ОБУ ЗАМИН - МЕҲВАРИ ИҚТИСОДИ КИШОВАРЗӢ

Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва ба заминҳои корам табдил додани онҳо яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Солҳои охир дар тамоми қаламрави вилоят барои васеъ намудани масоҳати заминҳои кишоварзӣ чораю тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бале, аз худ намудани заминҳои бекорхобида, ки он раванди созандагию ободкориро дар худ таҷассум менамояд, яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати кишвар буда, дар асоси “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20122020” барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо дар вилояти Суғд чораҳои муассир андешида истодаанд. Имрӯзҳо кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ тасмим доранд, заминҳое, ки солҳои сол аз гардиши кишоварзӣ берун монда буданд, барои кишти зироатҳои камоб истифода намоянд.

Бино ба иттилои сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Мастчоҳ Нарзулло Бекмирзоев, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои кишоварзии ноҳия 2325 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 21910 гектарашро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд. Ҳамасола дар майдони умумии 23,082 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад ва 366 гектар замин соли сипарӣ аз кишт бозмонда буданд. Аз ин рӯ, кишоварзони ноҳия тасмим гирифтанд, ки заминҳои кориеро, ки дар минтақаҳои каналҳои Дилварзин‐2, Дилварзин‐3, Янтоқ ‐5 воқеъ мебошанд, нақша‐чорабинӣ тартиб дода, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки давра ба давра бо роҳи дарёфти манбаъҳои обёрӣ онро ба замини кишт табдил диҳанд. Заминҳои аз кишт бозмонда, асосан, дар минтақаи охири каналҳо воқеъ буда, аз ҳисоби номукаммал ворид шудани об аз сарбанд ба ноҳия ба чунин ҳолат афтодаанд. Ба истифода додани заминҳои кишт аз сарбанд низ вобастагӣ дорад, зеро баробари ворид шудани об ба ноҳия ҳамаи мушкилот ҳал хоҳанд шуд. Онҳо азм доранд, ки давра ба давра дар ин заминҳо кишти зироатҳои камоб фарогир бошанд.

Воқеан, кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ тасмим гирифтаанд, ки соли ҷорӣ бештар аз 50 гектар замини аз кишт берунмондаро ба гардиши кишоварзӣ ворид созанд. Дар даврони шӯравӣ барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида кӯшиши хеле зиёд ба харҷ медоданд. Чаро ки шодоб намудану ба заминҳои ҳосилдеҳ табдил додани ҳар қитъа, аз хоки мушкбез ва зарофар рӯёнидани ҳосили фаровон барои баланд бардоштани иқтисодиёти натанҳо худи ҳамон минтақа, ноҳия, балки барои баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

Ҳамзамон, бояд қайд кард, ки ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз кишт бозмонда натанҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, балки дар минтақаҳои дигари вилояти Суғд низ бомаром ҷараён дорад. Зеро кишоварзони вилоят натанҳо барои зиёд намудани кишти пахта, балки барои афзун намудани зироатҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси имконияту технологияҳо ва қоидаҳои агротехникӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бояд зикр намуд, ки кишоварзони ноҳия дарк намуданд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида тадбирҳо андешида, ба ҳосилхез кардани онҳо аз ҳамаи имкониятҳо истифода бурда истодаанд. Кишоварзони ноҳия бори дигар дарк намуданд, ки меҳнат кардану ба замин муносибати хуб доштан худ гарави ҳосили фаровон ва зиндагии шоиста ва некуаҳволии мардум мегардад.

Гулҷаҳон МАҲКАМОВА,

“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh