ЗАҲМАТИ СОФДИЛОНА - ШУКУФОИИ САРЗАМИН

Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ. Ин як гӯшаи биҳиштосову хушобуҳавои сарзаминамон Тоҷикистони азиз зодаи даврони соҳибистиқлолист. Бо эҳтимоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ‐Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия таъсис ёфта, барҳақ, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ симои ҷамоатҳои деҳоти он ба куллӣ дигаргун гаштааст.

Мардуми шарафманду баору номуси ноҳия, ба қавле, аз санги сияҳ зар мебардоранд. Сокинони ноҳия давоми солҳои мустақилият садҳо гектар заминҳоро азхуд карда, дар онҳо кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, ғалладонагиҳо, гандум, ҷав, полезиву сабзавотро ба роҳ монданд. Дар садҳо гектар боғоти нави меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла зардолую себ бунёд гардид. Аз ҳама асосиаш, мардуми кӯҳистон то ин дам анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумии ниёгонамонро нигоҳ дошта, давоми чандин соли охир онҳоро рушду такомул бахшидаанд.

 Тайи чанд соли охир деҳқонони ноҳия тавассути ба роҳ мондану равнақ бахшидани кишти картошка ва бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ба он ноил гардиданд, ки натанҳо аҳолии ноҳия, балки минтақаҳои ҷудогонаи мамлакатамонро бо ин намуди маҳсулот пурра таъмин намоянд. Феълан, тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бобати афзун намудани заминҳои кишти картошка ва ба ин васила, ноил гардидан ба таъминоти пурраи аҳолии кишвар бо маҳсулоти худӣ, сол аз сол аз ҳисоби васеъ кардани заминҳои кишт ва истифодаи навъҳои баландсифати картошка ҳосили баланд ба даст оварда истодаанд.

Ҷамоати деҳоти Иван‐тоҷик аз мавзеъҳои сераҳолии ноҳия ба шумор меравад. Чунонки сардори Хоҷагии деҳқонии «Ревомутк» Юнус Юнусов иброз дошт, аҳли меҳнати хоҷагӣ ҳар сол аз заминҳои кишт даҳҳо тонна зироатҳои кишоварзӣкартошка, гандум, меваву сабзавот ва полезӣ ба даст меоваранд. Ҳоло дар хоҷагӣ дар маҷмӯъ 94 гектар замини кишт мавҷуд буда, то имрӯз дар 25 гектар картошка, 5 гектар гандуми тирамоҳӣ, 5 гектар ҷав, 12 гектар юнучқа кишт карда шуда, нашъунамои ин зироатҳо табъи дил аст. Имсол боғдорон дар 1 гектар боғи нави зардолу ва себ низ бунёд карданд. Дар ноҳия вобаста ба иқлими минтақа киштукор моҳи апрел оғоз гашт ва деҳқонон даҳаи дуюми моҳи май мавсими киштукорро анҷом доданд. Қисми бештари заминҳои кишти хоҷагиро боғоти мева ташкил медиҳад.

‐Соли гузашта,‐мегӯяд сарвари хоҷагӣ,бо сабаби номусоид омадани обу ҳаво аз зардолу ҳосил нагирифтем. Соли равон низ ҳаво мусоид набуд. Вале бо вуҷуди ҳамин деҳқонон баҳри нигоҳдории ҳосил аз тамоми имкониятҳо истифода намуданд ва алҳол даҳ‐понздаҳ фоизи ҳосили зардолу ҳифз мондааст. Боғоти себ аз хунукиҳо умуман осеб надид. Ба қавле, имсол барои кишти картошка ҳаво хеле мувофиқ омад. Имрӯзҳо, ки пагоҳӣ ҳаво офтобӣ ва бегоҳӣ намнок аст, нашъунамои картошка ба мақсад мувофиқ идома дорад ва аҳли заҳмати хоҷагӣ тадбирҳои агротехникии парвариши картошкаро дар вақт вақташ анҷом дода, ният доранд, дар арафаи ҷашни соҳибистиқлолӣ, яъне моҳи сентябр ҳосили дилхоҳ ба даст оранд ва ба иди фархундаи кишвар армуғони сазовор пешкаш кунанд. Соли гузашта аз 20 гектар ҳосили 350‐сентнерӣ ба даст омад, ки тамоми хароҷотро пӯшонид ва даромад низ овард. Ҳосили ғалладонагиҳо бошад, охири моҳи июн ва аввали моҳи июл ҷамъоварӣ шуда, дар назар аст, ки ҳосил хуб хоҳад шуд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки,‐мегӯяд сарвари хоҷагӣ,ҷомеаи як саду бистудунафараи кормандон, деҳқонони асилу чашмикордон монда нашуда, заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд, то ки аз ҳамаи намуди зироат ҳосили назаррас ба даст оранд. Воқеан, деҳқонон то имрӯз инчунин полезӣ, сабзӣ, пиёз, бодирингу помидор кишт карда, нигоҳубини ин зироатҳоро хуб ба роҳ мондаанд, ки нашъунамояшон хуб аст.

Ба киштзорони хоҷагӣ аз баландиҳо истода, назар кунед, баҳри дилатон кушода мешавад. Киштзорони сарсабзу дар нумӯъбуда дар қалби кас эҳсоси шодмонӣ ва шукр аз ин даврони осоиштаву ободиро саршор мегардонад. Ин ҳама эъҷози дасти деҳқонони асилу соҳибтаҷриба‐Шодибек Содиқов, Валӣ Носиров, Расул Юнусов ва даҳҳо дигарон мебошад. ‐Давоми чанд соли охир ва ба истиқболи 30‐солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба муносибати ҷашни истиқлолияти мамлакат дар деҳоти ҷамоат дигаргуниҳои бисёр ба вуқӯъ омаданд,‐мегӯяд Юнус Юнусов.

Дирӯз бо иқдоми соҳибкори маҳаллӣ сартарошхона ба истифода дода шуд. Ҳамин тавр соҳибкори ватандӯсту меҳанпарвар Мирзоғафур Муҳаммадиев ду иншоот коргоҳи истеҳсоли дару тиреза ва нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ифтитоҳ намуд. Ин ташаббуси неки соҳибкор боис шуд, ки дар маҳаллаҳо мардум бо бунёди манзил машғул шаванд ва то имрӯз дар ҳудуди ҷамоат 1015 манзилҳои хуштарҳу замонавӣ ва дуошёна бино гаштанд ва ба ҳусни деҳа ҳусни тоза зам карданд. Ҳамчунин ошхонаи зебову барҳаво дари худро барои бист нафар боз кард.

Мардуми ҷамоат, бахусус бонувон аҷаб ҳунарманду гулдастанд. Онҳо то имрӯз ҳунарҳои аҷдодии худро гум накарда, ҳифз медоранд ва рушду нумӯъ мебахшанд. Имрӯз ба кадом манзил дароед, нақши гулдӯзии бонувон, ки дар ҷойпӯш, болишт дӯхтаанд, мафтунатон мекунад. Маҳсулоти аз қуроқ тайёрнамудаи онҳо, ба монанди кӯрпачаву болину дастархон аз ҷониби меҳмонони хориҷӣ эътироф гардидааст.

Инчунин, занону духтарон пероҳан, ҷома, хилъат бо навъу намудҳои ҷаззоб медӯзанд, ки аз ҳунарманди асил будани онон дарак медиҳад. Ин ҷо номи ҳунармандони асилу чирадаст Ҷумъагул Хоҷиева, Хониммо Надирова, Иззатмо Маликова ва бисёр бонувони гулдастро месазад ба забон овард. Дар маҷмӯъ, дар ҷамоати деҳот меҳнати созандаву бунёдкорона ва садоқатмандона ҷӯшу хурӯш дошта, ба қавле, ҳар як сокини он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба ҷашни азизу муқаддаси мамлакат армуғони шоиста омода намояд.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh