Ҳосили картошка афзун мешавад

Хоҷагии деҳқонии ба номи «Ҳотам Қурбонов»‐и ноҳияи Деваштич калонтарин хоҷагии тухмипарварии ноҳия ба ҳисоб меравад. Аҳолии деҳа зиёда аз 10 ҳазор нафар буда, шуғли асосии мардум парвариши сабзавот мебошад. Асоси зироатчигӣ кишти картошка маҳсуб ёфта, деҳқонон бо роҳбарии раиси хоҷагӣ Ҳаётулло Ғафуров ният доранд, ки аз ҳар гектар замини картошка аз 500 то 600 сентнерӣ ҳосил гиранд.

– Барои рӯёнидани ҳосили баланди картошка ва дигар сабзавот, нақл мекунад раиси хоҷагӣ Ҳ.Ғафуров, пеш аз ҳама об зарур аст. Барои бо оби полезӣ таъмин намудани тамоми растаниҳо сарбанди канали Басманда дар масофаи 8‐10 километр ҷӯйборҳо таъмир карда шуданд.

Раиси хоҷагӣ афзуд, ки дар сойи Басманда 4 чоҳи амудӣ мавҷуд аст, ки ҳар яки он аз 15 то 20 литр об медиҳад. Агар ин чоҳҳо пурра ба кор дароварда шаванд, барои бо об таъмин намудани зироатҳо мушкил эҷод нахоҳад шуд.

Барои рӯёнидани ҳосили баланд деҳқонон аз нуриҳои органикию минералӣ самаранок истифода мебаранд. Нуриҳои минералӣ аз рӯи 80 то 100 килограмм ба ҳар як гектар пошида мешаванд. Дар охири сол истеҳсоли картошка тақрибан ба 172 тоннаю 500 килограмм мерасад.

Раҳматулло ЁРОВ,

ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh