Шиносоӣ бо рафти кишти картошка дар ноҳияи Шаҳристон

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳристон бо рафти корҳои саҳроӣ шинос шуд.

Роҳбари вилоят аз ҷумла бо ҷараёни кишти картошка дар хоҷагиҳои ноҳия ошно гардида,  барои то 10 май ба охир расонидани кишт дар назди масъулини соҳаи кишоварзӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.  Ҳамзамон Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарияти ноҳия дастур дод, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда масоҳати кишти картошка зиёд карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он низ бештар карда шавад.  Ба иттилои масъулин имсол кишоварзони ноҳия тасмим доранд, ки беш аз 60 000 тонна картошка истеҳсол намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон аз деҳқонон даъват кард, ки ҳар як порча заминро самаранок истифода бурда,  сари вақт корҳои саҳроиро ба итмом расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh