон ба даст оварда, хирмани кишварро бо «тиллои сафед» пурра мегардонанд.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

 «Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh