Қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2016 № 200

Дар бораи муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантом ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститугсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», бо мақсади ҳаавасмандкунӣ, дастгирии моддиву маънавии донишҷӯён, магистрантом за аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд  қ а р о р мекунам:

1. Стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016 муқаррар карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва нақшаи тақсимоти стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантом ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016 тасдиқ карда шаванд.

3. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҳамоҳангсози муқаррар намудани стипендияи Раиси вилояти Суғд барои донишҷӯён, магистрантон ва аспирантони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз рӯи ҷамъбасти соли хониши 2015 - 2016 муайян карда шавад.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси вилоят Ғаффорӣ Н. А. гузошта шавад.