ЗАФАРОБОД. ДУРНАМОИ КИШТИ КАРТОШКАИ БАРВАҚТӢ

Кишоварзони ноҳияи Зафаробод аз оғози соли 2021 баҳри самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, сари вақт таъмин намудан бо об ва ҳосили дилхоҳ ба даст овардан кӯшиш намуда истодаанд.

Тавре аз Раёсати кишоварзии ноҳия иттилоъ доданд, дар асоси нақшаи пешбинигардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 31028 гектар зироатҳои кишоварзӣ кишт карданианд, ки аз он 5550 гектар ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо, 14850 гектар пахта, 2328 гектар зироатҳои техникӣ, 440 гектар картошка, 815 гектар сабзавот, 1525 гектар полезӣ ва 5520 гектар зироати хӯроки чорво мебошад.

Аз миқдори умумии 31028 гектар замин 29023 гектарашро майдони хоҷагиҳои кишоварзӣ ташкил дода, дар нақша аст, ки дар майдони 4740 гектар ғаллагиҳо ва лӯбиёгиҳо, дар 14850 гектар пахта, 2208 гектар зироатҳои техникӣ, 250 гектар картошка, 235 гектар сабзавот, 1500 гектар полезӣ ва дар майдони 4940 гектар зироатҳои хӯроки чорворо кишт намоянд. Соли сипаригардида сокинони деҳот аз ҳар ваҷаб заминҳои наздиҳавлигиашон самаранок истифода бурда, аз ҳосили гирифтаашон вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии хешро беҳтар сохтанд.

Ҳамчунин, бо тайёр кардани консерваю хӯришҳои гуногун аз помидору бодирингу сабзавоту дигар анвои хӯрданӣ ба мавсими зимистон низ омодагии хуб диданд. Мувофиқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ дар умум заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентии ноҳия ҳамагӣ 2005 гектарро ташкил медиҳанд. Аз рӯи нақшаи пешбинигардида сокинони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар майдони 810 гектар ғалла ва лӯбиёгиҳо, дар 190 гектар картошка, 80 гектар сабзавот, 25 гектар полезӣ, дар 580 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво ва дар майдони 120 гектар зироатҳои техникӣ кишт карданианд.

Бо вуҷуди сардии обу ҳавои имсола аҳолии ноҳия баҳри самаранок истифодабарии замин чораҳои зарурӣ андешида, дурнамои кишти картошкаи барвақтиро аллакай иҷро намуданд. Ҳоло заминҳои боқимондаро ҳамаҷониба омода сохта, сабзавот, ба монанди помидор, бодиринг, сирпиёз, инчунин лӯбиёгӣ ва ғайраҳо кишт карда истодаанд. Дар баробари аҳолӣ хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия низ кишти ғалладона ва картошкаи барвақтиро иҷро намуданд.

Алҳол барои сари вақт гузаронидани кишти пахта ва дигар зироатҳо чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. - Ғайр аз ин, - иттилоъ дод сармутахассиси Раёсати кишоварзии ноҳия Асадулло Умаров, - баҳри самаранок истифодабарии заминҳо ва аз ҳар гектари он гирифтани зиёда аз ду ҳосил чораҳои саривақтӣ андешида шудааст. Дар нақша аст, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили ғаллагиҳои тирамоҳӣ дар майдони зиёда аз 3000 гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида мешаванд.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,

«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh