ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ ДАР МАСИРИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ иброз доштанд, ки бояд дар соҳаи кишоварзӣ аз ҷониби олимон технологияи навини соҳавӣ кор карда баромада ва истифода бурда шавад. Ин имкон медиҳад, рушди соҳа таъмин ва самаранокии иҷрои ин ё он технология дар сатҳи зарурӣ ба даст оварда шавад.

Дар ин радиф технологияи навин оид ба кандани андозаи геометрии ҷӯяк нисбат ба тири қатор муҳим аст, ки барои несту нобудкунии алафҳои бегона мусоидат мекунад. Омӯзиши дараҷаи сабзиши алафҳои бегона дар қатори токзор нишон дод, ки асосан аз намнокии хоки қатори токзор вобаста мебошад. Яъне чӣ қадаре, ки намнокии хок зиёд бошад, ҳамон қадар сабзиши алафҳои бегона бисёр мешавад. Чунин ҳолат на балки ба сабзишу пастшавии ҳосилнокии дарахтони мевагӣ ва ток, аз он ҷумла ба хароҷоти иловагии пулию молӣ ҳам оварда мерасонад. Яъне алафҳои бегона қисман нуриҳои минералии даровардашударо истеъмол мекунанд; гузарондани коркарди иловагии қатори токзор ба миён меояд, ки хароҷоти иловагӣ аст; меъёри нуриҳои минералӣ паст гардад, ба пастшавии ҳосилнокии меваю ангур оварда мерасонад.

Аз ин лиҳоз, масъалаи омӯзиш ва асоснок кардани масофаи кандани ҷӯяки обёрикунанда аз тири қатори токзор ба миён меояд. Барои ҳалли ин масъала санҷиши кандани ҷӯякҳои обёрикунанда аз тири қатор дар масофаи 35 сантиметр (дар хоҷагиҳои ангурпарварӣ) ва 70 сантиметр (пешниҳодшуда) гузаронида шуд. Натиҷаҳои санҷиш нишон дод, ки дар вақти обёрикунӣ бо кандани ҷӯякҳо дар масофаи 70 сантиметр аз тири қатори буттаҳои ток сабзиши алафҳои бегонаро дар мавзеи ҳимоягӣ то 50 фоиз нисбат ба ҷӯякҳои обёришавандаи дар масофаи 35 сантиметр аз тири қатор паст менамояд (ин натиҷа дар соли аввал ба даст омад ва дар оянда омӯзиши он давом дода мешавад, ки бояд боз ҳам паст шавад). Сабаби асосии чунин ҳолат дар он аст, ки наздикшавии ҷӯяки обёрикунӣ ба қатори токзор ба сернамшавии сатҳи хоки мавзеи қатори токзор оварда мерасонад, ки барои сабзиши алафҳои бегона шароит фароҳам меоварад. Дараҷаи сабзиши алафҳои бегона дар мавзеи қатори токзор вобаста аз ҷойгиршавии ҷӯякҳои обёрикунанда нисбат ба тири қаторро дида баромадем.

Аз таҳлилҳои ҳаматарафаи бадастовардашуда бармеояд, ки ҷойгиршавии масофаи ҷӯяки обёрикунанда аз тири қатор 70 сантиметр нисбат ба масофаи кандани ҷӯяки обёрикунанда (вуҷуддошта) 30‐35 сантиметр беҳад ба пастшавии алафҳои бегона (то 50 фоиз) дар мавзеи ҳимоягии органҳои корӣ оварда мерасонад. Ба ғайр аз ин, санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дуршавии ҷӯяки обёрикунанда аз тири қатор ба тарафи мобайни қатор дар масофаи 70 сантиметр сатҳи хоки ҳамворро ба вуҷуд меорад, ки барои ҳаракати узви кории панҷагиро шароити хуб фароҳам меорад.

Ин имконият медиҳад, ки мунтазам ҳаракатро дар чуқурии додашуда бо ҳамаи дарозии корди панҷаро таъмин намояд. Ба ғайр аз ин, коркарди хоки байни қатори токзорро хушсифат ва сермаҳсултар мекунад, ки ба майдашавии хок сабаб мегардад. Дуршавии ҷӯяки обёрикунанда ба сифати обёрӣ ва муҳлати он таъсир намерасонад, баръакс, намнокиро решаи ток пурра истифода мебарад, ки барои баландшавии ҳосили ангур таъсири мусбат мерасонад.

Ш.БАҲОДУРОВ,
профессори Донишкадаи кӯҳию
металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

Add comment


Security code
Refresh