Оғози кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ӯрунбек Ёқубови ноҳияи Деваштич

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба ноҳияи Деваштич аз хоҷагии деҳқонии ба номи Ӯрунбек Ёқубов боздид кард.

Аъзои хоҷагии деҳқонӣ ба кишти картошка машғул буда, кӯшиш доранд ҳар қитъаи заминро пурсамар истифода баранд.  Барои кишти имсола тухмии хушсифат аз Федератсияи Россия дастрас карда шуда, деҳқонон ният доранд,  ки ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Маълум аст, ки Деваштич аз ноҳияҳои квртошкапарвари вилояту ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, саҳми кишоварзони он дар таъмини амнияти озуқаворӣ назаррас аст. Ба иттилои масъулини хоҷагии қишлоқи ноҳия масоҳати кишти картошка соли равон то 1000 гектар афзуда, ба наздик 6 ҳазор гектар расонида мешавад.

Раиси вилоят пасон оид ба рафти татбиқи лоиҳаи хати оби полезии Даҳанасой-Ғончӣ пурсон шуда, баҳри вусъат бахшидани корҳои сохтмониву хобонидани қубурҳои обгузар супоришҳо дод. Зеро бо татбиқи пурраи лоиҳа ҳазорҳо гектар заминҳои ташналаб сероб гардида,  садҳо ҷойи корӣ ташкил карда мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh