Шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой  Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос гардид.

Чуноне мушоҳида карда шуд, аъзои хоҷагиҳои деҳқонии “16-солагии Истиқлолият” ва “Сардорбек” ҳар як порча заминро пурсамар истифода бурда, анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзиро истеҳсол мекунанд.  Кишоварзон дар заминҳои худ помидор, картошкаи барвақтӣ, ҷуворимакка, пахта ва дигар зироатро кишту парвариш намуда, бо риоияи қоидаҳои агротехникӣ ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Масалан, имрӯзҳо ҳосили помидор дар хоҷагиҳо пухта расида, аз сари замин фурӯхта мешавад. Дар замини холишуда бошад кишти такрорӣ ба роҳ монда шуда, турбу шалғам кишт шуда истодааст.

Боиси таъкид аст, ки дар ноҳия беш аз 11 ҳазор гектар замини корами обӣ мавҷуд буда, дар заминҳо асосан пахта, сабзавот, ғалла, помидору бодиринг кишту парвариш меёбанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh