Баргузории семинари вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах

12 апрели соли 2021 дар шаҳраки Сайҳун семинари вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах доир гардид.

Семинари мазкур бо мақсади таъмини иҷрои амри Раиси вилояти Суғд “Дар бораи таъсис додани Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бар зидди малах ва дигар ҳашароти зараррасон” аз 20 январи соли 2021 ва нақшаи кории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадаф аз он эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзорҳо ва чарогоҳҳо аз ҳашароти зараррасони малах, баланд бардоштани сифат ва ҳосинокии зироатҳои кишоварзӣ ва дар ин замина афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир маҳсуб меёбад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар семинари мазкур қайд кард, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, аз пешбурди фаъолияти соҳа рушди устувори дигар самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ вобастагии калон дорад.

-Тавре огаҳӣ доред, санаи 10 апрели соли равон бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят дар 3 моҳаи аввали соли 2021-ум мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, ҳамзамон вазифаҳо барои давраи минбаъда гузошта шуданд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои асосии стратегияи мамлакат, истифодаи пурсамар ва оқилонаи захираҳои замин ва об, амалисозии рушди устувори соҳа ва дар ин замина мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст,- иброз дошт Раиси вилоят.

Иттилоъ дода шуд, ки барои ҳосили соли 2021 дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят гузаронидани 225 ҳазору 17 гектар кишти зироатҳо дар назар дошта шудааст, ки аз он 163 ҳазору 20 гектар дар заминҳои обӣ мебошад.

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят кишти баҳории зироатҳо ҷараён дошта, тибқи маълумоти фаврӣ то санаи 11 апрел дар майдони зиёда аз 70 ҳазору 906 гектар кишт гузаронида шуд. Аз ҷумла, кишти ғалладонагиҳо 51 ҳазору 592 гектар, пахта 2 ҳазору 930 гектар, сабзавот 4 ҳазору 328 гектар, картошка 3 ҳазору 643 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 4 ҳазору 825 гектарро ташкил медиҳад.

Масъалаи ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз касаливу ҳашароти заррасон, аз ҷумла малах яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад ҳамасола аз имкониятҳо  истифода бурда мешавад. Соли гузашта барои ҳифзи зироатҳо миқдори зарурии техникаву заҳдоруҳо ҷудо шуда, имсол низ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳидаҳои баҳорӣ оғоз гардида, муташаккилона идома дорад. Тибқи маълумоти филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилоят нақшаи мушоҳидаи баҳорӣ дар майдони 30 ҳазору 955 гектар пешбинӣ гардида, ба ҳолати 10 апрели соли ҷорӣ масоҳати мушоҳидаҳои гузаронидашуда 10 ҳазору 490 гектарро ташкил дод ва дар ин самт корҳо идома дорад.

Раиси вилоят дар назди масъулин ҷиҳати тақвият бахшидани кори мушоҳидачиён дар мавзеъҳои хавфи пайдоиш ва паҳншавии малахдошта, захираи зарурии заҳрдорую маводҳои зарурӣ ва эмин нигоҳ доштани зироатҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба ташкили корҳои муборизавӣ бар зидди касалию ҳашарот вазифагузорӣ намуд.

Дар семинар ҳамзамон вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва сардори Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмурод Хайридинов суханронӣ намуда, барои пешбурди фаъолият тавсияҳо доданд.

Сипас, роҳбари вилоят аз намоиши техникаҳои заҳрпошӣ, обкашонӣ, дастгоҳҳо, заҳрдоруҳо боздид намуда, дар минтақаи Хонраводи деҳоти Чашмасор бо вазъи соҳаи чорводорӣ, аз ҷумла парвариши моли майда шинос гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh