ХӮШАҲОИ ПУРБОРИ ГАНДУМ – НУРУ САФОИ РӮЗГОРИ МАРДУМ

Гандум яке аз зироатҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола талабот ба ин маҳсулоти лозима зиёд ва баҳри таъмини амнияти озуқавории мамлакат майдони кишти он меафзояд. Махсусан, дар вилояти Суғд сол аз сол майдони кишт васеъ гардида, истеҳсоли он дар корхонаҳои коркарди ғалла хуб ба роҳ монда мешавад.

Ба ҳолати 17 уми майи соли равон дар миқёси вилоят майдони кишти гандум 18 ҳазору 105 гектарро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда соли гузашта 14 ҳазору 684 гектарро дар бар мегирифт. Маълум мегардад, ки имсол майдони кишти гандум нисбат ба соли 2020 – ум 3421 гектар зиёд аст.

Бо мақсади гирифтани ҳосили баланд имрӯз олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, махсусан кормандони илмии филиали Институти зироаткории Академияи илмии кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар заминҳои таҷрибавӣ корҳои назаррасро ба сомон расонидаанд. Бо кадом роҳ ва усулҳои лозима имрӯз метавон аз зироатҳои ғалладонагиҳо, махсусан гандум ҳосили баланд ба даст овард? Доир ба ин мавзӯъ ба корманди калони илмии филиали номбурда Абдумалик Валиев муроҷиат намудем, ки мавсуф маълумоти аниқу дақиқ ва тавсияҳои хуберо барои кишоварзон пешниҳод намуд.

Аз ҷумла қайд кард, ки имрӯз олимони институт бо мақсади гирифтани ҳосили баланд аз ғалладонагиҳо, махсусан гандум якчанд навъи серҳосилро ихтироъ намуданд. Ҳосилнокии ин навъ гандум дар заминҳои обӣ аз ҳар гектар 65‐75 сентнерӣ ва дар заминҳои лалмии аз боришот таъмин 35 45 сентнерро ташкил медиҳад. Пеш аз ҳама, барои рӯёнидани ҳосили баланди гандум ба интихоби навъ ва технологияи парвариши он эътибори ҷиддӣ додан зарур аст. Қайд намудан лозим аст, ки яке аз роҳҳои дигари гирифтани ҳосили баланд ин киштгардон кардани замин ба ҳисоб меравад. Дар аснои пай дар пай кишт намудани ин ё он зироат дар як майдон ҳосилнокӣ паст мешавад. Аз ин сабаб киштгардон яке аз омилҳои ба даст овардани ҳосили фаровон ба шумор меравад.

Дар заминҳои обӣ кишти гандум баъд аз ҷамъоварии алафҳои бисёрсола, зироатҳои лӯбиёгӣ, пахта ва ҷуворимакка ҳосили баланд медиҳад. Номбурда илова кард, ки баъд аз он ки замин хуб шудгор мешавад, ба он тухмии аълосифатро кишт намуда, пас аз он бояд ба озуқадиҳии он аз ҳисоби нуриҳои минералӣ, обмонӣ ва эмин доштани зироат аз ҳама гуна касалиҳову ҳашароти зараррасон диққати махсус бояд дод. Истифодаи нурӣ аз дараҷаи ҳосилхезии хоки замин вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ташхиси хок ҳатман бояд гузаронида шавад. Муайян шудааст, ки барои рӯёнидани 1 сентнер дони гандум ба ҳисоби миёна 3 килограмм нитроген, 1‐1,5 килограмм фосфор ва 2‐3 килограмм нурии калийгӣ сарф мешавад. Давраҳои дохил намудани нурии минералӣ чунин аст: 1) нуриҳои фосфорӣ ва калигиро пеш аз кишт истифода бурдан лозим; 2) истифодаи 50 фоизи нурии азотӣ то саршавии сабзиш, 3) 30 фоизи нуриҳои азотӣ вақти найчаронӣ, 4) 20 фоизи нурии азотӣ вақти хӯшабандӣ дохил карда мешавад, мегӯяд А. Валиев. Инкишофёбии ҳамаи зироати кишоварзӣ тавассути обмонӣ беҳтару хубтар сурат мегирад.

Дар сурати танқисии замин аз об ҳосилнокии он паст гардида, ҳосил низ пастсифат мешавад. Дар ин бора ҳамсуҳбати мо чунин ибрози назар намуд: ‐Дарвоқеъ, дуруст аст, ки об омили асосии фаровонҳосилии ҳама намуди зироат ба ҳисоб меравад. Махсусан, гандум ба обёрӣ эҳтиёҷоти калон дорад. Бояд нақшаи обёриро тартиб дода, реҷаро дар амал аз хусусиятҳои обию физикии хок, иқлим, обу ҳаво, боришот, навъҳои киштшаванда ба назар гирифт. Чунин нақшаи обёрии 1‐2‐2 ва 2‐32 (сабзиш‐баромади найчаронӣ; найчаронӣсаршавии ширагирӣ; аз аввали ширагирӣ то пухта расидани гандум) – ро институти номбурда тавсия медиҳад.

Омили дигар ин мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, касалиҳои зироатҳои ғалладонагӣ ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо мебошад, ки ин амал низ боиси фаровонҳосилии зироати ғалладонагӣ маҳсуб мегардад. Дар минтақаҳои гуногуни вилоят якчанд намуди ҳашароти зараррасон ва касалиҳо паҳн гаштаанд. Аз байни он ҳашароти зараррасони паҳншудатарин ин малах, ганданафасаки тезкитф, шулук ва гамбӯсаки лалмӣ мебошад. Аз касалиҳо бошад, амсоли сиёҳаки сахти гандум, сиёҳаки чангии гандум, гелминтоспориози ғалладонагиҳо, занги зард ва сиёҳтоби гандум мебошад. Ҷамъоварии ҳосили пухтарасидаи гандум бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин гузаронида шавад.

Ҳамчунин, техникаҳои ғалладаравро хуб омода намуда,баъд аз дарав зуд пасмондаи танаи гандумро аз майдон бароварда, заминро барои кишти дубора омода сохтан лозим аст, илова намуд Абдумалик Валиев.

Истамҷони НАҶМИДДИН,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh