ТЕХНОЛОГИЯИ ПАРВАРИШ МУҲИМ АСТ

Ҷуворимакка дар байни ғалладонагиҳо ҳамчун зироати серҳосил ва хӯроки серғизои соҳаи чорводорӣ маҳсуб ёфтааст. Дони он яке аз қисматҳои асосии комбикорм ба ҳисоб меравад, ки барои баланд бардоштани маҳсулнокии чорводорӣ ва парандапарварӣ хеле муҳим аст. Аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм дони ҷуворимакка ба 1,3 воҳиди хӯрока баробар аст. Дар

таркиби дон 9‐12 фоиз сафеда, 45 фоиз равған, миқдори зиёди қанд ва як миқдори кам клетчатка мавҷуд аст. Танаи ҷуворимакка дар давраи ширухамирӣ будани сӯтаҳо барои тайёр намудани силос истифода мешавад. Аз рӯи ғизонокӣ 1 килограмм силос дорои 0,25‐0,32 воҳиди хӯрокӣ ва 13‐18 грамм протеини ҳазмшаванда мебошад. Баъди ғунучини сӯтаҳо қисмҳои боқимондаи он (тана, барг) ҳамчун хӯроки дурушт дар чорводорӣ истифода бурда мешавад, иброз намуд Абдумалик Валиев корманди илмии филиали Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд.

Имрӯз деҳқонон ҷуворимаккаро ҳам барои дон ва ҳам барои гирифтани хошок, яъне силос кишт менамоянд. Тибқи иттилои Сарраёсати кишоварзии вилоят майдони кишти ҷуворимакка барои дон дар соли 2021 дар вилоят 4698 гектар буда, барои силос бошад 5187 гектарро дар мегирад. Кишоварзон барои гирифтани ҳосили баланди дон ва хошоки ғизонокиаш баланд бояд ба технологияи парвариши он, аз қабили муборизаи кимиёвӣ, коргарди байни қаторҳо, ғизодиҳӣ ва обмонӣ эътибор диҳанд. Чӣ хеле дар суҳбат Абдумалик Валиев иброз намуд, мубориза бар зидди алафҳои бегона яке аз чорабиниҳои муҳим барои гирифтани ҳосили баланди ҷуворимакка ба шумор меравад. Дар солҳои сербориш сабзиши босуръати алафҳои бегона ба назар мерасад.

Бинобар ин баъди кишт, то неш задани тухмӣ гербисиди Стомп (3‐6 л/га) истифода бурдан аз манфиат холӣ нест. Ҳамчунин, истифодаи заҳрдоруҳои Арриво (0,32‐0,40л/га), Суми Алфа (0,300,40л/га) дар давраи 6‐8 баргагӣ бар зидди кирминаи ҷуворимакка мувофиқи мақсад аст. Бино ба гуфти мавсуф, нигоҳубини киштзори ҷуворимакка асосан аз нармкунии байни қаторҳо, нуридиҳӣ, ягонакунии ниҳолҳо, хишовакунӣ аз алафҳои бегона, муҳофизат аз ҳашарот ва обёрӣ иборат мебошад. Баъд аз 8‐10 рӯзи сабзида баромадани ниҳолҳои ҷуворимакка култиватсия карда мешавад. Дар давраи 3‐4 барга шудани қаторҳо онҳоро ягона намуда, байни ниҳолҳо бояд 25‐30 сантиметр масофа гузошта шавад. Зичии мӯътадили ниҳолҳои ҷуворимакка барои дон дар як гектар 5560 ҳазор ниҳолро дар бар мегирад. Имрӯзҳо кишоварзон барои гирифтан ҳосили баланд ба заминҳои киштнамудаашон бештар ғизо медиҳанд. Вобаста ба имкониятҳои иқтисодӣ дар давраи нашъунамои ниҳолҳо ду маротиба нуриҳои маъданӣ додан зарур аст, то ҳосили баланд ба даст орем.

Нуридиҳии якумро дар давраи 3‐4 барги ҳақиқӣ пайдо кардани ниҳолҳо мегузаронанд. Дар ин давра дар заминҳое, ки баробари кишт нурии фосфорӣ ва калийдор истифода бурда шудааст, фақат нурии нитрогенӣ медиҳанд. Агар нурӣ надода бошанд, дар ғизодиҳии якум аз омехтаи нуриҳои нитрогенӣ, фосфорӣ ва калийдор истифода мебаранд. Ғизодиҳии якумро дар масофаи 10‐12 сантиметр аз канори қатори растаниҳо ва дар чуқурии 12‐14 сантиметр гузаронида мешавад. Нуридиҳии дуюмро дар давраи 60‐70 сантиметр баланд шудани ниҳолҳо бо меъёри муайян нитрогени соф ва фосфор додан лозим аст. Дар ин давраи нашъунамо ниҳолҳои ҷуворимакка ба ғизои нитрогенӣ ва калийдор талаботи зиёд доранд, мегӯяд А. Валиев. Ҳамчунин, илова намуд, ки ҳангоми аз як гектар 60 сентнерӣ ҳосили дони ҷуворимаккаро гирифтан лозим аст, ки дар замин 180‐240 килограмм нитроген, 50‐90 килограмм фосфор ва 100‐195 килограмм калий сарф гардад.

Инчунин, дар мавриди обмонии ин зироат ҳаминро қайд намудан лозим аст, ки меъёри обмонӣ аз иқлим, обу ҳаво, таркиби хок, ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ ва давомнокии давраи нашъунамои зироат вобастагии калон дорад. Зироати ҷуворимакка дар нимаи дуюми давраи инкишоф ба обмонӣ эҳтиёҷоти калон дорад. То пайдо шудани ҷӯробак дар вақти обмонӣ сатҳи намнокии хок бояд аз сатҳи ғунҷоиши умумии он 70 фоизро ташкил диҳад. Об бояд байни қаторҳо бо ҷараёни хурд баробар тақсим шавад ва обмонӣ то сиёҳ гаштани пушта давом ёбад. Обмонии якум бояд дар давраи пайдошавии 6‐7 барги ҳақиқӣ, яъне дар давраи саршавии пайдоиши органҳои генеративӣ, обмонии дуюм дар давраи пайдошавии ҷӯробак ва обмониҳои оянда дар давраҳои гулкунӣ ва пухта расидани дон гузаронида мешавад, мегӯяд мавсуф.

Гуфтан лозим аст, ки илова мекунад номбурда, вобаста аз минтақа парвариш барои зироати ҷуворимакка меъёри солонаи об чунин муайян карда шудааст: аз давраи аз зери хок баромадан то пайдошавии ҷӯробак 35 фоиз, аз давраи пайдошавии ҷӯробак то давраи ширухамирӣ 60‐65 фоиз, аз давраи ширухамирӣ то пурра пухта расидани дон 10‐12 фоиз. Миқдори об барои заминҳои хокаш сабук ба 500‐550, миёна 700‐800 ва вазнин 850‐950 метри мураббаъ баробар мебошад. Дар сурати риояи чунин қоидаҳо гирифтани ҳосили баланд аз эҳтимол дур нест. Лозим ба ёдоварист, ки дар вақти ҷамъоварии ҷуворимакка бояд намнокии он аз 15‐17 фоиз зиёд набошад. Баъд аз даравидан сӯтаҳо бояд дар офтоб паҳн ва хушк карда шаванд. Барои дар анборҳо нигоҳ доштан бояд намнокии дон аз 13‐14 фоиз зиёд набошад.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh