ПИЛЛА - ТИЛЛОИ САНОАТИ МАҲАЛЛӢ

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ба рушду равнақи соҳаи кирмакпарварӣ дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Зеро тайёр намудани бирешими хом аз касбу ҳунарҳои миллии қадимии мардуми кишвар ба ҳисоб рафта, равнақ бахшидани он ба рушду такомули саноати сабук мусоидат хоҳад намуд.

Бо дарки муҳимияти ин масъала дар вилоят имсол, мувофиқи нақшаи дурнамо, 9 ҳазору 180 қуттӣ тухмии кирмак ба кирмакпарварони шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда, бояд аз он 298 тонна ашёи хоми гаронбаҳо пилла ба даст оварда шавад. То имрӯз, чӣ хеле намояндаи ҶСК «Пиллаи тоҷик» дар вилоят Парвиз Бегматов изҳор дошт, 8 ҳазору 640 қуттӣ тухмии кирмак тақсим шуда, тақсимоти 540 қуттии боқимонда бо сабаби шароити обу ҳаво ба ноҳияи Айнӣ, минтақаи кӯҳистони шаҳрҳои Исфара, Панҷакент ва як қисми Истаравшан дертар сурат мегирад.

Тавре аз суҳбат аён гашт, имсол ба кирмакпарварон тухмии навъи хитоӣ тақсим карда шуда, он ба иқлими вилоят тобовар аст ва хурсандона, то ҳол ягон ҳодисаи ба касалӣ гирифтор шудани кирмак ба қайд гирифта нашудааст. Ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Мастчоҳ, Ашт ва Спитамен пиллапечӣ оғоз гардида, аз санаи 15 – уми май пиллачинӣ ва супоридани он ба нуқтаҳои қабул оғоз гардид. Бино ба гуфти масъулин, нуқтаҳои қабули пилла дар ҳама шаҳру ноҳияҳо мувофиқи барнома барои ҳосили имсола пурра омода аст. Ногуфта намонад, ки солҳои пеш нархи як килограмм пиллаи омехта аз 4 то 5 сомонӣ арзиш дошт. Ҳоло нархи он аз тарафи ҶСК «Пиллаи тоҷик» 10 сомонӣ ва пиллаи сақат 4 сомонӣ муайян гардидааст. Тибқи иттилои масъулин, тухмии кирмак ва дигар мавод барои зиндакунӣ ва парвариши кирмак ройгон буда, аз тарафи ҶСК «Пиллаи тоҷик» маблағгузорӣ шудааст.

Аз нимаи дувуми моҳи май аллакай ноҳияҳои кирмакпарвар ба фаъолият оғоз карда, кӯшиши ҳарчи бештару пештар ба Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам «ВТ Силк» дастрас кардани пиллаи хушсифатро доранд. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки мусоид омадани обу ҳавои имсола имкон медиҳад, ки кирмакпарварон истеҳсоли навъҳои хушсифати пилларо ба роҳ монда, барои роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрас кардани матоъ ва ресмони абрешими табиӣ замина гузоранд. Ҳарчанд дар ин соҳа мушкилиҳо зиёд ба назар мерасанд, аммо азми қатъии кирмакпарварон онҳоро ба сӯи ояндаи дурахшон раҳнамун аст. Дар ин замина бояд онҳо аз рӯи «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди он барои солҳои 2020 2024» амал карда, баҳри рушди соҳа корбарӣ намоянд. Тибқи иттилои масъулин, дар шаҳри Конибодом соли равон 1160 қуттӣ кирмак зинда гардонида шудааст, ки ин назар ба соли гузашта 160 қуттӣ зиёд мебошад.

Аз рӯи маълумоти мутахассисони соҳа имрӯзҳо дар 1782 хонадони кирмакпарвар нигоҳубини он ба роҳ монда шуда, ҳолати агротехникии он хуб мебошад. Кирмакпарварони шаҳр дар ин самт таҷрибаи кофӣ дошта, азм доранд, ки соли равон истеҳсоли пилларо назар ба солҳои қаблӣ боз ҳам афзун намоянд. Гузаронидани таҷрибаҳо, тадбиқи он ва ташкили ҷойҳои махсуси пиллапарварӣ дар маҳал ва дигар корҳои лозима омили мусоиди ҳам ташкили ҷойҳои корӣ, иҷрои барзиёди дурнамо ва гирифтани даромади бештар аз он мебошад. Барои он ки соли равон ҳосили дилхоҳи пилла ба даст оварда шавад, мувофиқи тавсияи мутахассисони соҳа кирмакпарваронро зарур аст, ки дар ҳавои гарми офтобӣ, ҳамчунин аз он минтақаҳои хоҷагиҳо, ки зироатҳои кишоварзӣ бо заҳрхимикатҳо коркард карда шудааст, барг назананд, ки ба кирмак зарар дорад.

Ҳавои хонаи кирмакнигоҳдориро ҳамеша тоза нигоҳ доранд, ҳарорат бояд аз 26 дараҷа гармӣ баланд ё паст нагардад, намнокии хона бошад, бояд 70 фоизро ташкил кунад. Барои нигоҳ доштани намӣ ба фарши хона матои намкарда густурда шавад. Нагузоранд, ки теғи офтоб ба он хона фарояд. Бо риояи доимиву қатъии ҳамаи ин нишондодҳо метавон ҳосили дилхоҳи ин ашёи хоми қиматбаҳоро ба даст овард.

Нодир ТУРСУНЗОДА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh