МЕВАҲОИ ХУШСИФАТИ ВАТАНӢ ХАРИДОРГИРАНД

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар аввали соли ҷорӣ, яъне дар вақти муғҷабандии дарахтон дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст гардид ва таъсири сардӣ ба ҳосили хоҷагии халқ зарари зиёд расонид. Бо вуҷуди сардиҳои пайдарпайи фасли баҳор муғҷаи баъзе аз дарахтон аз қабили зардолу, гелос, олуча, себ ва шафтолу ба миқдори кам аз хунукӣ эмин монданд.

Дар ҳудуди вилояти Суғд се шаҳру ноҳияи калон Ашт, Исфара ва Конибодом бештар ба парвариши зардолу машғул ҳастанд. Ба гуфти муттахассисони соҳаи кишоварзӣ тақрибан 90 дарсади ҳосили зардолуи ин шаҳру ноҳияро хунук задааст. Боғдорон ҳам мегӯянд, ки аз як гектар замини зардолу онҳо то 50 килограмм зардолуи тар ҷамъоварӣ кардаанду халос. Солҳои қаблӣ бошад аз як гектар замин аз 1 то 3 тонна зардолу хушк мекарданд.

– Имсол сардӣ ба тамоми дарахтони зардолуи боғамон таъсири калон расонид. Аз як гектар замин, ки зиёда аз 120 бех дарахти зардолу дорад, ҳамагӣ 30 килограмм зардолуи тар ҷамъоварӣ ва аз он барои зимистонгузаронӣ шарбат омода кардем. Соли гузашта бошад ҳудуди 1 тонна зардолуи хушккардашуда ҷамъоварӣ карда будем,–мегӯяд Дилшод Ҷуманов, сокини ноҳияи Ашт. Манбаи асосии даромади боғдорон аз ҳисоби ҳосили дарахтон аст. Имсол онҳо аз як манбаи даромади муҳими рӯзгузаронии худ маҳрум гардиданд. Аз ин хотир, бархе аз боғдорон ба заминҳои худ, ки тариқи чоҳи амудӣ обёрӣ мешавад, картошка, пиёз ва дигар намуди зироатҳоро кишт намуда, бо ин роҳ даромади иловагии дигарро барои зиндагӣ пеша кардаанд. Ҳоло мавсими содироти меваи тар фаро расидааст.

Меваҳое, ки аз сардӣ эмин мондаанд, ба дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат аз миқёси вилояти Суғд содирот мегарданд. Дар ин кор саҳми соҳибкорон назаррас мебошад. Тибқи маълумоти ба мо расида, меваҳои тар ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия тариқи мошинҳои калони боркаш содирот мешаванд. Нархи меваи тар низ аз сабаби камчин будани он имсол боло рафтааст. Харидорон як килограмм зардолуи пешпазакро аз дасти деҳқон бо арзиши аз 8 то 10 сомонӣ харидорӣ мекунанд, ки нисбат ба солҳои қаблӣ наз‐дик ду баробар гарон мебошад. Дар бораи ҳосили дарахтон ва содироти меваи тари онҳо ба Раёсати кишоварзии ноҳияи Ашт муроҷиат намудем. Тавре аз Раёсат ба мо иттилоъ доданд, то нимаи моҳи июни соли равон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия ба миқдори умумии 392,5 тонна мева содирот шудааст.

Аз ин миқдор меваи содиротгашта 295,8 тонна зардолу, 67,9 тонна гелос, 10 тонна себ, 1,3 тонна шафтолу ва 17,5 тонна олу мебошад. Ҳамзамон, ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар низ тоҷирон меваҳои тарро бурда истодаанд. Содироти зардолуи пешпазаки ноҳия ба итмом расида, ҳоло ба бозор баровардани меваи гелос фаро расидааст. Дар 9 ҷамоату шаҳраки деҳоти ноҳия сокинон дар заминҳои наздиҳавлигии худ дарахти гелосро парвариш мекунанд. Ин намуди мева низ дар ноҳияи Ашт хеле зиёд буда, содироти гелос то охири моҳи июн идома меёбад.

 Гулҷаҳон ТУРСУНЗОДА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh