Азми пиллапарварони шаҳри Конибодом

Имрӯзҳо сокинони Ҷамоати деҳоти Раҷаб  Ҳамробоеви шаҳри Конибодом бо дили гарму болидарӯҳии том дар ҳалқаи хешовандону пайвандон пилла ҷамъоварӣ намуда истодаанд.

Малика Маҳмудова беш аз 25 сол инҷониб  бо пиллапарварӣ шуғл меварзад.

- Имсол низ як қуттӣ тухми кирмак гирифта будем, алҳол беш аз 50 килограмм пилла супоридем, - мегӯяд ӯ.

Зимни суҳбат муовини раиси Ҷамоати мазкур Эралӣ Маҳмудов изҳор дошт, ки дар мавсими имсола ба пиллапарварони ин минтақа беш аз 180 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст.

- Тибқи нақша дар маҷмӯъ бояд 6 тоннаю 300 килограмм пилла ҷамъоварӣ гардад, аз ин миқдор то ба имрӯз 5 тоннаю 500 килограмм пилла ба нуқтаҳои қабул супорида шудааст, - мегӯяд мавсуф.

Маъмурахон Самадова

"Ҳақиқати Суғд"

Add comment


Security code
Refresh